Ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии куҳансолонро, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ аз 14 декабри соли 1990 тасдиқ шудааст, ҷашн мегирад. Сабаб афзоиши теъдоди пиронсолон дар сайёра ба ҳисоб меравад. Ассамблеяи дуюми генералии СММ вобаста ба ин масъала аз 8 то 12 апрели соли 2002 дар Мадрид баргузор гардида, на танҳо қарори тасдиқи Рӯзи байналмилалии куҳансолонро дастгирӣ намуд, балки ба сарони кишварҳо нақшаи байналмилалии амали Мадрид оид ба масъалаҳои пиронсолонро коркард ва пешниҳод кард. Нақшаи амали Мадрид ба кишварҳои аъзои СММ пешниҳод менамояд, ки самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатро мавриди истифода қарор диҳанд ва ба пиронсолон ҳаёти шоистаро таъмин намоянд. Аз соли 2002 ҳар 5 сол намояндагони кишварҳое, ки аъзои СММ ҳастанд, дар конфронсҳои вазоратӣ, ки одатан дар Қасри миллатҳои Женева ё дигар кишварҳои Аврупо гузаронда мешаванд, оид ба татбиқи пешниҳоди Нақшаи амали Мадрид вобаста ба пиронсолон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Сабаби муносибати ҷиддӣ бо куҳансолон аз охири асри XX афзоиш ёфтани давомнокии умри аҳолии рӯи замин аст. Мувофиқи тадқиқоти гузаронидаи коршиносони СММ ҳар сол беш аз 1 миллион нафар ба синни 60 қадам мегузоранд. Дар ду даҳсолаи охир — солҳои 1950 — 2010 дарозумрӣ дар ҷаҳон аз 46 то 68 — солагӣ афзоиш ёфт ва мувофиқи пешбиниҳо охири асри XXI ба 81 сол мерасад. Айни замон дар ҷаҳон қариб 700 миллион нафар ашхоси аз 60 — сола боло ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам соли 2050 ба 2 миллиард мерасад, ки беш аз 20 фоизи аҳолии рӯи заминро ташкил хоҳад дод. Агар пешбинии мутахассисонро ба назар гирем, пас дар соли 2050 бори аввал дар таърихи инсоният шумораи одамони аз 60 — сола боло нисбат ба кӯдакони то 15 — сола зиёдтар мешавад.
Муҳимияти масъалаи вобаста ба пиршавии демографии аҳолиро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ таъкид мекунад: «Масъалаҳое, ки ба пиршавӣ дар асри ХХI алоқаманданд, аз масъалаҳое, ки дар асри гузашта арзи вуҷуд мекарданд, фарқи зиёд хоҳанд дошт. Мо бояд роҳҳои нави масоили пиршавӣ, дар навбати аввал, мушкилотеро, ки ба тандурустӣ вобастаанд, дарёфт намоем». Ҳамаи ин тақозо мекунад, ки ба талабот ва мушкилоти калонсолон таваҷҷуҳи махсус равона карда шавад.
Калонсолон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа созандагони фаъоли сарнавишт ҳастанд, интизор намешаванд, ки мушкили онҳоро дигарон ҳал кунанд. Бинобар ин, ҳар сол дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон чорабиниҳо гузаронида мешаванд ва онҳо зери шиори «Пирӣ ҳаракат металабад» қадам мезананд. Он аз соли 2007 доир мешавад ва айни ҳол дар беш аз 55 кишвари ҷаҳон баргузор мегардад. Иштирокчиён баромад намуда, ҳуқуқҳои калонсолонро ҳифз мекунанд.
Соли равон мавзӯи Рӯзи байналмилалии куҳансолон: «Эътирофи хизматҳои фаъолони куҳансол оид ба ҳуқуқи инсон» аст, ки ба таҷлили 70 — солагии қабули Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон, ки аз тарафи СММ таҳия ва соли 1948 тасдиқ гардидаст, рост омад. Дар он аввалин бор ҳуқуқҳои асосии инсон ворид ва таъмини пурраву баробари онҳо, ҳамчунин, озодиҳои асосии куҳансолон тасдиқ гардид. Рӯзи байналмилалии куҳансолон имкон медиҳад, ки саҳми бузурги онҳо дар ҳаёти ҷомеа эътироф карда шавад. Ин имконият ақидаҳоро дар бораи куҳансолон ҳамчун одамони муҳтоҷ, камфаъол ва нолозим дигар мекунад.
Ҳамин тариқ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи куҳансолон дар роҳандозии сиёсати нав дар муносибат ба ҷомеаи куҳансол барои кишварҳо асос мешавад.
Раванди пиршавӣ дар кишварҳои ҷаҳон нобаробар аст. Дар баъзе аз кишварҳо он 25 — 30 фоиз (Ҷопон), дар дигар кишварҳо 15 — 20 фоизро ташкил медиҳад. Дар бархе кишварҳо раванди пиршавӣ акнун оғоз меёбад.
Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ба марҳилаи пиршавии аҳолӣ ворид шудааст. Маълумот дар бораи афзоиши давомнокии ҳаёт дар кишвар нахустин бор аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 садо дод, ки дар он таъкид мешавад: «Агар дар соли 2000 — ум дарозумрии сокинони мамлакат ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011 — ум ба 72,5 сол баробар шудааст». Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 бошад, чунин қайд шуд: «Дар ин сол аҳолии кишвар дуюним фоиз афзуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон 73,4 солро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум беш аз 5 сол зиёд аст».
Дар мамлакат ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мешавад: «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».
Инчунин, 22 майи соли 2016 зимни баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия яке аз моддаҳои иловагардида (мод.34 қисми 2) ба масъалаи насли наврас тааллуқ дошт: «Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд».
Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ (боби 4.3, «ҳифзи иҷтимоӣ») куҳансолон ба гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ ворид карда, амалисозии як қатор вазифаҳо дар ин самт пеш гузошта шудаанд:
- рушди низоми ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони пиронсол тавассути баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон;
- ҷорӣ намудани стандартҳои минималии хизматрасониҳои иҷтимоии ба пиронсолон пешниҳодшаванда;
- ташкил ва ҷорӣ намудани хадамоти геронтологӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои махсусгардонидашуда ба пиронсолон;
- ташаккули низоми маблағгузории сарикасии Хадамоти иҷтимоӣ ба пиронсолон дар муассисаҳои интернатӣ;
- ташкили механизмҳои шуғли тағйирпазири шаҳрвандони пиронсол…
Дар пеш нақшаҳо зиёданд, вале барои амалисозии онҳо кӯшишҳои муштараки сохторҳои ҷомеа зарур аст. Аз ҳама муҳим, фаъолияти вобаста ба мушкилоти пиронсолиро бо дигар намудҳои фаъолият дар соҳаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг сохтан лозим меояд. Агар ояндабин будан хоҳем, зарур аст, ки иқтидори насли пиронсолро ҳамчун боигарии миллӣ, асоси рушду шукуфоии минбаъдаи кишвар бояд эътироф намоем.
Саодат КАМОЛОВА, директори Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ, геронтологи калони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон