Равғани сиёҳдона сабаби шифоёбии модарам шуд

№85 (4191) 14.07.2020

Модарам Турсуной Хидирова моҳи январи соли 2020 бемор шуду сулфа, таби баланд, табларза ӯро аз пой афтонд. Нӯшобаҳои зидди сулфаю доруҳои пасткунандаи ҳарорат аҳволашро каме беҳ менамуду боз беморӣ хурӯҷ мекард. Пас аз ду ҳафтаи беморӣ вайро ба дармонгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе бурдам. Бо тавсияи табиби силшинос Тоҷиддин Касиров аввал шушашонро аз ташхиси рентген гузаронидем. Ташхис илтиҳоби дутарафаи шушро нишон дод. Маслиҳат дод, ки барои ба хулосаи комил омадан таҷзияи балғам супорем.

Натиҷаи таҷзия нишон дод, ки модарам бемории сил набудаанд.

Бо роҳхати Тоҷиддин Касиров модарамро даҳ рӯз дар беморхонаи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе бистарӣ кардем. Табиб Ёров Элмурод модарамро хуб табобат намуд, ки хеле миннатдорем. Пас аз як ҳафтаи рухсатӣ шудан аз беморхона аҳволи модарам дубора бад шуд. Намедонистам чӣ кор кунаму ба куҷо муроҷиат намоям. Ҳамон сулфаи хушк, бемадорӣ, табларза маро ба ташвиш оварда буд. Боз ба Касиров Тоҷиддин муроҷиат намудам. Моро аз нав ба ташхиси рентгенӣ фиристоданд. Баъди бо он шинос шудан Касиров модарамро ба берун бароварду ба ман гуфт:

- Аз рӯи нишондодҳои акси рентгенӣ 80 фоиз ба саратони шуш монандӣ дорад.

Тавсия дод, ки модарро барои муоина ба Маркази илмии саратоншиносӣ барам.

Дар ин муассиса духтури саратоншинос Дилшодов муоина намуда тавсия доданд, ки аз ташхиси компютерӣ гузаронам. Аммо ҳамон вақт аҳволи модарам якбора бад шуд. Биноан, он касро оҷилан ба хона овардам ва андешидам, ки то каме беҳ шудани аҳволашон ташхисро ба таъхир гузорем.

Чун ҳамон шабу рӯз бояд ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар менамудам, тамоми ҳуҷҷат, ташхису тавсияҳои табибонро ба шаҳри Тошканд бурдам. Ба яке аз беморхонаҳои калонтарини шаҳри Тошканд – клиникаи  «ТашМИ» ба қабули профессор, пулмонолог Дурдона Эшонқулова рафтам. Номбурда бо таърихи беморӣ, аксҳои рентгенӣ, муолиҷаи анҷомдодаи духтурон шинос шуду гуфт:

- Духтарам, дар аксҳои рентгенӣ нишонаҳои бемории саратони шуш дида мешавад. Аммо барои инро тасдиқ намудан модаратонро пурра муоина кардан лозим.

Чанд намуд чакрадору ва нӯшобаҳои табобатиро ба ман дод, то барои табобати модар истифода намоям.

Рӯзе яке аз дӯстонам тавсия дод, ки ба модарам равғани сиёҳдона диҳам. Ба худ гуфтам «ин қадар доруву дармонҳое, ки модарам қабул карданд, ба он кас шифо нашуданду наход як равған модари маро ба ҳолати пешина биёрад?».

Ба ҳар ҳол, аз дорухона як қуттии нимлитраи равғани сиёҳдонаи истеҳсоли ширкати «Авитсенна»-ро харидам.

Муъҷизаро бинед, ки  баъд аз 10 рӯзи истеъмоли равғани сиёҳдона аҳволи модарам рӯ ба беҳбудӣ овард, дар рӯяшон сурхӣ дамид, иштиҳо ва қувват пайдо шуда, дигар аз ягон дард шикоят намекарданд.Тибқи дастур, модарам истеъмоли равғани сиёҳдонаро 21 рӯз давом доданд.

Чанд рӯз қабл аз модар хоҳиш намудам, ки чӣ мешавад боз як бор аз ташхиси рентгенӣ гузаронем?

- Духтарҷон, ман комилан сиҳатам. Шифо аз ҷониби Худост, аммо ман фикр мекунам, ки равғани сиёҳдона он дарди бедаворо аз вуҷуди ман тамоман рафъ намуд.

Ман бори дигар ашк рехтам, аммо ин дафъа ашки шодӣ.

С. САФАРАЛИЕВА,  сокини кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе

 

P.S. Дар шумораи № 48-и рӯзномаи «Садои мардум» мақолае зери унвони «Нӯшдоруи «Сиёҳдона» барои пешгирӣ ва муолиҷаи  коронавирус муфид аст» чоп шуд. Муаллиф зикр намуда, буд, ки равғани сиёҳдона дар баробари бемориҳои пӯст, диабети қанд, склерози  рагҳои мағзи сар, кирмсорӣ, заҳри ҳашароти газанда, инчунин барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ низ муфид аст. Дар мақола барои дастгирии ширкатҳои дорусозии ватанӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳ пешниҳод ироа шуда буд. Ҳарчанд аз чопи мақола зиёда аз ду моҳ гузашта бошад ҳам, то ҳол аз вазорати мазкур дар бораи чораҳои дастгирии дорусозони ватанӣ ба идораи рӯзнома ҷавоб ворид  нашудааст.