Пешниҳоде, ки 10 июли соли равон дар шумораи №85-и рӯзномаи «Садои мардум» зери унвони «Чаро аз ҳисоби бонувон зимни адои ҳаҷ роҳбалад нест?» чоп шуд, саривақтӣ буда, шоистаи дастгирист. Масалан, соли ҷорӣ аз шаҳри Ҳисор 135 бону ба зиёрати Хонаи Каъба мераванд. Дар миқёси ҷумҳурӣ шояд теъдоди занҳо аз 2000 нафар ҳам зиёд бошад. Муаллиф дуруст таъкид намудааст, ки бонувон баъзе саволу мушкилотро намехоҳанд ба роҳбалади мард баён кунанд. Агар Шаҳло Гулова барин бонувони забондону аз аҳкоми ҳаҷ бохабар бошанд, занони ҳаҷкунанда бо дилпурӣ мушкилоташонро ба онҳо иброз хоҳанд кард. Номбурда соли равон ба мо 8 машғулияти ройгон гузаронид, ки аз ӯ миннатдорем. Кош, сафи ихтиёриёни ба хотири савоб фаъолияткунанда зиёд шавад.
Боварӣ дорем, ки Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мазкурро ба инобат гирифта, соли равон аз ҳисоби бонувони забондону огоҳ аз аҳкоми шариат низ роҳбалад интихоб мекунад.
Бо эҳтиром, Р. Аминова, З. Аслонова, М. Халилова, Х. Тӯраева, А. Зиёева, ҷамъ 35 нафар аз шаҳри Ҳисор