Ҳаводиси ҷаҳони муосир дурустии ин гуфтаро собит менамоянд
31-уми декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Ҳукумат на танҳо дини мубини исломро эҳтиром мекунад, балки барои ба ҷо овардани эътиқоди динии халқҳои дигар низ дахолат намекунад. Эътиқод кори шахсии ҳар инсон аст ва мо тамоми рӯҳониёни ҷумҳуриро даъват мекунем, ки умури диниро дар партави қонун танзим, дар рушду такомули маънавии мардум ва ба ин васила ба оромии ҷомеа ва рушди он хидмат намоянд».
Ҷузъиёти бисёр муҳими ин масъала дар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани дуюми умумиҷаҳонии тоҷикон — 8-уми сентябри соли 1993 чунин баён гардид: «Ислом ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги суннатии мост. Ахлоқи суннатии мо низ динист ва онро ҳеҷ гоҳ наметавон рад кард ё нодида гирифт. Матлаби ҷудо будани дин аз давлат бошад, фақат як чиз аст: дин ба корҳои сиёсии давлат ва давлат ба корҳои мазҳабии дин мудохила накунад».
Дини мубини ислом аз оғоз мардумро ба ваҳдату инсондӯстӣ, ростию покизагӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба офаридаҳои Худованд ҳидоят менамуд ва менамояд. Дар ин маврид мардуми тоҷик тавонист, ки баҳри рушди андешаҳои исломӣ ва шарҳу тафсири китоби муқаддас ва аҳодиси набавӣ саҳмгузор бошанд.
Яке аз иқдомоти муҳими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дифоъ аз дини ислом дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Президенти мамлакат дар чандин суханронӣ таъкидан иброз карданд, ки дини мубини исломро аз ҳар гуна хурофот ва расму оини ба он бегона пок нигаҳ бояд дошт.
Албатта, нақши дин дар танзими иҷтимоъ ва рӯзгори мардум, хосатан барои кишварҳое, ки аксарияти аҳолиашон ба ин ё он дин эътиқод доранд, хеле амиқу доманадор аст. Аммо он дар сатҳи муомилоти иҷтимоӣ ҳамон нақшеро соҳиб аст, ки ахлоқу маънавият, урфу одат ва расму анъана дорад. Ҳамин ки дин ба унсури сиёсат ё воситаи амалигардонии аҳдофи сиёсӣ табдил ёфт, он гоҳ хавфи азиме барои рушди давлатдорӣ ба вуҷуд меорад. Аз ин нуктаи назар, танзими дурусти муносиботи дин ва давлат тавассути қонунгузорӣ нақши ҳалкунанда хоҳад дошт.
Дину диндорӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии мардум дар меҳвари қонунгузории миллии давлатҳои муосири ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дорад. Ҳоло ҷомеаи башарӣ ба он марҳилае расидааст, ки мафҳумҳое, аз қабили озодии виҷдон ва эътиқодоти динӣ аз аслҳои бунёдии ҳуқуқи инсон ва яке аз асосҳои рушди босуботи давлатҳои демократии ҷаҳон фаҳму дарк мешавад ва ин гуна тамоил торафт рӯ ба инкишоф дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти моддаи якуми Конститутсия давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ эътироф шуда, заминаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва танзими эътиқодоти динии шаҳрвандон, қабл аз ҳама дар Конститутсия ва баъдан дар асоси он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз соли 2009), матраҳ шудааст.
Дахлнопазир будани ҳуқуқҳои фитрии инсон дар моддаи 5-ум ва ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат дар моддаи 8-уми Конститутсия таъкид шудааст. Дар моддаи 26-уми Конститутсия ишора рафтааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки муносибати худро мустақилона ба дин муайян намояд. Кафолати давлат ба шаҳрванд дар масъалаи озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор дар моддаи 30-юми Конститутсия дарҷ шудааст. Моддаи 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Мафҳуми «дунявият» яке аз вожаҳои аслии муайянкунандаи муносибати давлат ба дин, иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон ба шумор мераванд. Асли «дунявият» маънои муқобил будан бо дин ва маҳдуд сохтани озодиҳои диниро надошта, моҳияти он дар муҳайё намудани шароити озод ва баробари татбиқи озодиҳои динию эътиқодии шаҳрвандон ифода мегардад. Дар аксар кишварҳои мутамаддини олам, ки худро дунявӣ эълом доштаанд, ташкил ва фаъолияти ҳизби дорои характери динӣ мамнӯъ эълон шудааст. Аз таҷрибаи сиёсӣ ва воқеияти муосири Тоҷикистон ва дигар давлатҳои пешрафтаву босуботи олам чунин андеша ҳосил мешавад, ки ҷудоии ташкилотҳои динӣ аз давлат, ки дар банди чоруми моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр мешавад, ба маънои қатъиян ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат нест. Зери мафҳуми ҷудоии дин аз давлат аз нигоҳи сохтору идора мудохила накардани ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатро фаҳмидан лозим аст. Ин ҷудоӣ ҳаргиз набояд ба ҳамкориҳои давлат бо ташкилотҳои динӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди ҷомеа ва таъмини манофеи миллӣ монеа шавад. Чунин меъёри конститутсионӣ ҷавобгӯи манфиати иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динӣ низ ҳаст.
Дар маҷмӯъ, ҷудо будани дин аз давлат яке аз тамоюлоти муҳими ҷомеаи башарист. Дар олам, тибқи таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Ҳарварди Амрико, 75 кишвар расман дини давлатӣ доранд, 113 мамлакати дигар, аз ҷумла Федератсияи Россия низ расман дини давлатӣ надоранд. Аз соли 1900-ум то соли 2000-ум дар 63 кишвари олам, масалан, дар Бразилия, Ҷопон ва Россия динҳои давлатӣ расман бекор шуда буданд. Дар 17 кишвари олам бошад, динҳои давлатӣ расман аз нав эълон карда шудаанд.
Баробари ҷорӣ шудани дини ислом дар Осиёи Марказӣ ва махсусан давраи давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён зарурати муайян кардани ҷойгоҳи он дар низоми давлатдорӣ ба вуҷуд омад. Ислом боиси тавлиди фарҳанги комилан нав дар шуури ҷамъиятии тоҷикон гардид ва ҳамон давра унсурҳои дунявӣ дар таркиби ин фарҳанг ва шуур мавқеи хешро пайдо карданд. Яъне, аз ҳамон давра унсурҳои дунявият ва омили динӣ созгории хешро дар фарҳанги умум исбот намуданд.
Дар таърихи Тоҷикистони навин масоили дунявият ва ба саҳнаи сиёсат ворид намудани дини ислом бори нахуст баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳангоми фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар солҳои 1997-1999 ба таври тезутунд рӯи саҳнаи муҳокимот омад. Барои тарафдорони давлати дунявӣ дар симои Ҳукумати Тоҷикистон ҷавоби ду суол аз ҷониби Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар ҳамон марҳилаи ҳассос муҳим буд: авалан, оё Иттиҳоди мухолифини тоҷик характери дунявии давлатдории тоҷиконро қабул мекунад ё не, баъдан, ин иттиҳод ҷонибдории хешро ба давлатдории миллии тоҷикон иброз медорад ё мисли дигар ҳаракату гурӯҳҳои экстремистии кишварҳои исломӣ мавҷудияти як давлати трансмиллии исломиро мепазирад?
Ҷавоби аниқ гирифтан ба ин суолҳо хеле муҳим буд, чунки тақдири ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати муосири миллӣ аз ҳамин ҷавобҳо бастагӣ дошт. Барои Иттиҳоди мухолифини тоҷик бошад, масъалаи ҷудо будани дин аз давлат ва дигар масъала – фаъолияти ошкорои ҳизби исломӣ муҳимтар буд ва аз Ҳукумат ҷавоби онро интизор дошт. Аз ҳуҷҷатҳои Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) маълум мегардад, ки баррасии ин масъала ду сол идома ёфт ва танҳо бо иродаи сиёсии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро пайдо кард.
Ҳамин тавр, ба тариқи консенсус дар Конститутсияи мамлакат ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташкили ҳизбҳои дорои характери динӣ, демократӣ ва атеистӣ қонунӣ гардонида шуд. Аммо даст ба табаддулоти давлатӣ задани собиқ муовини вазири мудофиа бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим ва ба ин амали зиддимардумӣ ва зиддидавлатӣ бевосита ҳамроҳ будани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва баъдан аз ҷониби Суди Олии кишвар ҳамчун созмони террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон намудани ин ҳизб боис гардид, ки дар раъйпурсӣ аз матни Конститутсия ин меъёр хориҷ шавад.
Ҳамин тавр, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дар ду соли охир исбот намуд, ки фаъолияти ҳизби сиёсии дорои характери динӣ хатари азиме барои давлатдории миллӣ аст. Аз таҷрибаи кишварҳои гуногуне, ки дар онҳо даҳҳо ҳизбу созмонҳо бо истифода аз шиорҳои исломӣ амал мекунанд, исбот шуд, ки сиёсисозии ислом ба ҳеҷ ваҷҳ ба рушди давлати дунявӣ ва суботи иҷтимоӣ мусоидат нахоҳад кард. Таҷрибаи талхи беш аз чилсолаи Афғонистон, Сурияву Ироқ, кишварҳои шимоли Африқо, солиёни охир хеле афзоиш ёфтани нобасомониҳо аз ҷониби ҷунбишҳои экстремистии динии Малайзия исботи он аст, ки созмонҳои сиёсии исломӣ имкону тавони дарёфти роҳи сулҳу субот ва ҳамбастагии умумро надоранд, зеро ин гуна хислат дар табиати дин нест. Таҷрибаи мавҷудияти беш аз чилсолаи ҲНИТ (агар ба тариқи махфӣ аз соли 1973 таъсис ёфтани онро баршуморем) на танҳо ба кишварҳои минтақа, балки аксар мамолики ҷаҳони ислом он ҳақиқатро маълум намуд, ки ҳама даъво дар хусуси тавассути ҳизби сиёсии исломӣ мубориза бурдан барои ҳокимият дар заминаи нигаҳдошти суботи ҷомеа беасос ва берун аз мантиқи рушди давлатдориҳои дунявӣ будааст.
Марҳалаи муҳими дигар ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқаманд аст. Татбиқи ин санади муҳими ҳуқуқиву сиёсӣ ба шуури динии мардум таъсири ҷиддӣ расонд. Ба ин маънӣ, ки фазои динӣ ва мафкуравии мардум аз бозмондаҳо ва хурофоти дерина тоза шуд ва як муҳити созгори пайванди равобити дину давлат дар шароити дунявият ба вуҷуд омад.
Муҳимтарин хислати қонунҳои муосир ин аст, ки ба арзишҳои миллии давлатдории дунявӣ бештар арҷ мегузоранд.
Бо дарназардошти таҳлили қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди мушаххас намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа метавон гуфт, ки ҳуқуқи одамон ба озодии виҷдонро қонуни махсус ба танзим медарорад, ки муҳтавои он ба арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон ва санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон пурра мувофиқат мекунанд. Ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ном дошта, мувофиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад.
Ин қонун ба хотири таҳкими осудагиву субот ва аз байн бурдани мудохила ба корҳои динӣ муқаррароте дорад, ки мақсад аз онҳо пешгирии сар задани ҳар гуна ихтилофот дар пояи дину диндорӣ мебошад. Аз ҷумла, тибқи қонунҳои ҷумҳурӣ, барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад. Иттиҳодияҳои динӣ тибқи ҳамин қонун бо пешниҳоди санадҳои хеш ва бақайдгирӣ озодона ба фаъолияти таблиғотӣ машғул шуда метавонанд. Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст. Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст. Азбаски иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд, пас онҳо дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ иштирок наменамоянд, инчунин дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок накарда, ба онҳо кумаки моддӣ ва дигар кумакҳо намерасонанд.
Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад. Масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ тибқи оиннома бо роҳи таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ ба омӯзонидани асосҳои дин машғул шуда метавонанд.
Ислом ба ҳизбу гурӯҳи хоса ниёзе надорад ва далелҳои қуръонӣ низ шаҳодат медиҳанд: «Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳар чӣ дошт, дилхуш буд» (Рум, 31-31). Ё дар ояти 46-уми сураи «Анфол» омадааст: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезонед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад». Мисоли дигар аз сураи «Оли Имрон», ояти 105: «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои онҳо азобе бузург хоҳад буд».
Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар касе аз итоати ҳоким берун ояд ва аз ҷамоат ҷудо гардад, сипас бимирад, маргаш бар ҷоҳилият хоҳад буд ва ҳар касе зери парчами беҳадафона биҷангад, дар ҳоле ки ғазабаш ба хотири таассубгароист ё ки ба таассубгароӣ даъват ва кумак мекунад ва ба ҳамин ҳол кушта шавад, пас кушта шуданаш ба таври ҷоҳилият аст».
Доктор Абдулҳамиди Ҳиндовӣ бар ин ақида аст: — мақсуд аз фирқаҳо ва ҳизбгароӣ таассубест, ки сабаби парокандагии ваҳдати уммати исломӣ мегардад ва барои ин ақидааш чанд истидлоли ақлӣ ҳам меорад: аввалан, фаъолияти дастаҷамъӣ бидуни пайравӣ аз ин ҷамоатҳо имкон дорад, пас ба пароканда сохтани уммат барои дохил шудан дар ин ҷамоатҳо зарурате нест, баъдан, пайравӣ ба ин ҷамоатҳо ҷоиз нест, зеро ҳар як аз ин ҷамоатҳо розӣ нестанд, ки аъзои онҳо бархе аз афкори ҷамоатро бипазиранд ва бархеро напазиранд, зеро маънои пайравӣ бар яке аз ин ҷамоатҳо пайравӣ ҳам аз ҳақ ва ҳам аз ботил мебошад, ақидаи сонӣ, чун дохил шудан дар ҷамоатҳо сабаби ихтилоф мегардад, лизо паёмади ихтилофи ҳар яке аз ду ҷониби ихтилофкунанда боиси ҷудоӣ ва кинаву адоват мегардад. Аз ин рӯ, фарди мусалмон дар ҳеҷ як аз ин ҷамоатҳои пароканда дохил намешавад, зеро нисбат ба он таассуб меварзад ва ба тарафдорӣ аз он ба дигар мусалмонон дӯстию душманӣ мекунад. Танҳо касе ба ин амал даст мезанад, ки баҳрае аз хашму ғазаби Худо барояш расида бошад.
Хулоса, дар ислом ҳизб нест, балки ҳар касе эътиқод ба ягонагии Худованд ва рисолати Пайғамбар (с) дошта бошад, ӯ худ узви ҳизби Худо аст. Худованд дар каломи худ фармудааст: «Огоҳ бош, ки ҳизби Худо, ҳаройина, растагоронанд».
Ҷалол Камолӣ,
коршиноси соҳаи дин ва сиёсат