БА ИСТИҚБОЛИ 19-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ПРОКУРОРҲО ДАР БАРГАРДОНИДАНИ ГУРЕЗАҲО ЧӢ САҲМ ДОРАНД?

№75 (3555) 10.06.2016

Заминаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳу суботи ҷомеа дар Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, бо интихоби Сарвари давлат марҳилаи сифатан нав шурӯъ гардид. Яке аз масъалаҳои ин иҷлосия «Дар бораи тартиби ба ҷойҳои истиқоматии муқимиашон  баргаштани  гурезаҳо» буд ва дар робита ба он 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» қабул шуд. Ин қонун вобаста ба  вазъи дохилии кишвар ва танҳо нисбати шаҳрвандоне мавриди амал қарор мегирифт, ки иҷборӣ тарки Ватан карда буданд.

Дар ин хусус чанд санади зерқонунӣ қабул  шуд, ки татбиқи қонуни мавриди назарро таъмин намуданд. Ҷиҳати амалӣ сохтани қонуни мазкур дар бахши кумак ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои гурезаҳо фаъолияти мақомоти  прокуратураи ҷумҳурӣ назаррас буд.

Бо кумак ва дахолати  прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва  дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 10 ҳазор  хонае, ки аз тарафи дигар шаҳрвандон  ғайриқонунӣ ғасб шуда буданд, ба  соҳибони аслӣ  баргардонида, то сентябри соли 1997 дар ҷумҳурӣ беш аз 142 ҳазор гуреза ба ҷойи кор таъмин шуданд.

Бахусус  дар бораи ҳимояи  манфиатҳои иҷтимоии шахсони аз  низоъҳои ҳарбӣ зарардида, бартараф сохтани қонуншиканиҳо прокуратураҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи  Шаҳритуз корҳои назаррасро ба анҷом расонданд. Фаъолияти онҳо дар робита ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирони иҷборӣ» дар ҷаласаи Кумитаи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сиёсати аграрӣ, озуқа ва шуғли аҳолӣ (31 июли соли 1996) баррасӣ гашт ва ба он баҳои мусбат дода шуд. Аз ҷониби  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти прокуратураҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Шаҳритуз ҳамчун таҷрибаи пешқадам арзёбӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 80 — солагии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти прокуратура ҳанӯз аз аввали таъсисёбии ин сохтор бо вуҷуди шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро мекарданд.

Ин баҳои баланд моро водор менамояд, ки дар ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон собитқадам бошем.

Аброр СИДДИҚОВ,

прокурори шуъбаи таъминоти

ҳуқуқӣ, мониторинги  қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум