Аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ 76 сол сипарӣ мешавад, вале аҳамияти ғалаба бар фашизм сол ба сол бештар мегардад, чунки пирӯзӣ осон ба даст наомада, барои он даҳҳо миллион одам қурбон гаштаанд. Дар бораи Рӯзи ғалаба бар фашистони истилогар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Дар рӯзи ғалаба мо ба мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамонии онҳое, ки Ватанро ҳифз ва ҳаёти осудаҳолонаро таъмин намуданд, сари таъзим фуруд меорем».
Ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм садоқат ба Модар — Ватан буд. Неруи садоқат буд, ки ба пирӯзӣ расонид.
Саҳми фарзандони тоҷик низ дар ғалаба басо бузург аст. Аз Тоҷикистон бештар аз 300 ҳазор нафар дар набардҳои сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзида, мардонагӣ нишон доданд.
Дар он ҷанги хонумонсӯз аз ноҳияи Данғара 2230 нафар иштирок намуда, ба муқобили фашистон мардона ҷангиданд. Сокинони ноҳия аз он ифтихор доранд, ки фарзанди барӯманди диёрашон Исмат Шарипов барои ҷонфидоӣ ба унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштааст.
Дар солҳои вазнини ҷанг хонадоне набуд, ки доғи онро надида бошад. Аз фиристодагони ноҳияи Данғара 966 кас ба зодгоҳ баргаштанд, ки аксар аз як пою як даст маҳрум шуда буданд. Яке аз онҳо қиблагоҳи банда Таваралӣ Раҳмонов мебошад. Аз хонадони падар чор бародар ба фронт рафта буданд, аммо ду нафар маҷруҳ баргаштанд. Падарам нақл мекард, ки дар муҳорибаҳои шадид ба муқобили душманон ду маротиба захмдор шуд. Бори аввал ҳангоми озод кардани шаҳри Киев тири душман ӯро аз по меафтонад. Се моҳ дар беморхонаи ҳарбӣ табобат мегирад. Баъди шифо ёфтан ӯро боз ба майдони ҷанг, ба ҳайати қӯшуне мефиристанд, ки таҳти фармондеҳии генерал Роккосовский бо истилогарон меҷангид.
Муборизаҳои шадид идома доштанд. Артиши Шӯравӣ душманонро аз хоки меҳан берун мебаровард. Падар дар қатори сарбозони диловари дигар халқу миллатҳо дар миёни обу оташ қаҳрамонона меҷангид. Вақте онҳо ба хоки Полша медароянд, дар даромадгоҳи шаҳри Варшава қиблагоҳам дубора захмдор мегардад. Тири душман пои чапи ӯро аз кор мебарорад. Ӯ дар ҳавои сарду қаҳратуни зимистон боло-болои барф хазида, ба хонае мерасад. Бо сабаби он ки хуни зиёд аз пояш меравад, ба девори хона такякунон беҳуш мешавад.
Вақте ки ба ҳуш меояд, мебинад, ки ду зан ӯро кашолакунон ба хона медароранд, болои бухорӣ мехобонанд, мӯзаи хунолудро аз пояш кашида, ҷароҳаташро шуста мебанданд. Занҳо бо забони русӣ суҳбат мекарданд, қиблагоҳам мефаҳмад, ки онҳо русҳое ҳастанд, ки дар Полша зиндагӣ мекунанд. Он ду бонуи меҳрубон шиками сарбози маҷруҳро сер мекунанд ва ҳамин тавр, боиси аз марг наҷот ёфтанаш мегарданд.
Баъд аз муддате занҳо мебинанд, ки дар ҳавлии хона саги санитарӣ пайдо мешавад. Онро аз лавҳи чӯбини дар гарданаш овезон мешиносанд. Сипас, ҷеғ мезананд ва тавассути саги омӯзишдида ба қисми санитарӣ паём мефиристанд. Баъди соате санитарҳо омада сарбози маҷруҳро мебаранд.
Падарам таъриф карданро дӯст намедошт. Ба ману бародарам Давлаталӣ доимо таъкид мекард, ки ҳамеша либоси гарм пӯшему бо шиками сер гардем. Ин таъкидҳои пайваста ба ману бародарам, ки ҳар ду донишҷӯ будем, аҷиб метофт. Чаро падарамон таъкид кардани ин гапро дӯст медоранд? — мепурсидем бо тааҷҷуб, вале чун падарам марди босиёсат буданд, ҷуръати аз худашон пурсидан надоштем.
Рӯзе сари дастархон гапро аз дур сар карда, дар ин бора аз ӯ пурсон шудам. Табассум даври лабони падарам пайдо гашт ва гуфт:
- Баъзеҳо «ман иштирокчии ҷанг ҳастам», гуфта, доимо худро тавсиф мекунанд. Худо ҷангро нишон надиҳад. Он замон на оромӣ доштему на хобу хӯр. Замони набардро дар дашту ҷангалҳои Украина ба ёд меораму хотирам парешон мешавад. Он ҷо ба иҳотаи душман афтодем. Борони тир ба сару рӯямон мерехт. Сарбозон мисли барги дарахт ба замин меафтоданд. Бо вуҷуди ин, қаҳрамонона аз иҳотаи душман баромадем. Шикамамон гурусна, либосҳоямон фарсуда буд. Як бурида нон надоштем, ки ба танамон мадор бахшад. Бовар доштем, ки душманро шикаст медиҳему соҳиби нон мешавем, либоси дуруст ба бар мекунем, Ватанро обод месозем. Ҳамин боварӣ ба ҳама қувват мебахшид. Ана, барои чӣ ба шумо таъкид мекунам, ки либоси гарм пӯшед, шиками сер гардед. Агар ин корро кунед, бемор намешавед, азоб намекашед. Одами солим соҳиби ҳама чиз мешавад.
Вақте ки бори дуюм дар даромадгоҳи Варшава ярадор шудаму маро беморхона бурданд, ҳамон ҷо нони серӣ хӯрдам. Духтурҳо поямро ҷарроҳӣ карда, боқимондаҳои тири душманро гирифтанд. Табобат се моҳ идома ёфт. Дар беморхона будам, ки Артиши Шӯравӣ бар фашистон пурра ғалаба кард. Ман ҳамон ҷо пирӯзиро ҳамроҳи табибону маҷрӯҳони дигар пешвоз гирифтам.
Аз ҷанг бо асобағал ба хона баргаштам. Омадан замон бародаронамро суроғ кардам. Фаҳмидам, ки танҳо Нусратулло зинда аст. Вай аз сарҳади Япония хат менавишт. Шукр, ки соли 1950 сиҳату саломат ба хона баргашт. Ман ҳам бо мурури замон шифо ёфтам, бе асобағал роҳ мерафтагӣ шудам.
Ин қиссаро шунида ифтихор мекардем, ки падари қаҳрамон дорем. Падаре, ки барои ғалаба аз болои фашистони истилогар ҳисса гузоштааст.
Сокинони ноҳияи Данғара дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шабу рӯз монда нашуда заҳмат мекашиданд. Аз ақибгоҳ барои сарбозон пайваста кумак мефиристоданд. Ҳатто И. В. Сталин хидматҳои мардумро ба назар гирифта, барояшон мактуб фиристода, изҳори сипос намудааст. Дар он мактуб сарвари Давлати шӯравӣ менависад: «Ба котиби ПК(б)-и Данғара рафиқ Р. Азимов ва раиси комиҷроия Қ. Ёров Ба меҳнаткашони ноҳияи Данғара барои ҷамъоварии 1 млн. 171000 сӯм баҳри бунёди колоннаи танкӣ саломи бародаронаи ман ва сипосгузории Армияи сурхро бирасонед».
Ин сатрҳоро мехонаму корнамоии падарону бобоён ва модаронамон дар он даврони сангин пеши назарам меоянд. Бигузор рӯҳи онҳо хушнуд бошад.
Ҳоло аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо як нафар – Гул Шарипов дар ноҳияи Данғара давлати пирӣ меронад, ки ба қадри ӯ расидан вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсонии мост.
Муродалӣ ҲОШИМОВ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон