Маслиҳати мутахассис

ПАЙОМАДИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ НОГУВОР АСТ

№72 (3552) 04.06.2016

Никоҳи хешутаборӣ, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баҳс қарор дорад, дар дунё аз қадимулайём вуҷуд дошт.

Сулолаҳои шоҳон барои «тоза нигоҳ доштани насл» танҳо бо ҳамхунҳои худ хонадор мешуданд. Дар Шарқу Ғарб ин гуна мисолҳо зиёданд. Мутаассифона, бештари ин гуна издивоҷҳо бо нокомӣ анҷом ёфтаанд. Таърихи оилаи Габсбургҳо, ки дар он аъзои оилаи шоҳӣ якчанд маротиба бо ҳам издивоҷ намудаанд, мисоли барҷаста аст. Филиппи 2 бори аввал ба духтари холааш ва бори дувум ба ҷиянаш, писари ӯ — Филиппи 3 ба духтари холааш, Филиппи 4 ба ҷиянаш хонадор шуданд. Дар натиҷа, аз онҳо фарзандони ноқисулақл ба дунё омаданд.

Дар замони ҳозира никоҳҳои хешутаборӣ байни хешовандони наздик ва ҳамхун торафт кам мешавад. Дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ никоҳи хешутаборӣ як фоизро ташкил дода, дар Осиё андаке баландтар аст. Ҳоло ҳам дар баландкӯҳҳои Швейтсария ҷамъиятҳои хурди авлодие вуҷуд доранд, ки бо ҳамдигар хешу таборанд. Чунин авлодҳо дар Тоҷикистони ба назар мерасанд.

Одам дорои 30000 ген буда, онҳо дар ҳолати ҷуфт қарор доранд. Яке аз онҳо аз модар ва дигаре аз падар ба насл мегузаранд. Генҳо доминантӣ (зуҳуроти зиёддошта) ва ретсессивӣ (зуҳуроти камдошта) мебошанд. Гени доминантӣ азбаски назар ба дигар генҳо бартарият дорад ва ҷуфти солими худро пахш менамояд, ҳатто дар танҳоӣ метавонад ба инкишофи беморӣ оварда расонад.

Масалан, бемории ирсии нодире бо номи хореяи Гентингон мавҷуд аст, ки барандаи гени ретсессивии он метавонад комилан солим бошад ва онро ирсӣ ба фарзандони худ гузаронад. Агар падар дорои ин гуна гени «бемор» буда, модар чунин генро надошта бошад, то даме ки таъсири гени «заиф»-и ретсессивӣ бо гени солими ҷониби модар фурӯ нишонда мешавад, кӯдак ба ин беморӣ гирифтор  намегардад.

Байни хешу табор генҳои ба ҳам монанд зиёданд. Маҳз бо ҳамин сабаб теъдоди зиёди бемориҳои вазнини ирсӣ, амсоли карию гунгӣ, албинизм, бемориҳои системаи асаб, бемориҳои ирсии мубодилавӣ аз насл ба насл мегузаранд. Инчунин, аз волидайне, ки бо ҳам хешутабории наздик (ҳамхунӣ) доранд, зуҳуроти тавлиди насл бо нуқсони модарзодӣ ва мурда бештар ба мушоҳида расида, исқоти ҳамл зиёдтар ба амал меояд.

Бояд қайд кард, ки агар фарзанд аз никоҳи хешутаборӣ солим ба дунё ояд, фарзанд барандаи гени «заиф» мемонад ва оянда дар насли ӯ ин бемории ирсӣ зоҳир хоҳад гашт. Аз ҳамин сабаб никоҳҳои хешутаборӣ хатарнок мебошанд.

Аз маълумоти омории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар мамлакат 26043 нафар кӯдаки маъюб ҳаст, ки 35 фоизаш аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадааст.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои солона дар яке аз марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, соли 2015-ум  1422 нафар зани ҳомила ба қайд гирифта шуда, давоми сол 1341 нафар таваллуд кардаанд ва аз онҳо 47 нафараш (3,5 фоиз) никоҳи хешутаборӣ доранд. Аз 748 нафар зане, ки дар қайд истодаанд, 50 нафар (6,6 фоиз) дар никоҳи хешутабории наздик қарор доштанд. Аз байни таваллудшудагон ҳафт нафар бо нуқсони модарзодӣ ба дунё омада, аз ин шумора се нафар (0,2 фоиз) аз ҳисоби таваллуди умумӣ ва 42,8 фоиз аз ҳисоби кӯдакони бо нуқсон таваллудшуда аз никоҳи хешутабории наздик — писари хола, писари тағо мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо дар шаҳри Душанбе нисбатан баландтар аст.

Мо, табибон, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар байни аҳолии ҷумҳурӣ оид ба пайомадҳои ногувори никоҳи хешутаборӣ корҳои фаҳмондадиҳиро густариш бахшем. Вале, агар дар байни фарзандони хешу табор аллакай оила барпо шуда бошад, мо онҳоро ба машварати табибони генетик равон  мекунем, то ин ки хавфи валодати кӯдаконро бо фоиз ҳисоб кунанд ва дар ҳолати баланд будани ин хавф ба ин оила тавсияи худдорӣ аз таваллуди фарзандро диҳанд.

Рухшона ДИЛОВАРОВА, мудири Маркази солимии репродуктивии №9,

Сарвиноз НУРУЛЛОЕВА, акушер- гинекологи Маркази саломатии шаҳрии №9- и шаҳри Душанбе