Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баробари дигар соҳаҳо, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дигаргуниҳо ба назар мерасанд.
Махсусан, баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ таҳия шудаанд ва дар деҳот сохтмону ба истифодадиҳии иншооти таъиноти гуногун, аз қабили марказҳои саломатию нуқтаҳои тиббӣ идома дорад, ки сазовори таҳсин аст. Сарвари давлат дар Паёмашон аз 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва он давра ба давра кишварро фаро мегирад. Илова бар ин, дар се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешавад.
Воқеан, бунёди муассисаҳои тандурустӣ дар навбати аввал ба беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт ҳифзи саломатии модару кӯдак дар мадди аввал қарор мегирад. Ба ҳама маълум аст, ки 93 дарсади кишвар кӯҳ буда, бисёре аз деҳаҳо дар кӯҳистон ҷойгир шудаанд. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки баҳри дар назорати доимӣ қарор додани саломатии занони ҳомила ва кӯдакони навзод, инчунин, вақти муайян аз ташхиси тиббӣ гузаронидани онҳо мушкилот ба вуҷуд ояд. Аммо тавре дар боло зикр кардем, бунёди нуқтаҳои тиббӣ дар деҳот ва дар онҳо фаъолият намудани табибони оилавӣ барои ҳалли босамари мушкил мусоидат менамояд.
Аз маълумоти омории соҳа бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи фавти кӯдакони аз як то чорсола тамоюли коҳишёбӣ дорад. Дар баробари ин, зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии ҳолатҳои фавти модарон ҳангоми таваллуд низ аҳамият дода шавад. Таҳлили фавти модарон ҳангоми таваллуд нишон дод, ки онҳо дар аксар ҳолат ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд. Бар замми ин, яке аз ҳолатҳои ногуворе, ки ба саломатии минбаъдаи модару кӯдак таъсири манфӣ мерасонад, никоҳи хешу табори наздик мебошад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ба масъалаи аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаронидани ҷавонони никоҳшаванда бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Зеро пешгирии беморӣ аз табобат дида беҳтар аст.
Махфират РӮЗИЕВА, Робия ХОЛИҚНАЗАРОВА, духтурони оилавии МДМҶ «Тибби оилавӣ»