Садо ояд ҳаме аз Қасри Арбоб

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

IMAGE03182Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикис­тонро, ки роҳи кишвари моро аз яъсу ноумедӣ ба самти шукуфоиву умедворӣ тағйир дод, бо гузашти на он қадар вақти зиёд ҳувайдо гардид, зеро маҳз дар он ҳукумати конститутсионӣ барқарор шуда, талошҳо барои хомӯш кардани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат равона гардид. Аксарият ба ин назаранд, ки дастоварди муҳими иҷлосия ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ — Роҳбари давлат интихоб намудани Эмомалӣ Раҳмон мебошад, Зеро маҳз Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдориро мустаҳкам намуда, рушди босуботи кишварро таъмин кард. Тамоми дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба номи ин шахсият алоқаманд аст.

 НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ДАР РАСИДАН БА СУЛҲУ ВАҲДАТ

«Ман ба шумо сулҳ меорам» — ин суханон дар замоне аз забони Роҳбари навинтихобшудаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ки кам касон ба ояндаи дурахшони кишвар бовар доштанд. Ҳангоми садо додани суханони мазкур ашхоси манфиатдори идомаи ҷанг «муҳлат»-и ҳукуматдории роҳбарияти нави давлатро ҳамагӣ ду ҳафта «муайян» намуданд, вале хато карданд. Роҳбари давлат бо сарбаландӣ аз иҷрои ваъдаашон баромаданд.

Агар то Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозаистиқлоли мо ба пойгоҳи гурӯҳҳои манфиатҷӯйи дохиливу хориҷӣ табдил ёфта буд, пас аз иҷлосия он барои чунин нафарон танг гардид, зеро мардоне ба арсаи сиёсати давлатдорӣ қадам гузоштанд, ки соҳиб доштани марзу буми аҷдодиро ба бозингарон хуб фаҳмонида тавонистанд.

Пас аз Иҷлосияи XVI, ки сохторҳои давлат тадриҷан эҳё шуда, кишвар соҳиби рукнҳои давлатдорӣ, махсусан, Артиши миллӣ, гардид, масъалаи музокирот бо мухолифин ба вуҷуд омад. Ҳукумати конститутсионӣ дар замоне бо мухолифин сари мизи гуфтушунид нишаст, ки қудрати давлат рӯз то рӯз меафзуд ва шартномаҳои нави ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба имзо мерасонд. Яъне, дар шароите ки мухолифин аз кишвар фирор карда буданд, агар нафари дигар дар сари қудрат мешуд, шояд ҳеҷ гоҳ бо онҳо гуфтушунид намекард, зеро дер ё зуд маҳв шуданашон ногузир буд. Мутаассифона, вақт нишон дод, ки «оқибат гургзода гург шавад…». Сулҳи пойдору шукуфоии Ватан, зиндагии серу пур дар кишвар ҳам баъзе нохалафонро қонеъ карда натавонист ва онҳо кӯшиданд, ки дастовардҳои Тоҷикистони азизро бо бузургтарин неъматаш-сулҳу ваҳдати миллӣ барҳам зананд…

 НАҚШИ ИҶЛОСИЯ ДАР ҚАБУЛИ МУҚАДДАСОТ ВА РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРӢ

Давлати абарқудрати шӯравӣ дар шароите фурӯ пошид, ки роҳбарони вақт ба эълони истиқлолияти давлатӣ омода набуданд. Аз ин ҷост, ки кишвар истиқлолиятро эълон карда бошад ҳам, як муддат муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, аз қабили артишу пули миллӣ, муайян набуд. Аз ин ҷост, ки бо интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ-Роҳбари давлати Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Нишон ва Парчами давлатӣ дар шакли имрӯза тасдиқ шуданд. Барои қабули Суруди миллӣ низ ҳамон вақт комиссия ташкил ва баъдан бо матни Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ва оҳанги Сулаймон Юдаков тасдиқ гардид.

Артиши миллӣ. Пас аз ба охир расидани иҷлосия ва дар моҳҳои аввали ба кор шурӯъ кардани ҳукумати конститутсионӣ Артиши миллии кишвар таъсис ёфт. Далели бебаҳс аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз сифр ташкил шуда, тадриҷан ба як воҳиди дорои ҷузъу томҳои муқтадир табдил гардид. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ бо иқтидори мудофиавие, ки дорад, кишварро аз ҳама гуна хавфу хатар эмин нигоҳ дошта метавонад.

Пули миллӣ. Ба ҳама маълум аст, ки тоҷикон аз зумраи миллатҳое мебошанд, ки дар тамоми давраи давлатдорӣ муомилаи пулиро хуб ба роҳ монда буданд. Аммо вақте кишвар ба истиқлол расид, дар байни давлатҳои пасошӯравӣ ягона кишваре боқӣ монд, ки дар он то моҳи майи соли 1995 рубли Федератсияи Россия воситаи пардохт буд. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳанӯз соли 1993 як комиссия аз ҳисоби шоирону нависандагон, таърихшиносон ва намояндагони сохторҳои соҳаи иқтисод оид ба таҳияи пули миллӣ ташкил шуд.

6 майи соли 1995 бо мақсади ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тезонидани дигаргунсозиҳои иқтисодӣ «Дар бораи аз 10-уми майи соли 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ-рубли тоҷикӣ» қарор қабул шуд. Ба муомилот ворид сохтани рубли тоҷикӣ дар соли 1995, вақте ки мамлакат дар ҳолати ниҳоят мураккабу сангини сиёсию иқтисодӣ қарор дошт, иқдоми ҷасурона, дурандешона ва хирадмандонаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ин тадбир то андозае имкон дод, ки вазъи иқтисодӣ муътадил гардад ва барои баровардани пули нави миллӣ-сомонӣ замина фароҳам шавад. Ниҳоят, 30 октябри соли 2000 пули миллӣ — сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ки дар он расми фарзонафарзандони миллати тоҷик, макону биноҳои таърихиву фарҳангӣ таҷассум ёфтаанд.

Конститутсия. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Ин санади муҳими давлатдорӣ бо меъёрҳои ҳуқуқӣ миёни панҷ конститутсияи беҳтарини дунё ҷой гирифтааст. Он роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян ва барои рушди ҳамаҷонибаи хоҷагии халқ мусоидат намуд, зеро дар заминаи он қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабулу тасдиқ шуданд, ки мақсади асосиашон беҳбуд бахшидани зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Ба шарофати Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи рушд собитқадаманд. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки ин раванд идома ёфта, ояндаи кишвар дурахшон аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»