Дар бағал Сино, табиб аз Ғарб меҷӯяд агар,
Шарқро гӯ, то абад бемордорӣ мекунад…
Хайрандеш
Ҳақ бар ҷониби шоир аст. Дар ҳақиқат, илми тибби тоҷик манбаи бебаҳоест, ки таърих имтиҳон кардаю аз тарафи олимони дунё дастгирӣ ёфтааст. Дар ин радиф сарнавишти пири ҳакимони Машриқзамин — Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун сабақе барои омӯзиши донишмандону олимони имрӯз бояд қарор гирад.
Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи тамаддуни башарият шахсиятест, ки умри кам, вале бебаҳои хешро на танҳо ба омӯзиши илми тиб, балки ба фанҳои гуногун, аз ҷумла фалсафа, ҷуғрофия, кимиё ва ғайра равона кардааст ва дар ин раванд корҳои навро мавриди тадқиқ қарор дода, ба дастовардҳои зиёди илмӣ муваффақ гардидааст, ки аҳамияти хешро то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Аз ҷумла, Шайхурраис ба риштаи хело нозуки соҳаи тиб — асабшиносӣ таваҷҷуҳ намуда, як қатор дастуру маслиҳатҳо ва усулҳои табобатро пешниҳод кардааст, ки то имрӯз қимату манзалат гум накардаанд.
Беш аз 20 фасли «Ал- Қонун фи-т-тиб» — ро Абӯалӣ ибни Сино ба анатомия ва физиологияи мағзи сар, бемориҳои силсилаи асаб, усулҳои ташхис, тафриқа, табобат ва роҳҳои пешгирии он бахшидааст.
Аз ҷумла, бемориҳои дар сар рӯйдиҳандаро Абӯалӣ ибни Сино ба мағзи сар ва пардаҳои он вобаста менамуд. Махсусан доир ба дарди сар, ки то имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами илми асабшиносӣ мебошад, бисёр диққат додааст. Ӯ нисбат ба сабабҳо, хусусиятҳо, нишонаҳои беморӣ, муолиҷа ва пешгирии он далелҳои зиёде овардааст. Абӯалӣ ибни Сино, таъкид менамояд, ки сардард ин дарди андомҳои дар сар ҷойгирифта буда, он дар аксар вақт ба мизоҷ ва ихтилофи он, гусастани пайвастагӣ ва ё дар якҷоягӣ ба амал меояд. Агар мизоҷ тар бошад, дарди сар зоҳир намешавад. Аз ин рӯ, баъзе аз беморони гирифтори фишорбаландӣ дарди сарро ҳис намекунанд. Дарди сар, метавонад ба озор ёфтани гавҳари мағзи сар — гоҳе ба пардаи онро печонда, гоҳе байни ду парда ихтилол ба амал орад, гоҳе ба рагҳои хунтаъминкунандаи мағзи сар ва гоҳе ба пардаи берунии косахонаи сар (ҷумҷума) вобаста бошад, ки ҳамаи онро Ибни Сино ҳангоми ташреҳ муайян намудааст.
Аз ҷумла, қайд намудааст, ки сардард метавонад, ҳангоми иллат ёфтани узвҳои муштарак низ ба амал ояд. Яъне, то имрӯз илм мушаххас намудааст , ки дар бисёре аз бемориҳо сардард метавонад яке аз аломатҳои асосӣ ва ё дуюмдараҷа бошад. Ба қавли Ибни Сино, агар сардард ориза бошад, баъдан вай метавонад ба бемории асосӣ табдил ёбад. Баъзан таби баланд ё ин ки хуни бинӣ сиҳат шавад, дар бемор сардард боқӣ мемонад, ки ин аз иллати мағз ва ё пардаҳои он огоҳӣ медиҳад.
Илми тибби муосир гуфтаҳо ва далелҳои Ибни Синоро исбот менамояд ва дақиқан муайян намудааст, ки 30 фоизи беморони сардард гирифтори бемории органикӣ буда метавонанд, ки онҳоро дарди сари якуминдараҷа меноманд. Дарди сари дуюминдараҷа бошад, тахмин 40 фоизро ташкил медиҳад, ки он дар натиҷаи бемориҳои муштарак ва дигар бемориҳо ба амал меоянд.
Дарди нимсара, яъне «Шақиқа» низ аз тарафи Абӯалӣ ибни Сино мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст ва оид ба хусусиятҳои он (яъне бо дигаргуншавии моддаҳои мағзӣ ва мизоҷ вобаста будан), сабабҳои пайдоиш, омилҳои бавуҷудоварандаи дард, нишона ва муолиҷаҳои он далелҳои зиёд овардааст.
Имрӯз аксар олимони дардшинос тавсияҳои Абӯалӣ ибни Синоро дар асарҳои хеш қайд менамоянд ва бисёре аз онҳо то кунун дар адабиёти тибби муосир истифода мегарданд.
Самти дигаре, ки Абӯалӣ ибни Сино мавриди таҳқиқу табобат қарор додааст, иллати асаби чеҳра мебошад. Номбурда ба ин масъала дар замонаш диққати махсус дода, ин бемориро ҳамчун лақва ном бурдааст. Ба гуфти ӯ, лақва бемории афрозиест, ки андар рӯй падид омада, як ними рӯй кашида мешавад, ҳайати табиии он дигаргун мегарданд, лабону пилкҳои чашм аз як ним нек ба ҳам намеоянд. Сабаби ин беморӣ истирҳо ва ё ташаннуҷи мушакҳои пилкҳо ва рӯй мебошад.
Абӯалӣ ибни Сино, дар ин робита навиштааст: ҳангоми лақваи аз истирҳо падидомада, як тарафи рӯй ба дигар сӯй майл карда, нимаи дувумро низ мекашад, агар вай қавӣ бошад, ҳамаи рӯйро суст мекунад ва шакли онро дигаргун месозад, вале агар заиф бошад, танҳо истирҳо меорад.
Абӯалӣ ибни Сино бемории асаби чеҳраро пурра шарҳ додааст, ки то имрӯз дар илми асабшиносӣ ҳангоми невропатияи газакӣ ва ишемикӣ бо пуррагӣ истифода мегардад.
Баъди Ибни Сино як қатор олимони давлатҳои аврупоӣ нишонаҳои дарҷнамудаи онро омӯхта, номи хешро ба он гузоштанд, аз ҷумла, аломати Белла, Руссетский, Шарко, Богорада ва ғайра. Ҳол он ки Ибни Сино ин нишонаҳоро дар асарҳои худ қайд намудааст.
Инчунин, Абӯалӣ ибни Сино оид ба бемории саръ (эпилепсия), вайроншавии хунгардиш дар майна, илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) ва ғайра хело муфассал навишта, онҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Илми тибби муосир бо ташхисҳои иловагии дастгоҳҳои ҳозиразамон далелҳои Синои бузургро исбот намуда, тавсияҳои пешкашнамудаи ин мутафаккири бузургро дар табобат ва ташхисот, аз ҷумла пешгирии бемориҳо, тавсия менамояд.
Аз ин хотир, месазад Абӯалӣ ибни Синоро асосгузори илми асабшиносии тоҷик номид.
Р. А. Раҳмонзода, доктори илмҳои тиб, профессор