Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиб омодагиро барои сафарбарнамоии шаҳрвандон ба маросими ҳаҷ оғоз намуд ва ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолӣ, мутобиқи мактуби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шаҳру ноҳияҳои кишвар тақсим шуд. Рӯйхати ҳаҷравандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар пешниҳод гардид, вале бо дарназардошти пандемия сафари имсолаи зоирон бекор карда шуд. Аз ин хотир, дар мавсими навбатӣ, пеш аз ҳама, онҳое сафар хоҳанд кард, ки дар рӯйхат номнавис шудаанд, — изҳор дошт Сулаймон Давлатзода – роҳбари кумитаи мазкур зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 июли соли 2020 доир гардид.
Номбурда, ҳамчунин, дар бораи фаъолияти кумита дар самтҳои амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо иттиҳодияҳои динӣ, ташхиси давлатии диншиносӣ, таҳсилоти динӣ ва робитаҳои байналмилалӣ муфассал ибрози андеша намуд. Аз ҷумла, қайд кард, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 4076 шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамуданд, 3901 нафар ба ватан баргардонида шудааст. Ҳоло 101 нафар донишҷӯ ба таҳсили динӣ машғулбуда дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои исломию мусулмоннишин боқӣ монданд. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа бошад, айни ҳол 924 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Дар давраи мавриди назар, ҷиҳати санҷиши риояи қонунгузорӣ дар баргузор намудани маъракаҳо аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим 9140 рейди санҷишӣ гузаронида шуд. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 322 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»