Ҳар як давлат муносибатро ба дин, арзиш ва муқаддасоти он аз тариқи қабули қонунҳои дахлдор ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муайян мекунад. Дар ҳамин замина озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқҳои табиии инсон буда, аз ҷониби ҳар гуна давлат эҷод намешаванд, балки ҳузури маънавиашон дар ҷомеа эътироф мегардад. Дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки 26 марти соли 2009 таҳти рақами 489 қабул гардид, беш аз даҳ сол аст, ки муваффақона амал мекунад. Он дар асоси муқаррароти моддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Зимнан, риоя накардани таҳаммулпазирӣ дар ифодаи динию мазҳабии он ҳатто дар ҷомеаи муосир сабаби ҷангу фоҷиа ва харобию нооромӣ мегардад. Эътироф накардан ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба эҳсосот ва арзишҳои эътиқодии пайравони динҳои дигар боиси сар задани ҷангҳои хунин, пора-пора шудани давлатҳо ва ба мушкилот мувоҷеҳ шудани миллатҳо гардидааст.
Дар айни замон ҳузури таҳаммулнопазирӣ ё таассуби динӣ дар дохили ҷомеа метавонад ҳамчун абзори таъсиргузор дар дасти давлатҳои манфиатдор барои тафриқаандозӣ истифода шавад. Ба ҳамин хотир, аз даврони қадим рафтори ношояме ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳои таблиѓотӣ бо номи мубашширон барои паҳн кардани меъёрҳои динӣ ва арзишҳои миллӣ роҳандозӣ мешуд, ки ҳатман ҳадафҳои пинҳони сиёсиро низ пайгирӣ мекарданд.
Мафҳуми «толерантиа»-и лотинӣ, ки дар забони тоҷикӣ бо вожаҳои таҳаммулпазирӣ, дар арабӣ – «тасомуҳ», дар русӣ – «толерантность» машҳур гаштааст, маънои «пурсабрӣ, шикебо будан ва қабул доштан»-ро дорад. Ҳамчун истилоҳи ҷомеашиносӣ он пазируфтор будан ба ҷаҳонбинӣ, тарзи ҳаёт, рафтор ва анъанаҳои дигарон аст. Таҳаммулпазирӣ ҳеҷ гоҳ муодили бетафовутӣ ё беэътиноӣ нест. Он, ҳамчунин, маънои пазируфтани ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти дигаронро надорад, балки ҳамон аст, ки бар дигарон ҳам ҳуқуқи зиндагӣ кардан аз рӯйи ҷаҳонбиниро медиҳад.
Ин ҷо барои муайян кардани аҳамияти фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа руҷӯи таърихӣ кардан ба оғози бархӯрдҳои фарҳангҳои миллию динӣ мувофиқи мақсад менамояд. Пӯшида нест, ки оғози манфиатҷӯӣ дар ҷаҳон бархӯрди масеҳият ва исломро рӯйи кор овард. Масеҳият тавассути тарҷумаи «Септуагинта» (70 тарҷума) ба қитъаи Аврупо ворид гардид ва калисои католикиро дар Ватикан бунёд гузошт. Таълимоти яккахудоии динӣ дар Аврупо абзори қавие барои маҳдуд кардани оини бутпарастӣ ва мактабҳои нигилистӣ гардид. Ба қавли дигар, дини нав барои бартараф кардани ҳама гуна унсури халалрасони рушди ҷомеа ва давлатдории Аврупо як муддат омили муттаҳидкунанда буд. Илова бар ин, як идда давлатҳои миллии аврупоӣ дар асоси мансубияти динӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳампаймон шуданд. Дар минтақаи фарҳангии Чину Ҳинд ва Осиёи Марказӣ низ андешаи монанд ба ягонагӣ пайдо шуд, ки онро истилоҳи ҷуғрофии рӯйи Замин (поднебесная – зери чархи кабуд) ҳамчун ҷамъияти умумиинсонӣ ифода мекард. Вале дар ин ҷо ҳампаймонӣ дар асоси динӣ ба вуҷуд наомад.
Пасон, зуҳури ислом мансубияти динии миллату давлатҳоро ҳамчун меҳвари асосӣ ба омили тавонои муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил дод. Ҷавҳари матлаб дар он аст, ки сипоҳи исломиён ба кишварҳои масеҳитабор ва минтақаи густариши фарҳангҳои қадим – қибтиён, бобулиён, сурёниён ва порсиён ҳам футуҳот анҷом дода, онҳоро мусулмон карданд ва нуфузи фарҳангиашонро хира гардониданд. Афзун бар ин, онҳо қисмати умдаи минтақаи густариши фарҳанги ҳеллинистиро доимӣ тасарруф намуда, аз тариқи вилояти Андалуси Испания ба амнияти умумии Аврупо хатари ҷиддӣ ворид кардан гирифтанд. Ислом дар зоти худ хусусияти бунёдгароии динии тавсеапазир нишон дод. Ҳамин воқеият нахустин иттиҳоди кишварҳои Аврупоро дар пояи ҳамгироии иқтисодӣ ва динию сиёсӣ бо номи «ҷангҳои салибӣ» (Cruzada) ҳамчун муқовимат бар муқобили тавсеаи мусулмонӣ ва озод кардани Замини муқаддас ба вуҷуд овард.
Дар шароити қурунивустоӣ империяҳои теократии мусулмонӣ тақвият ёфтан гирифтанд ва муқовимати олами масеҳият ва ислом дар ҳавзаи баҳри Миёназамин хусусияти доимӣ касб кард. Ва ҳар ду ҷониб зимни масъалагузориҳо аз мавқеи бунёдӣ корбарӣ мекарданд. Барои собит кардани даъво онҳо ба матнҳои муқаддас такя мекарданд, ки ин равиши бунёдгароӣ (фундаментализм)-ро дар динҳо ба вуҷуд овард. Ҳар ҷониб мехост ҳаққу ҳуқуқро дар асоси қудсияти китобҳои осмонӣ талаб намояд.
Арабҳо падидаи зуҳури пайғамбари ислом (с), фарҳанги мусулмонӣ ва «Қуръон»-у суннатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекарданд. Дар баробари ин, забони арабӣ низ неруи қавии глобалӣ шуд. Аз ҷониби дигар, қабилаҳои арабитабори нимҷазира ба ҷуз ҳамин кашфиёт дар таърихи мавҷудияташон чизи дигаре ҳамчун дастовез надоштанд ва дар атрофи идеяи динӣ ва миллӣ муттаҳид шуданд.
Ин рафтори онҳо навгонӣ набуд, чунин рафтор дар анъанаи бунёдгузории динҳои дигар низ ҷой дошт. Дар ҳамаи дин мафҳуми сегонаи таълимоти динӣ (герменевтическая триада) – матни муқаддас, таъвил ва татбиқ вуҷуд дорад. Равиши бунёдгароӣ саъй мекунад, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ масъалагузориро қасдан аз мавқеи баёни матлаб дар матни китобҳои муқаддас баҳогузорӣ намояд. Дар ин сурат вариантҳои таъвил, яъне тафсиру шарҳи масъала вобаста ба мавқеи мазҳабҳои гуногун ва татбиқи амалии он дар шароити ҷуғрофии гуногун кам ба эътибор гирифта мешавад. Аз ин мавқеъ, мувофиқ омадани андешаҳои бунёдгароии динӣ бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳамчун абзори сиёсӣ барои мавҷудияти андешаи таҳаммулпазирӣ хатару таҳдидҳои ҷиддӣ ба бор оварда метавонад. Бадтар аз ин, давлатҳои пешрафта мехоҳанд ба сари арзишҳои мусулмонӣ кулоҳи технологияи сиёсӣ (политтехнология) бипӯшонанд, ки вазъияти ногувори сиёсию амниятӣ дар Ховари Миёна мисоли равшани он аст. Таъсири манҳуси ин раванд дар шакли анҷом додани амалиёти террористӣ акнун ба кишварҳои ғайримусулмонӣ низ сироят карда истодааст.
Масъалаи риояи таҳаммулпазирӣ дар шакли динии он барои таъмини амнияти ҷомеаи муосир ниҳоят муҳим аст. Таҳаммулпазирии динӣ барои нигаҳдории оромии дохилӣ, пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо, хунсо кардани ғаразҳои сиёсии неруҳои беруна ва безарар гардонидани таъсири онҳо ба устувории давлату миллат ва фарҳангу диёнат нақши меҳварӣ бозида метавонад. Баръакс, дар ҳолати набудани таҳаммулпазирии динӣ гуногунии динҳо, конфессияҳо ва мазҳабҳо метавонад муҷиби аз дохил заиф гардидани иқтидори давлатҳо ва хуруҷи нооромиҳо шавад.
Дар ин замина, моҳияти таҳаммулпазирии диниро ба таври зерин ифода кардан мумкин аст: «Таҳаммулпазирии динӣ изҳори муносибати хушоянд, гуворо ва писандида аз ҷониби пайравони як дин ба пайравони динҳои дигар ва баръакс аст. Ҳар яке аз онҳо ба бовару эътиқодоташон пайравӣ мекунанд ва дар айни замон ҳуқуқи якнавохти дигаронро эътироф менамоянд». Бо вуҷуди ин, таҳаммулпазирии динӣ падидаи бисёрҷанба ва қобили таваҷҷуҳи бузург буда, дорои шарҳу баён ва тавсифҳои гуногун аст. Аз ҳамин ҷост, ки ин мафҳум баҳогузорӣ ва идроку ифодаҳои мухталиф дорад. Бе зикри тафсилоти зиёд танҳо ишора карданӣ ҳастем, ки таҳаммулпазирии динӣ ба ду намуди асосӣ – мусбат ва манфӣ ҷудо мешавад.
Дар тасаввури мусбат он маънои пазируфтани фарҳангу маърифат, эҳтироми арзиш ва ақидаҳои динию мазҳабии пайравони динҳои дигарро ифода менамояд.
Дар тасаввури манфӣ бошад, маънои беэътиноӣ зоҳир намудан ба дидгоҳҳои динию мазҳабӣ ва маҷмӯи арзишҳои дигаронро ифода менамояд, ки дар натиҷаи чунин муносибат зуҳури бадбинӣ ва бархӯрдҳои номатлуб дар заминаҳои динию мазҳабӣ номумкин мегардад.
Дар ҳар ду ҳолат ҳам, новобаста ба он ки таҳаммулпазирии динӣ нисбат ба пайравони динҳои дигар аз мавқеи арҷгузорӣ ё бетафовутӣ зоҳир мегардад, истиқрору устувории иҷтимоӣ ва ҳамзистии гурӯҳҳои динию конфессияҳои гуногунро таъмин менамояд. Бо вуҷуди ин, аз ду намуди дар боло зикршудаи таҳаммулпазирии динӣ аввалӣ, яъне эътироф ва эҳтироми арзишҳо ва ақидаҳои динию мазҳабии пайравони динҳои дигар авлотар аст, зеро бетафовутӣ, ки мазмуни ноогоҳиро дорад, дер ё зуд метавонад ба зуҳуроти таҳаммулнопазирӣ оварда расонад. Дар ин маврид ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ва маърифатию фаҳмондадиҳӣ бисёр муҳим аст, то ки ҷаҳолату ноогоҳӣ сабаби ташаккули равандҳои бадбинӣ ва беэҳтиромӣ нагардад.
Зимнан, дар фарҳанги миллии тоҷикон таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ ба платформаи Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Тавре маълум аст, дар оғози асри ХХI бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни мондагори тоҷикбунёди башарият аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 мақоми байналмилалӣ гирифт. Эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани Наврӯз маҳз дар хусусиятҳои башардӯстона, мардумӣ, эҳтироми ҳамдигар ва тараннуми ҳамбастагии миллатҳо доштани он нуҳуфта аст. Консепсияи одоби ҳамзистиро пайгирӣ кардани Наврӯз дар байни қавму миллатҳои гуногун имкон фароҳам сохт, ки он аз дуриҳои дури умқи таърихи пурталотум то ба имрӯз омада бирасад. Бар пояи Наврӯз боз ҷашнҳои Меҳргону Сада дар шароити Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо ҷойгоҳи сазовор пайдо карданд. Ҷанбаҳои инсондӯстӣ, умумибашарӣ ва таҳаммулпазирӣ доштани ин ганҷури мондагори ниёгон акнун манбаи тафохури миллати тоҷик гардидааст.
Таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ бошад, дар ҷавҳари усули фиқҳии худ принсипҳои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии адён ва фарҳангу тамаддунҳои гуногунро аз даврони давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён парвариш додааст. Ин ду омили муҳим – платформаи Наврӯзи тоҷиксиришт ва мазҳаби ҳанафӣ ҳамвазнии созгори диниву дунявиро дар фарҳанги миллии мо собитқадамона нигаҳ доштаанд, ки ҳоло гарави тавонои ҳамзистӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи шаҳрвандии мо гардидааст. Аз ин мавқеъ, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти динии мо бо меъёрҳо ва муқаррароти созмонҳои байналмилалӣ низ мутобиқати комил дорад. Тибқи эъломияи ЮНЕСКО, (соли 1995) принсипҳои таҳаммулпазирӣ ба таври зерин муайян шудааст:
«Арзиш ва меъёри иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ҳуқуқи ҳамаи афроди ҷомеаи шаҳрвандӣ ифода мешавад, то гуногун бошанд, ҳамоҳангии пойдор байни динҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ, нажодӣ ва иҷтимоӣ таъмин гардад, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳонӣ ва халқҳои гуногун риоя шавад, омодагӣ ба дарку ҳамкорӣ бо одамони аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, забон, эътиқодот, расму оин ва бовариҳояшон фарқкунанда ифода ёбад».
Тавсифи мафҳуми таҳаммулпазирӣ дар пешгуфтори Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид ба таври зерин сабт шудааст: «Таҳаммулпазирӣ – пурсабрӣ нишон додан ва бо якдигар дар шароити сулҳ ҳамчун ҳамсоягони хуб ҳамзистӣ кардан аст». Дар ин ҷо ифодаи мазмун на танҳо як тобиши муассири иҷтимоӣ касб менамояд, балки он, ҳамчунин, ба унвони шарти иҷтимоикунонии муваффақ дар ҳамгироии муносибатҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад ва шомили тавоноии зиндагӣ карда тавонистан ҳам бо худ ва ҳам бо ҷаҳони одамони дигар – муҳити сағир ва кабир аст.
Матлабҳои баёншудаи таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли асрҳо маҳз набудани низоми ягонаи мабнӣ бар асоси андешаи баробарӣ ва таҳаммулпазирӣ ба маънои пазируфтани андеша, рафтор ва оину фарҳанги дигарон вуҷуд надошт, ки ин боиси ҷангҳои тӯлонии қавмию мазҳабӣ мегардид. Аз ин рӯ, масъалаи риояи таҳаммулпазирӣ барои таъмини амнияти ҷомеаи муосир ниҳоят муҳим аст.
Таҳаммулпазирӣ барои нигаҳдории оромии дохилӣ, пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо, хунсо кардани ғаразҳои сиёсии неруҳои беруна ва безарар гардонидани таъсири онҳо ба устувории давлату миллат ва фарҳангу диёнат нақши меҳварӣ бозида метавонад. Баръакс, дар ҳолати набудани таҳаммулпазирии динӣ гуногунии динҳо, конфессияҳо ва мазҳабҳо метавонад муҷиби аз дохил заиф гардидани иқтидори давлатҳо ва хуруҷи нооромиҳо шавад.
Принсипи таҳаммулпазирӣ дар фаҳмиши муосири он нахуст дар осори маорифпарварони фаронсавӣ Волтер ва Жан-Жак Руссо ҳамчун «механизми таъминкунандаи ҳамзистии мусолиматомези намояндагони қавм, мазҳаб ва фарҳангҳои гуногун» пешниҳод мешавад. Маҳз Руссо аввалин бор принсипи таҳаммулпазирӣ ва паймони ҷамъиятиро бар хилофи андешаи «ҷанги ҳама бар зидди ҳама» ва «инсон барои инсон гург аст»-ро пешниҳод мекунад. Баъд аз инқилоби Фаронса (1792) аввалин бор баробарии мардум дар асоси принсипи шаҳрвандӣ, новобаста ба мансубияти нажодию мазҳабӣ, эълон гардид. Баъдан, ин принсип дар ИМА ва сипас дар тамоми ҷаҳони мутамаддин татбиқ ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар муқобили даъвоҳои бебунёди исломгароёни наҳзатӣ дастгириро аз принсипи дунявият ва таҳаммулпазирӣ эълон намуд, ки ин асл дар моддаи якуми Конститутсия дарҷ ёфтааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Принсипҳои усулии дар ин модда баёншуда дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, бахусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши дин, пайгирона риоя мегардад. Дар пешгуфтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, қонуни мазкур қабул карда мешавад».
Дар ин ҷо бозгӯ намудани чаҳор принсипи асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳаммулпазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр муҳим аст:
Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Бояд гуфт, ки ин принсип метавонад танҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ татбиқ гардад. Ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳое, ки худро ҷумҳурии исломӣ эълон намудаанд ва ҳизбҳое, ки сифати исломӣ гирифтаанд, далели гӯёи дурустии интихоби ҳамин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дунявият мумкин аст, ки баробарии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷтимоиву судӣ имконпазир гардад. Дар давлатҳои теократӣ хоҳ масеҳӣ, хоҳ мусулмонӣ ва хоҳ динҳои дигар, меъёрҳои воқеии таъмини адолат барои ҳама вуҷуд надорад. Масалан, ҳам дар шариат ва ҳам дар ҳуқуқи муқаддаси масеҳиён пайравони динҳои дигар субъекти комили муносибатҳои ҳуқуқӣ нестанд. Мусулмон ѓайримусулмонро «наҷас» ва масеҳӣ ғайримасеҳиро «поганный» (палид) мегуфтанд.
Сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба ҳама дину мазҳабҳо». Бояд гуфт, ки фақат принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангиро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.
Чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки баробари се асли дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маънавӣ ва динии ниёгонро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рӯ, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи ин матлаб, ҳамчунин далолат мекунад, ки таълимоти равияҳои дигари дини ислом, бахусус исмоилия низ, дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи вежа дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар ганҷури адабии форсии тоҷикӣ нақши мондагор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад.
Аз ин ҷост, ки дар ҳама суханронӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик боисрор таъкид мешавад.
Агар Пешвои миллат ҳангоми таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир ба ҷойгоҳи иҷлосияи таърихӣ дар таърихи Тоҷикистони навин сухан ронда, оғози «роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» муайян карда бошанд, пас дар маросими савгандёдкунӣ 30 октябри соли 2020 вазифаҳои асосиро чунин муайян карданд: «Шиддат гирифтани рақобату бархӯрдҳои тиҷоратӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, вусъат пайдо кардани терроризму ифротгаройӣ, тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа афзоиш ёфтани бемориҳои нави сироятӣ дар миқёси сайёра собит месозад, ки инсоният ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир осебпазир аст ва ба тақвияти ҳамкориву ҳамгироӣ ниёз дорад. Ба ин манзур, мо минбаъд низ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи кишварҳои олам ва пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, инчунин, шарикони стратегиамон густариш дода, робитаҳоямонро бо онҳо ҷиҳати таъмин намудани манфиатҳои миллии кишвар дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва бо дарназардошти воқеиятҳои даврони муосир дар чорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вусъат мебахшем». Пас, моро зарур аст, ки ба хотири сулҳу субот ва оромии ҷомеа паҳлуҳои гуногуни суннатҳои волои фарҳанги миллӣ ва динию эътиқодиамонро мутобиқ ба талаботи замони муосир эҳё карда, кишвари азизамонро ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Файзулло БАРОТЗОДА,
раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи ҲХДТ