РӮДАКӢ. ПАРДОХТИ МАБЛАҒИ СУҒУРТА БА ЗАРАРДИДАГОН

№75 (3555) 10.06.2016

Офати табиӣ ба хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Комсомол, Адолат, Файзоба, Сароб, Шафақ ва Садоқати деҳоти «Зайнабобод» ва деҳаҳои Истиқлол, Коргар, Косибон, Румӣ, Ҳоҷиён ва Элоки шаҳраки ба номи М. Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ зарари ҷиддӣ расонид.

Кормандони филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯзи аввали офат ҳаҷми зарари ҳар як хонаводаро муайян карда, пардохти суғуртавиро ба роҳ монданд.

Тавре директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдуқаҳҳор Мамуров иттилоъ дод, ба 77 нафар истиқоматкунандаи деҳоти «Зайнабобод» ва шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода 21761 сомонӣ маблағи зарар пардохт шуд. Аз ин миқдор 3325 сомонӣ ба даҳ нафар аз рӯи  шартномаи суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёт ва 18436 сомонӣ ба 67 нафар аз рӯи шартномаи суғуртаи ихтиёрии иморатҳо дода шуд.

Айни ҳол аризаи 46 нафар зарардида ба қайд гирифта шудааст ва маблағи зарар баъд аз муайян намудани ҳаҷми он пардохт мешавад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»