Баробари фаро расидани рӯзҳои гарму нарми баҳорӣ, ҳамасола селаи паррандаҳои гуногун ба диёри мо меоянд ва бо хониши дилфиреби худ ҳаётамонро рангу таровати дигар мебахшанд. Мо, инсонҳо, аз садои форами паррандаҳои нағмахон ҳамарӯза ҳаловат мегирем. Бинобар ин ҳамасола баҳори нозанин ва Наврӯзи хуҷастапайро бесаброна интизорӣ мекашем, то ин ки садои хониши фораму дилнавози паррандагонро шунавем.
Ба сокини деҳоти «Бустонқалъа»-и ноҳияи Бохтар Дилшод Ниёзқулов ва аҳли оилааш бошад, ҳамарӯза шунидани садои форами беш аз ҳазор паррандаи хушхон муяссар мешавад. Ӯ ва аҳли оилааш на танҳо дар айёми баҳор, балки дар чор фасли сол аз садои дилнавозу бомароми хониши паррандаҳо баҳра мебаранд, зеро онҳо дар хонадони хеш ба парваришу нигоҳубини парранда, аниқтараш бедона, машғуланд. Шунидани савти гӯшнавози ин паррандаи хушхон Д. Ниёзқулов ва аҳли оилаи ӯро барои комёбу муваффақ гардидан дар зиндагӣ ҳидоят месозад.
Дилшод Ниёзқулов аз ҷумлаи соҳибкорони муваффақ мебошад, ки аз имконияти барояш муҳайёгардида самаранок истифода бурда, ба бедонапарварӣ даст задааст. Ӯ иброз медорад, ки қонунҳои барои ривоҷи соҳибкорӣ қабулнамудаи парлумони мамлакат ва дастгирию ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон водораш сохтаанд, ки ба ин иқдом даст занад.
-Дигарон,- мегӯяд Дилшод Ниёзқулов, — агар танҳо айёми баҳорон аз хониши паррандаҳо баҳра баранд, ману аҳли оилаамон чор фасли сол аз ин неъмати офаридаи Илоҳӣ бархӯрдорем, зеро муҳити гарму созгори барои парвариши паррандаҳо дар хонадон муҳайёнамудаамон имкон фароҳам овардааст, ки онҳо дар ҳама фаслҳои сол таронаи дилнавоз сароянд.
Дар коргоҳи ташкилнамудаи Дилшод Ниёзқулов имрӯзҳо беш аз ҳазор сар бедонаи хушзод парваришу нигоҳубин мешавад. Ин соҳибкори бохтарӣ сабаби ба парвариши бедона даст заданашро чунин шарҳ дод:
- Бедона баробари он ки бо хониши фораму дилнавозаш ба рӯҳи кас таъсири мусбат мерасонаду асабро ором мекунад, ҳамчунин барои беҳбудии зиндагӣ мусоидат менамояд. Бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки барои асаби худро ором намудан ба чойхона рафта, аз хониши паррандаҳои дохили қафас, бахусус кабку бедона, ҳузуру ҳаловат баранд. Ман бошам чунин муҳитро дар хонаи худ муҳайё кардаам. Коре, ки пеша кардам, бароям баробари фоидаи иқтисодӣ овардан, инчунин боиси истироҳату фароғатам мегардад.
Андешаи дар шароити хона ба роҳ мондани парвариши бедона ҳангоми дар шаҳри Саратови Федератсияи Россия кору фаъолият намуданаш ба сари Дилшод омада буд. Аз ин рӯ, ҳангоми бозгашт аз ин шаҳр ӯ ҳамроҳи худ якчанд дона тухми бедона овард. Азбаски аллакай мутахассиси хуби ин соҳа ба шумор мерафт, муваффақ гардид. Аз шумораи хеле кам имрӯз теъдоди онро ба беш аз ҳазор сар расонид. Ба ақидаи ӯ, парваришу нигоҳубини бедонаю кабк ва дигар паррандаҳои хушхон пешаи бобоӣ буда, дар гузашта аҷдодони мо ба он машғул буданд. Қариб дар ҳар хонадони мардуми тоҷик ин паррандаҳои хушхон ба миқдори кам ҳам бошад, парвариш меёфтанд. Имрӯз Дилшоду аҳли хонадонаш анъанаи бобоиро давом дода, на як ё ду, балки беш аз ҳазор сар бедонаро нигоҳубин менамоянд. Мехоҳанд на танҳо аз садои форами ин паррандаи нодир лаззат баранд, балки маҳсули онро баҳри беҳбудии зиндагиашон самаранок истифода намоянд. Ба ақидаи Дилшод, дар сурати хуб ба роҳ мондани парвариши бедона ҳамасола аз ҳар як сари он то 350-400 дона тухм гирифтан мумкин аст. Ба тухми бедона бошад имрӯз дар бозорҳои ҷумхурӣ талабот ниҳоят зиёд аст, зеро тухми бедона, баробари гизои хуб буданаш, инчунин хусусияти муфиди табобати бемориҳои дил, диабети канд ва кӯдакона дорад. Дилшодро метавон имрӯз яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи бедонапарварӣ дар Хатлонзамин ном бурд. Ҳангоми суҳбат маълум гардид, ки ӯ дар бораи ин паррандаи нодир, роҳу усулҳои парвариши он дониши мукаммал андӯхта, дар ин бора аз адабиёти зарурии соҳавӣ ва дигар сарчашмаҳои илмию амалӣ баҳра гирифтааст. Бахусус аз шабакаи ҷаҳонии Интернет хубу самаранок истифода мебарад. Бо ҳампешагони хориҷиаш мунтазам дар тамос шуда, навгониҳои соҳаи парвариши бедонаро дар таҷрибаи кори хеш пурсамар татбиқ мекунад. Аз ин рӯ, ӯ хеле хуб медонад, ки бедона аз садои баланду дағал метарсад. Орди устухони моҳӣ барои инкишофи он хуб мусоидат мекунад. Аз ҳама навъи барои иқлими мо мувофиқ ин навъи японии бедона аст. Хӯрдани тухми хоми он қувваи муқобилияти баданро бар зидди ҳама гуна бемориҳо пурзӯр менамояд.
Соҳибкор Дилшод Ниёзқулов дар ин рӯзҳои фасли баҳор боз ҳам серкортар шудааст, чунки паррандаҳои парваришнамудааш дар ин рӯзҳо ба тухмгузорӣ оғоз кардаанд. Аз ин рӯ, талаботашон ба нигоҳубину дону хӯрокиҳои болаззат зиёдтар гардидааст. Ӯ мехоҳад дар навбати аввал маҳсули дастранҷашро ба бозори шаҳри Қӯрғонтеппа барораду сипас ба бозорҳои дигари ҷумҳурӣ. Ҳамчунин ният дорад, ки баробари беҳтар шудани вазъи молиявияш саршумори бедонаро боз ҳам зиёд намояд. Ба ин ҷавонмарди навҷӯю заҳматпешаи деҳотӣ барори кору зиндагӣ ва комёбиҳои тоза таманно дорем.
Давлат СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»