Ба маълумоти шумо мерасонем, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, № 622 Суди Олӣ мақолаи Ҳаким Комилов «Писарам барои ҷинояти содирнакарда панҷ сол ҷазо гирифт»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 24 январи соли 2019, № 10 (3960) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Муайян шуд, ки бо Ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16 июли соли 2018 Комилов Идибек Ҳакимович бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.
Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2018 ҳукми мазкур бетағйир монда шудааст.
И. Ҳ. Комилов аз ҷониби суди марҳилаи якум барои он гунаҳгор дониста, маҳкум гардидааст, ки 23 декабри соли 2017, тахминан соати 2300, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштан, дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров бо ҳамроҳии ду шахси ба тафтишот номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ шаҳрванд Шокиров Фаридун Абдулазизовичро мавриди латукӯб қарор дода, бо корд ба баданаш задааст, ки дар натиҷа, охирин ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Гуноҳи И. Ҳ. Комилов дар содир намудани ҷинояти дар боло зикргардида бо нишондодҳои ҷабрдида Ф. А. Шокиров, шоҳидон Умарҷони Ш. А., П. Ҷ. Абдураззоқов, Д. Э. Норов, Ҷ. Т. Холов, протоколҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, рӯбарӯкуниҳо ва дигар далелҳо, ки дар мурофиаи судӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд, бо пуррагӣ исбот шудааст.
Суди марҳилаи якум кирдори И. Ҳ. Комиловро бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятӣ, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ва бо истифодаи силоҳ пешбинӣ менамояд, дуруст бандубаст намудааст.
Ваҷҳҳои дар мақола овардаи муаллиф дар хусуси он ки тафтиши пешакии парванда нопурра гузаронида шудааст ва суди марҳилаи якум камбудиҳои мақомоти тафтишоти пешакиро мадди назар намуда, И. Ҳ. Комиловро ғайриқонунӣ маҳкум кардааст, беасос буда, бо далелҳои дар парванда ҷамъоварда рад карда мешаванд.
Аз ҷумла, шоҳид Холов Ҷурабек Тағоймуродович дар рафти тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ нишондод додааст, ки дар Маркази савдои «Саодат» ба ҳайси муҳофиз фаъолият менамояд. 23 декабри соли 2017, тахминан соати 2350 дақиқа, дар назди қаҳвахонаи «Чикен» ҷанҷол шудаст. Ӯ наздиктар рафта дидааст, ки се-чор шахси ношинос И. Комиловро зада истодаанд. Ӯ онҳоро халос кардааст ва дар ин вақт ҷабрдида Ф. Шокиров гуфтааст, ки И. Комилов бо корд дар пушташ задааст. Сипас, яке аз он шахсон як кордро ба ӯ дода гуфтааст, ки ин корди И. Комилов мебошад. Ҳолати мазкурро ӯ ба кормандони милиса хабар дода, пас аз омадани онҳо кордро ба онҳо супоридааст.
Ҳамин тариқ, санадҳои қабулгардидаи судӣ нисбат ба И. Ҳ. Комилов қонунӣ буда, барои бекор кардани онҳо асос мавҷуд нестанд.
А. Исҳоқӣ, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон