Дар шаҳру навоҳии мамлакат пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
11 январи соли ҷорӣ дар конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, №35 Ҳаёт Одинаев номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.
***
13 январ дар конференсияи якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Носири Хусрав ва Қубодиён аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қубодиён, №31 номзадии Зафар Файзуллозода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
***
Дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кӯшониён, №27 Шодиён Муҳаммад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Фирӯз Ҳақназарзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон номзад пешниҳод гардиданд.
***
Маъракаи пешбарии номзадҳо дар ВМКБ низ ҷараён дорад. Аз ҷумла, 13 январ дар конференсияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Гиёзода Азиз Қодир аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Хоруғ, №41 ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
***
Дар конференсияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ бошад, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ванҷ, №40 Қодири Қосим — раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
«Садои мардум»