Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

Пайравии дигар кишварҳо шаҳодати дурустии ибтикори амалишуда мебошад

№70 (3864) 07.06.2018

kazakhstan-1Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Қазоқис­тон дар қироати аввал лоиҳаи қонуни танзимкунандаи либоспӯшӣ, аз ҷумла либоси ба ном мазҳабиро, ки пӯшиданаш ҳувайдо шудани чеҳраи инсонро имконнопазир менамояд, қабул намуд. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Фарғона» иттилоъ дод.

Вазир оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар Дархан Калетаев зимни пешниҳоди лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти мазҳабӣ ва созмонҳои мазҳабӣ» дар парлумон гуфтааст, ки «қабули он имкон фароҳам меорад, ки паҳншавии ақидаву тамоюлҳои бегонаву ифротӣ пешгирӣ шавад». Муқаррароти ба танзими пӯшидани либос рабтдошта ҷузъи қонуни мазкур буда, субъекти дахлдори ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба ворид намудани он баъд аз эродҳои ҷиддии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вобаста ба пӯшидани либоси ба фарҳанги мардуми қазоқ бегона аз ҷониби як идда шаҳрвандон, иқдом намуд. қонун муқаррар намудааст, ки бастани ақди никоҳи шаҳрвандон ба ғайр аз Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва масҷид дар дигар ҷой ғайриқонунӣ аст. Илова бар ин, дар қонун дар робита ба таълимоти динӣ низ як силсила маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст.

Мушоҳида мешавад, ки дар кишвари мо низ баъзе гурӯҳҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро оид ба ин масъала дуруст дарк накарда, мехоҳанд фарҳанги бойи гузаштаву имрӯзаи халқро дар чорчӯбаи арзишҳои динӣ маҳдуд созанд ё онро бо арзишҳои эътиқодӣ комилан муқобил гузоранд. Ба ин монанд масъулини баъзе аз ташкилоту созмонҳо иддао кардаанд, ки: «Баъзе аз ин тамоюлот аз кӯшишҳои Ҳукумат ҷиҳати пешгирии фаъолияти қонунии гурӯҳҳои динии осоишта дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд, ки ба ин тартиб ба шаҳрвандони осоишта пӯшидани либосе, ки инъикосгари эътиқоди мазҳабии шахсии онҳо мебошад, иҷозат дода намешавад».

Ин «бузургон» намедонанд ва ё нодида вонамуд мекунанд, ки аксари ашхоси хурофотпараст ва ба андешаҳои бепояи мазҳабӣ пойбанд кӯшиш менамоянд, ки бонувони хонаводаашон баробари аз таҳсил канор мондан зери ба истилоҳ «ҳиҷоб» низ бошанд. Чаро чунин аст? Ин ҷо нақши муҳимро таҳмили андеша аз ҷониби ба ном «мулло» — ҳое, ки барояшон чунин ашхос шабеҳи манқуртанд, мебозад. Зиёд шунидаем, ки чунин «мулло»-ҳо ва думравонашон зери ҳиҷобу сатр, хоса сатру ҳиҷоби сиёҳ қарор додани занонро густурда таблиғ менамоянду теъдоди онҳое, ки ин «тавсия»-ҳоро филфавр амалӣ менамоянд, кам нестанд. Яъне, барои як идда ибораи «мулло фалонӣ гуфтанд», ҳукмеро шабеҳ аст, ки амалӣ намуданаш зарур ва ногузир маҳсуб мешавад.

Чаро чунин нафарон боре намеандешанд, ки магар дар исломи ноб танҳо зери ҳиҷоб қарор додани занон матраҳ шудааст? Магар дар таълимоти ин дини пок занон ғайр аз мавриди маҳдудиятҳои гуногун қарор гирифтан дигар ҳуқуқ надоранд? Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки чунин набуду нест.

Банда ҳарчанд коршинос ва мутахассиси соҳа ­нестам, вале медонам, ки мартабаи зан-модар дар дини мубини ислом хеле баланд аст. Чаро баъзе «нимчамулло» — ҳо аз шарҳу таблиғи ин нуктаҳо худдорӣ мекунанд?

Сониян, қисмати зиёди онҳое, ки пӯшидани чунин тарзи либосро ихтиёр намудаанд, таърих ва моҳияти онро намедонанд ва то ҳадде пойбанди хурофот шудаанд, ки донистан намехоҳанд. Ин омил низ ба заифиродагии як идда мардон рабт дорад. Зеро марди оқил, қавиирода ва огоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ ба зан ҷабр намекунад. Чун баъзе мардон дар зиндагӣ аз ин хислатҳо батамом бенасибанд, кӯшиш менамоянд то аҳли хонаводаашон дар «муҳосира» — и равонӣ қарор дошта бошанд. Беҳтарин посухро ба чунин ноогоҳон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи Модар доданд. Роҳбари кишвар зимни таҳлили амиқи масъала, минҷумла таъкид намуданд, ки: «мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест».

Мутаассифона, бонувони ба ин раванд майлкарда кӯшиш менамоянд, ки дар такя ба ном таълимоти исломӣ, ки барояшон аз ҷониби «нимчамулло» -ҳо омода ва ироа шудааст, бонувони дигарро ба чунин тарзи либоспӯшӣ ҷалб намоянд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки ибтикори сохторҳои зиддахли кишвар ҷиҳати ҷоринамоии баъзе маҳдудиятҳо дар робита ба либоспӯшии бонувон муҳиму саривақтист.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»