Пешвои миллат – наҷотбахши миллат

№140 (4402) 16.11.2021

Генерал — копияЧунин унвон гирифтани матлаб заминаи воқеии қавӣ дошта, барои дурустии он далелҳои собитшуда бешумор аст ва ба ҳеҷ васила наметавон онҳоро инкор кард.

Тағйири вазъи сиёсӣ дар собиқ кишвари шӯравӣ ба оғози раванди бозсозӣ, муҳайё гардидани гуногунандешӣ, озодии баён, ошкорбаёнӣ ва ба афзалиятбахшӣ ба арзишҳои демократӣ рабт гирифт. Таҳаввулоти бамиёномада ба пош хӯрдани давлати шӯравӣ боис гардид, ки касе интизораш набуд. Зимоми давлатдории ягона аз даст рафт ва ҷумҳуриҳои ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ истиқлолияташонро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлолияти давлатиро ҳангоме ба имзо расонд, ки вазъи сиёсии кишвар хеле муташанниҷ буд ва бадхоҳону душманони миллати тоҷик мехостанд дар миёни халқ ҳадафҳои нопокро дар амал тат­биқ созанд.

 Ҳамин тариқ, бадхоҳон вазъи сиёсии кишварро ноором сохта, мардумро ба майдон кашиданд, бесарусомонӣ ба вуҷуд оварданд ва хуни инсонҳои бегуноҳро рехтанд. Сар задани ҳодисаи баҳманмоҳи соли навади қарни гузашта бадхоҳони миллатро мутмаин сохт, ки метавонанд зина ба зина ҳадафашонро амалӣ намоянд. Бо эҷоди баҳонаҳои гуногун онҳо борҳо мардумро ба майдон оварданд, гирдиҳамоиҳо ташкил намуданд ва билохира, онро ба ду гурӯҳ қисмат карда, ба ҷаҳониён якеро ҳаводори давлати исломӣ ва дигарро тарафдори давлати дунявӣ муаррифӣ намуданд. Бо ин қонеъ нагардиданд ва муқовимати сиёсии тарафҳоро тадриҷан ба муқовимати мусаллаҳона табдил дода, барои оғози ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам оварданд. Вазъият торафт тезу­тунд мегардид ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аланга мегирифт. Мардуми табиатан орому ботамкинро, ки ҳамзис­тии осоишта дар тӯли қарнҳо пиндораш буд, даҳшат фаро гирифту ба сарсониҳо афтод. Бархе роҳи наҷотро дар тарк намудани хоки аҷдодӣ диданд. Ҳастии миллату давлати ба тозагӣ истиқлолёфтаро хатари нестӣ таҳдид мекард. Дар ҳамон шабу рӯзи фалокатбор, моҳи ноябри соли 1992, бо ташаббуси онҳое, ки нисбат ба тақдири миллат бетараф набуданд, дар назди тақдири халқ эҳсоси масъулият доштанд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъват гардид, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Халқи Тоҷикистон бо чашми умед ба он менигарист, ки метавонад қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, омили ба эътидол омадани вазъият, василаи поягузории давлати навини тоҷикон гардад. Дар он айёми барои давлату миллат сарнавиштсоз на ҳар кас ҷуръат мекард зимоми давлатдориро, давлате, ки ҳама сохтораш аз фаъолият мондаву фалаҷгаштаро ба даст бигирад. Касе барои ба маснади Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан розӣ гардид, ки бо амалу суханрониҳояш мардум аллакай ӯро дӯст дошта буд ва дар симояш наҷотбахшро медид. Ӯро фарзонагиаш, ҷасорату шуҷоаташ, дарки масъулияти бузургаш, ҷоннисориаш, бетараф набуданаш нисбат ба сарнавишти миллату давлат водор сохт, ки бори гарони масъулияти бузургро бар дӯш гирад. Ӯ хуб медонист, ки бунёди давлати навин, ба эътидол овардани вазъият, хотима бахшидан ба ҷанг, баргардонидани гурезаҳо ва муҳайё кардани зиндагии осоишта кори саҳлу осон нест, аммо виҷдону имонаш, мардум ва хоки аҷдодиашро аз ҷон бештар дӯст доштанаш, нангу номусаш, дар назди насли оянда эҳсоси масъу­лият доштанаш водор сохт, ки бо такя ба хиради халқ барои амалисозии ормонҳои миллӣ камари ҳиммат бандад. Баъдҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мавриди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ чунин изҳори назар намуданд: «…Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи поки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам…».

Он лаҳзае, ки Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбар фаромада, дар назди Парчам бо нишони арҷгузорӣ онро бӯсида, ба рӯй молид, бисёр такондиҳанда буд ва мардуми ҷумҳурӣ, ки он манзараро тавассути телевизион тамошо мекард, дарк намуд, ки бо чунин роҳбари хирадманду дурандешу ҷонфидову дилсӯзи миллату давлат ӯро ояндаи дурахшон интизор аст.

Раиси Шӯрои Олӣ дар муроҷиат ба мардуми кишвар чунин иброз дошт: «…Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Маҳз дурандешию ояндабинии Роҳбари давлат буд, ки дар ибтидо ба ҳалли масоиле пардохт, ки барои ҳифзи миллату давлат мубрам маҳсуб меёфтанд: дархости ёрӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ дар кишвар, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини амнияти онҳо, ба низом даровардани кори ташкилоту муассисаҳову корхонаҳо, зина ба зина рушд додани сохторҳои хоҷагии халқ ва ислоҳоти онҳо, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ба аҳолӣ тақсим карда додани замин, таҳия намудан ва рушди қонунгузорӣ дар кишвар, таъсис додани артиши миллӣ, пайвастан ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо дигар давлатҳо, сари мизи музокирот хондани мухолифин, эъломи сиёсати дарҳои боз, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ нафароне, ки дар мухолифатҳои сиёсӣ дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудан, ба собиқ мухолифин мансабҳо додан, мушкилоти тоҷиконро бо роҳи мусолиҳа ҳал намудан, то ин ки сулҳро барқарор намояд. Ин ҳама бо душворӣ ҳам бошад, дар амал татбиқ гардиданд.

Гуфтушунид ва музокирот бо мухолифин оғоз ёфт, ки дар ин раванд Роҳбари давлат ташаббус нишон додаву аввал иқдом намудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳдиди хатар ба ҷонашро нодида гирифта, манфиати миллату давлатро дар мадди аввал гузошта, худ барои мулоқот бо сарварони мухолифин ба мавзеи Хустдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуд. Иқдоми наҷибу ҷавонмардонаи дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он буд, ки барои мулоқот бо мардум ба манотиқи кишвар сафар намуда, рӯ ба рӯ бо халқ суҳбат менамуд, вазъи ногувору сарнавиштсозро таҳлил мекард, тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллатро тавзеҳ дода, даъват ба миён меовард, ки ба хотири наҷоти давлати тозаис­тиқлол, кинаву адоватро як сӯ гузоранд, ба ҷаҳониён собит созанд, ки миллати ҷангҷӯ нестем.

Маҳз ҳамон мулоқотҳо боис ба тағйири назари афроди ҷангҷӯй гардида, онҳо дар атрофи Роҳбари давлат ҷамъ омаданд, музокироту гуфтушуниди тарафҳо сурати дигар гирифт ва бо гузашти чаҳор соли пур аз ҷонбозиҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрои сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Халқи тоҷик бо роҳнамоии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санҷишу имтиҳони сахти таърих сарбаландона гузашт, хатари маҳвшавӣ рафъ гардид. Сарвари давлат тавонист бо роҳандозии сафарҳои расмию корӣ ба давлатҳои дигар ва суханрониҳо аз минбарҳои баланди ҷамъияту созмонҳои сатҳи байналмилалӣ диду назари ҷаҳониёнро нисбат ба тоҷикон дигар кунад.

Дар фароварди сухан ногуфта наметавонем, ки чун даврони пур аз ҷангу ҷидоли солҳои навадуми охири қарни гузаштаро бо ободкориҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар қиёс карда, ҳаводиси хуношоми ҷанги таҳмилиро пеши назар меорем, бидуни дудилагӣ мегӯем: Пешвои миллат наҷотбахши миллат аст ва итминони комил дорем, ки ҳар касе заррае адлу инсоф дорад, инро тасдиқ хоҳад кард.

Барно САИДВАЛИЗОДА,

сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 номзади илми ҳуқуқшиносӣ