Кирдорҳои террористӣ, ки дар ҷаҳони муосир яке аз ҷиноятҳои даҳшатноктарин ба шумор меравад, дар маҷмӯъ амнияти марзу бум ва шаҳрвандонро халалдор месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дақиқназарона қайд кардаанд, ки «Террорист дину мазҳаб ва ватан надорад».
Дар адабиёти ҳуқуқӣ мафҳуми «терроризм» хеле васеъ маънидод шудааст: Кирдорҳои зӯроварӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва кирдорҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон мегарданд, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқӣ, амволӣ ё дигар манфиати онҳо, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин, биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, ҳамчун амали террористӣ тасниф мегарданд.
Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои муҳими давлат аст ва давлат рисолати худро дар ин соҳа тавассути рукнҳои давлатӣ — ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд. Яке аз субъектҳои бевоситаи бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон низ уҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва ё мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳама ҳодисае, ки аломатҳои онҳо аз терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувоҳӣ медиҳанд, фавран хабар диҳанд. Давлат муҳофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кумак мерасонанд, кафолат дода, бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ чораҳои дахлдор меандешад.
Шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ машғул мешаванд ё бо террористон ва ташкилотҳои террористию ифротгаройӣ ёрӣ мерасонанд, фаъолияти онҳоро тарғиб менамоянд, мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористӣ нестанд, аммо аз номи онҳо амали террористӣ содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, мусаллаҳ гардонидани он иштирок менамоянд, дар баробари аъзои ташкилотҳои террористӣ ҷавобгаранд. Инчунин, шахсоне, ки дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористӣ ё шахсони алоҳидаи ба фаъолияти террористӣ шарик маълумот доранд, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, низ тибқи моддаи 347 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Мутаассифона, имрӯз дар ҷамъият чунин шахсон ба назар мерасанд.
Тавре аз баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бармеояд, ҳастанд ҷавононе, ки қарзи шаҳрвандиро фаромӯш ва ҳисси ватандӯстиву ватандориро гум карда, ба давлату миллат хиёнат менамоянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни аҳолӣ ба таври муассир ба роҳ монд.
Шаҳрвандон бояд донанд, ки вобаста ба кирдорҳои ҷинояткорона бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмону ташкилотҳои гурӯҳи «Ал — қоида», Ҳаракати исломии шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҷунбиши «Толибон», Ташкилоти гурӯҳи исломии Покистон ва «Салафия» манъ ва ҳамчун гурӯҳи террористӣ — экстремистӣ эълон гардидаанд.
Аз 12 декабри соли 2014 «Гурӯҳи 24» ва аз 20 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳҳои экстремистӣ — террористӣ эътироф шудаанд.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт, шурӯъ аз оила то кӯчаву ҷамъомадҳо ба роҳ монад ва бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ (ифротгаройӣ), ки мақсадҳои ғаразнок доранд, муборизаи беамон бурда, суботу амнро дар Ватани азизамон ҳимоя намояд.
БАРОТЗОДА Ҳусен Наҷот, раиси Суди ноҳияи Рашт