Яке аз мушкилоте, ки тамоми ҷомеаро нигарон кардааст, ин зиёд шудани гирифторони вируси норасоии масунияти одам дар кишвар мебошад. Айни замон дар сайёраи замин зиёда аз 36 миллион нафар сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) умр ба сар мебаранд. Ин оморро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи вижаи Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО дар дунё аз рӯи пажӯҳише муайян намудааст. Гуфта мешавад, ки аз оғози эпидемия то имрӯз ин вирус сабаби фавти наздик ба 40 млн. нафар гардидааст.
Тибқи маълумоти созмонҳои номбурда, дар соли 2014 шумораи сироятёбӣ дар муқоиса бо солҳои пешин коҳиш ёфтааст, ки яке аз дастовардҳои ҷаҳонӣ дар самти мубориза алайҳи ВНМО ба шумор меравад. Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар панҷ соли охир шумораи шахсони гирифтори ВНМО, ки ба табобат дастрасӣ пайдо намудаанд, ду маротиба зиёд гаштааст.
Мутаассифона, шумораи сироятёфтагони ВНМО дар давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон шомили он мебошад, рӯ ба афзоиш аст.
Дар байни давлатҳои минтақа ҳолати эпидемикии сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбатан муътадил буда, паҳншавии ин вирус дар 100 000 нафар ба 115,7 нафар баробар аст. Ин дар ҳолест, ки ин нишондод дар Федератсияи Россия 751,8, Украина — 729,1, Қазоқистон — 145,4, Қирғизистон — 131,2 ва Ӯзбекистон 127,5 нафарро ташкил медиҳад.
Мутахассисони соҳа ва мушовирони байналмилалӣ ҳолати эпидемиологии вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро «эпидемияи ҷамъшаванда, яъне марҳилаи консентратсионӣ» арзёбӣ намуда, паҳншавии онро бештар дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, аз ҷумла, нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо имконпазир медонанд. Тадқиқоти солҳои охир нишон медиҳанд, ки аз 100 нафар нашъаманди тазриқӣ дар ҷумҳурӣ 13 нафар ва аз 100 нафар зани расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ 4 нафар олудаи ВНМО мебошанд ва хавфи ба оила, фарзандон ва шарикони ҷинсии онҳо гузаштани он хеле зиёд аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин самт аз гурӯҳҳои осебпазир ба ҳисоб мераванд ва дар болоравии сатҳи сироятёбӣ «саҳм» доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 90 фоизи шавҳарони занони ҳомиладори гирифтори ВНМО дар гузашта дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаанд.
Тоҷикистон дар самти муқовимат бо ВНМО бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» қабул гардидааст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хизматрасониҳо, аз ҷумла, муоинаҳои гуногун ва таъмини дорувориҳои зиддиретровирусӣ, ба сироятёфтагони ВНМО ба таври ройгон сурат мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли ҷорӣ таъкид намуданд, ки: «Пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам, кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд».
Яъне, дар самти пешгирии ин беморӣ, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, мусоидати тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, бахшҳои ҷавонон, занон ва оила, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти қудратӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур мебошад.
Мутриба Абдулвоҳидова, табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №2