Президент ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ

№133 (3770) 14.11.2017

logo_xvi_pngОдамият аз замони пайдоиш ниёз ба пешвою роҳбар дошт. Оҳиста-оҳиста дар натиҷаи ташаккули фарҳанги инсонӣ ин ниёзмандӣ хусусияти бештар пайдо кард ва аз сӯи мардум бо дарназардошти маҳорат рӯи кор мешуд.

Миллатҳо, ба вежа, форсу тоҷик, солори худро шоҳ, шоҳаншоҳ, арабҳо халифа, амир, ҳоким, туркҳо хон, хоқон, фарангиҳо қайсар ва пас аз рушди фарҳанги давлатдорӣ Президент, Корол, Раис ва монанди ин меномиданд. Пас аз барҳам хӯрдани дудаи Сосониёну Сомониён маснади шоҳӣ ҷойгоҳ аз даст дод. Ниҳодҳои давлатӣ садаҳои охир бештар интихобӣ шуданд. Шаҳрвандон бо роҳи раъйдиҳӣ онҳоро интихоб мекунанд ё аз тарафи Парламент интихоб мешаванд. Дар гузашта, маснад баъзан бо роҳи зӯрӣ низ ишғол карда мешуд. Ҳоло бештар вожа ё маснади Президент фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Дар замони шӯравӣ сарварии давлат ва ё ҷомеаро котиби якуми ҳизби коммунист ба зимма дошт.

Дар Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардид ва мувофиқи он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона шинохта шуд, ки раъйи мардум ва ташаббуси Роҳбари давлат буд. Конститутсия сохти давлату ҷомеа ва тартиби бунёд, сохтору пешрафти кори ниҳодҳои давлатиро, ба вежа тартиби интихоби Президенти кишварро муайян кард.

Боби чоруми ин санади муқаддас ба Президенти кишвар бахшида шудааст. Ба андешаи ман, бояд боби сеюм ба Президент бахшида мешуд, зеро Президент Сарвари давлат аст. Сарвар ҳамеша дар пеш бояд бошад. Дар асл чунин ҳам ҳаст. Дар Конститутсияи Федератсияи Россия Президент пеш аз Парламент ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷой дода шудааст. Мазмуни Президент низ аз вожаи лотинӣ буда, пешвою роҳбарро ифода мекунад. Ин хоси кишварҳои мардумӣ (ба арабӣ ҷумҳурӣ ва ба фарангӣ республика) аст. Имрӯзҳо аксаран мутахассисону донишварони соҳа ва сиёсатмадорон Президентро ба ҳокимияти иҷроия мансуб медонанд. Ин пазируфта шудааст. Вале, ба андешаи инҷониб, чандон дуруст нест. Ин ниҳод бори нахуст соли 1787 дар Амрико бунёд шуд. Дар Тоҷикистон соли 1990 рӯи кор омад. Идораи президентӣ шакли дуруст ва беҳтарини идораи давлатӣ аст.

Мувофиқи моддаи 69-и Конститутсия, Президент Сарвари давлат, кафили соҳибихтиёрии давлат, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муназзамии кори ниҳодҳои давлатӣ аст, ки ба онҳо ниҳодҳои (ҳокимияти) қонунгузору судӣ низ шомил ҳастанд. Президент кори шохаҳои ҳокимиятро ҳамоҳанг месозад. Вобаста ба ин, Президент наметавонад ҳокимияти иҷроия бошад. Президент ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ мекунад. Гузашта аз ин, Президент муайянкунандаи сиёсати давлатӣ аст ва ин сиёсат барои ҳама шохаи ҳокимият ҳатмист. Дар баробари ин, ҳокимият иҷрокунанда буда наметавонад. Ин хилофи мантиқ аст. Ҳокимият ниҳоди фармон­раво аст, на иҷрокунанда (ҳоким, ҳокимият, ҳукумат, ҳукм… ба монанди ҷумҳур, ҷумҳурият (мардумӣ). Дар асл Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз на ҳокимияти иҷрокунанда, балки ҳокимияти идоракунанда аст, кишвар ва ҷомеаро идора мекунад. Қонун низ дар бораи низоми мақомоти идоракунӣ амал мекунад, на дар бораи низоми мақомоти иҷроия. Ҳукуматро Президенти кишвар бунёд мегузорад ва он танҳо дар назди Президент масъулу ҳисобдеҳ аст.

Мо — тоҷикон бо ташаббуси вакилони мардумӣ Пешвои худро ба таври расмӣ шинохтем, албатта, бо талаби мардум. Ҳарчанд ба таври ғайрирасмӣ мардуми Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро то замони қабули қонун ҳам, Пешво ном мебурданд.

Бо дарназардошти дигаргуниҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсия воридгардида, он дар таҳрири нав бо номи Қонуни конститутсионӣ дар бораи Асососгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат қабул гардид. Бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта, дар асоси қонун 16 ноябр — Рӯзи Президенти кишвар муқаррар гардид.

Мо бояд дар роҳи устувории ниҳоди президентӣ қадамҳои фароху фаротар гузорем, зеро дидем, ки киштии давлат ва ё ҷамъиятро танҳо сардори моҳир, маллоҳи варзида ба соҳили мурод мерасонад. Агар маллоҳ бисёр шавад, (монанди дуҳокимиятӣ дар оғози бунёди кишвари шӯроҳо ва ё дигар кишварҳо) он дар тӯфони бузурги баҳри зиндагӣ ногузир ба шикаст рӯ ба рӯ мешавад.

Аз гузашта бояд сарфароз бошем ва дар роҳи зинда кардани он, албатта, бо дарназардошти шароити замони нав гомҳои фароху жарфу густурдатар гузорем. Фарҳанги миллиро бештар бо дастовардҳои пешрафти ҷаҳони имрӯз омезиш диҳем.

16 ноябр 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, зеро он дар пойдории кишвар, ба вежа рӯи кор омадани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳам омадани мардум, баргаштани гурезаҳо, қабули Конститутсия ва дигар санадҳои ояндасоз, ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, оромиву осоиш нақши бузург дорад.

Дар бораи қаҳрамониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, менависанд ва хоҳанд навишт. Ҳарчанд ба ин ниёз надоранд, зеро мушк он аст, ки бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд. Чунки барои кишвару мардум корҳое карданд, ки Франклин Рузвелт, Ҷорҷ Вашингтон, Камол Отатурк ва дигарҳо карда буданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори Анӯшервони одил, Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дигарон буда, мардум ӯро дар оянда низ, ки дар роҳи озодиву ободии кишвар корҳои бузургро анҷом додааст, қадр мекунанд ва гиромӣ медоранд.

Рӯзи Президент ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон фархунда бод.

Содиқи Кашрудӣ