Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 100-солагии таъсиси рӯзномаи «Ҷумҳурият»

№51 (4947) 21.04.2025

ПрезидеентМуҳтарам ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият», аҳли қалам ва матбуот!

Расо як аср пеш, ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон, бо заҳмату пофишориҳо ва талошҳои фидокоронаи фарзандони миллатдӯсти тоҷик Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Иди тоҷик» аз чоп баромад.

Ин рӯйдод оғози таърихи навини матбуоти тоҷик гардида, ба минбари муборизаи ҳақталошӣ, ҳифзи номи миллат, расму суннатҳо ва арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон табдил ёфт. Пайдоиши рӯзномаи миллӣ дар шароити ҳассосу тақдирсози он рӯзҳо барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан ид буд, иде, ки тасаввураш имрӯз ҳам ба дилҳо фараҳ мебахшад.

Рӯзномаи миллӣ дар як муддати кӯтоҳ суханварони забардаст ва фидоиёни миллати тоҷик Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдулқодири Мунзим, Абулқосими Лоҳутӣ ва хабарнигорони ҳушёру бедорро аз гӯшаҳои гуногун гирд оварда, дар ҷомеа мартаба ва эътибори баланд пайдо кард. Имрӯз боифтихор ва эътимод метавон гуфт, ки агарчи «Иди тоҷик» ҳамчун нахустин рӯзномаи миллии дар Тоҷикистон нашргардида вобаста ба талаботи давру замон чанд бор табдили ному алифбо кардааст, вале ҳеҷ гоҳ табдили мақсаду маром накарда, дар иҷрои рисолати таърихии худ – хизмат дар роҳи бедории миллӣ содиқ мондааст.

Тайи 100 сол ин рӯзнома ҳамтақдиру ҳамқадами Тоҷикистони азизи мо ва инъи­косгари тамоми шебу фарозҳои таърихи миллати тоҷик буд. Инак, 100 сол мешавад, ки таърихи ҳар рӯзи миллат дар саҳифаҳои ин рӯзнома барои наслҳои оянда сабт мегардад.

Рӯзнома ҳамчун яке аз рамзҳои бедории миллӣ, густаришу таҳкими ҳувияти миллӣ ва манбаи иттилои дақиқ, инчунин, ба ҳайси мактаби сиёсиву фарҳангӣ, дар рушди ҷомеа ва давлатдории тоҷикон нақши муассир дорад. Ҳоло «Ҷумҳурият» фаъолияти худро бо рисолату муҳтавои нав – густариши ғояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва қонунсолорӣ ба роҳ мондааст.

Нашрия бо нашри матолиби рӯзмарра ва масъалагузориҳо дар асоси сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр мардумро бо арзишҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, ободониву созандагӣ ва рушду пешрафт ошно сохта, онҳоро ба гиромидошти забону фарҳанг ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ташвиқ менамояд.

Бо дарназардошти нақши муҳими рӯзнома дар ҳаёти мардуми мамлакат, рӯзномаи «Ҷумҳурият» 14-уми марти соли 2000-ум бо фармони Президент нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Соҳиб шудан ба чунин мақоми расмӣ, албатта, барои аҳли эҷоди рӯзнома ифтихори бузург маҳсуб меёбад, вале аз ҷониби дигар, тақозо менамояд, ки масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифа, пеш аз ҳама, дар роҳи тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлол ва ҳимоят аз арзишҳои милливу давлатӣ бояд боз ҳам тақвият дода шавад. Зеро дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, ҷиҳати расондани иттилооти саривақтӣ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа ниҳоят муассир буда, ин василаи равшангароии миллат, ки ба таъбири устод Садриддин Айнӣ «сари сабзу забони буррои халқ» мебошад, ҳамчун рукни муҳими сиёсиву маънавии ҷомеа дар раванди ҳифзи асолати миллӣ, таҳкими аркони давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум ва таъмини пойдории адолату воқеият бояд нақши бориз дошта бошад.

Бовар дорам, ки аҳли эҷоди рӯзномаи дӯстдоштаи мардум – «Ҷумҳурият», минбаъд низ ба манфиати халқу кишвари азизамон тамоми қувва, дониш ва маҳорати хешро равона месозанд, дар кори амалӣ гардондани марому ҳадафҳои неки Ҳукумати мамлакат, вусъати демократисозии ҷомеа ва ислоҳоти васеъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат саъю талоши бештар мекунанд.

Ҳамаи шумо – кормандони нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми матбуотчиёни кишварро ба ифтихори санаи таърихӣ, яъне 100-солагии ин минбари ҳувиятсоз самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!