Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку яке аз барандагони Ҷоизаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) гардиданд. Дар ин бора CA-NEWS бо истинод ба Маркази матбуоти СММ хабар медиҳад.
Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ 31-уми май – дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо истифодаи тамоку, дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии ташкилот эътироф намуд.
Ба андешаи коршиносони ТУТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо тамокукаширо аз самтҳои сиёсат қарор дода, 2 январи соли равон ба қонуне имзо намуд, ки кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ мекунад.
Тибқи қонуни зикршуда, кашидани сигор ва нос дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои таъиншуда, мамнӯъ аст. Ба рекламаи тамоку низ иҷозат нест.
Таҳияи Ҷ. САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»