Рӯзҳои офтобиро самаранок истифода намоем

№12 (4908) 27.01.2025

ЭНЕРГИЯ 111Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 изҳор намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст». Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад, афзуданд Сарвари давлат.

Дарвоқеъ, оқилона истифода бурдани энергияи офтоб, ки манбаи тамомнашавандаи гармию рӯшанӣ мебошад, манфиати зиёд хоҳад овард. Агар энергияи яксолаи ба замин фиристодаи Офтоб­ро ҳисоб кунем, он ба истифодаи 90 триллион тонна ангиштсанг баробар аст. Танҳо дар зарфи 15 дақиқа офтоб ба сайёраи мо он қадар энергия мефиристад, ки ба инсоният тӯли як сол кифоя мекунад.

Солҳои охир истифода аз энергияи офтоб дар Чин, Ҳиндустон, ИМА, Германия, Кипр, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Арабистони Саудӣ ва ғайра вусъат ёфта истодааст. Мувофиқи маълумоти раёсати миллии энергетикаи Ҷумҳурии Мардумии Чин (NEA), соли 2023 иқтидори неругоҳҳои офтобии Чин 55,2 фоиз (216,88 гигаватт) афзуд. Дар тамоми ҷаҳон ин нишондиҳанда 350 гигаваттро ташкил дода буд. Ҳамин тавр, иқтидори умумии истеҳсоли неругоҳҳои офтобии Чин дар соли 2023 ба 2920 гигаватт расид, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон мебошад. Аз ҷиҳати ­тавоноии иқтидорҳои нави насбшуда дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 аз ҳисоби неругоҳҳои офтобӣ 180 ГВт ва неругоҳҳои шамолӣ 104 ГВт ба системаи энергетикии Чин илова гардид.

Дар маҷмуъ, иқтидорҳои нави неругоҳҳои офтобию шамолии Чин аз неругоҳҳои ҳароратии бо ангиштсанг коркунанда зиёд шуд. Гузаштан ба истифодаи неруи офтоб ҳам ҷанбаи экологӣ ва ҳам иқтисодӣ дорад. Ҳар сол дар Чин 1,5 миллион нафар бо сабаби ифлосии ҳаво (тумани заҳролуд) мефавтанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат кӯшиш мекунад бо амалисозии барномаҳои экологӣ сатҳи ифлосшавии ҳаворо кам кунад. Соли 2025 Чин тасмим гирифтааст, ки неругоҳҳои нави офтобиро бо иқтидори умумии 265 гигаватт (265 000 мегаватт) ба истифода диҳад. Ҳоло калонтарин неругоҳҳои офтобии ҷаҳон дар мавзеи Руотсяни ноҳияи автономии Синтзян Уйғури Чин сохта шудааст, ки иқтидораш 4000 мегаватт мебошад. Аз ҳисоби насби панелҳои офтобӣ дар Чин сӯхтани 2 миллиону 82 ҳазору 400 тонна (!) ангиштсанг пешгирӣ гардид.

 Пас аз Чину ИМА аз ҷиҳати теъдоду иқтидори неругоҳҳои офтобӣ Ҳиндустон дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Соли 2024 дар Ҳиндустон аз ҳисоби неругоҳҳои офтобӣ ба низоми энергетикии мамлакат боз 24500 мегаватт неруи барқ изофа шуд, ки ин рақами рекордӣ мебошад. Ҳамин тавр, истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ин кишвар ба 209 440 мегаватт расид, ки 47 дарсади он ба неругоҳҳои офтобӣ рост меояд. Ҳиндустон мақсад дорад, ки то соли 2030 нисфи истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод, об) ба роҳ монад.

Британияи Кабир соли 2024 қариб 54 дарсади истеҳсоли барқро танҳо аз ҳисоби энергияи шамол, офтоб, биомасса, чӯбпора ва газ аз ҳисоби партовҳо (биогаз) ба роҳ монд, ки ин нишондиҳандаи рекордист.

Бартариҳои «энергияи сабз»-ро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2023 чунин таъкид намуда буданд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро бо панелҳои офтобӣ пӯшонем, неруи барқе, ки аз онҳо тавлид мешавад, метавонад 5 миллиард киловатт/соатро ташкил диҳад. Интенсивнокии радиатсияи офтоб дар кишвари мо ба 1 метри мураббаъ 1000 волтро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар қиёс бо баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки ҳоло неругоҳҳои офтобиро фаровон истифода мебаранд, хеле зиёд аст. Агар дар ҷумҳурии мо низ мисли аврупоиҳо дар хонаҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангию варзиш насби панелу обгармкунакҳои офтобӣ васеъ ба роҳ монда шавад, метавонем аз ин ҳисоб то 20 дарсади талаботи энергетикиро қонеъ намоем. Энергияи аз ин ҳисоб сарфашударо метавонем бо нархи баландтар ба хориҷи кишвар содирот намоем, ки ин ба нафъи ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 60-солагии таъсисёбии АМИТ ба рушди энергияи алтернативӣ таваҷҷуҳ карда, чунин таъкид намуданд: «Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 дарсад кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои баландошёна, мактабу беморхона ва корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани об коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд». Дарвоқеъ, шумораи рӯзҳои офтобӣ дар Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳо соле ба 280-330 рӯз мерасад, ки ин нисбат ба кишварҳои аврупоӣ бештар аст. Ҳоло дар Кипр қариб 90 дарсади иморатҳо обгармкунаки офтобӣ доранд. Дар Туркия, Олмон, ИМА, Марокаш, Чин ва Нидерландия низ теъдоди истифодабарандагони обгармкунакҳои офтобӣ торафт меафзояд. Дар ИМА барномаи «Як миллион боми офтобӣ» самаранок амалӣ гардид.

Аз 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар 25-тои он (ғайр аз Белгия ва Венгрия) ба насби панелҳои офтобӣ дар балконҳо иҷозат дода шудааст.

Дар Олмон бо мақсади сарфаи маблағ маъракаи гузоштани панелҳои офтобӣ дар бом ва балконҳои хонаҳои истиқоматӣ авҷ гирифта истодааст, зеро барқи аз таҷҳизоти офтобӣ ҳосилшуда нисбат ба барқи шабакаи умумӣ се маротиба арзон аст. Системаҳои офтобӣ вобаста ба иқтидор аз 400 то 1200 евро нарх дошта, дар 5-6 сол пулашонро ҷуброн менамоянд ва 15-20 соли дигар бепул барқ медиҳанд. То ҳол дар манзилҳои сокинони Олмон 400 000 панели офтобӣ насб шудааст, ки 50 000 ададаш ба соли 2024 рост меояд. Тавоноии умумии панелҳои офтобии дар балконҳо насбшуда ба 200 МВт мерасад. Соли 2024 қариб 59 дарсади неруи барқи Олмон аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия буд. Ҳукумати ин кишвар тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 ин рақамро ба 80 дарсад расонад.

Ин таҷрибаро метавонем дар ҷумҳуриамон амалӣ созем. Ҳоло дар ноҳияи Мурғоб, як қатор мактабу муассисаҳои тиббӣ ва ширкатҳои алоқа таҷҳизоти офтобӣ насб шудаанд, ки самараноканд. Соҳибкорон чунин таҷҳизотро асосан аз Чин, Эрон ва Туркия ворид менамоянд. Истеҳсоли чунин таҷҳизотро метавонем дар кишвар низ ба роҳ монем. Мувофиқи таҳқиқоти олимон дар наздикии шаҳри Исфара захираи элементи кремний мавҷуд аст. Кремний яке аз элементҳои асосии таҷҳизоти офтобӣ ба шумор меравад. Агар олимони ҷумҳурӣ роҳи осону арзони истеҳсоли кремнийро ёбанд, истеҳсоли таҷҳизоти офтобиро ба роҳ монда, ба ҳар хонаводаи кишвар неруи барқи доимию арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаро дастрас карда метавонем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»