22 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Талабшо Давлатов шинос шуданд.
Талабшо Давлатов бо аҳли оилааш масоҳати 0,10 гектарро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ босамар истифода мебаранд. Ӯ дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ кишти зироати лӯбиёгӣ ва сабзавотро хуб ба роҳ монда, ҳар сол аз ду то се ҳосил ба даст меорад.
Заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам овардааст, ки ин оила ҳосили фаровони сабзавоту полезӣ рӯёнида, сатҳи зиндагиро баланд бардорад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анбори нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи ду соли минбаъда пешбинӣ шудааст, шинос шуданд.
Дар анбор номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандуму лӯбиё, наску нахӯд, мошу зағир ва дигар навъи зироати кишоварзӣ дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамчунин, наздик ба 50 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагиҳо, ки аксар ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигии ҳамин оила мебошад, дар шакли консерва захира гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати босамару оқилонаи Талабшо Давлатов баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили зиёди сабзавоту полезӣ маҳз дар шароити ҳозира манфиатовар арзёбӣ карданд.
Дар истифодаи мақсадноку босамари қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бештари сокинони деҳаи Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор фаъолияти назаррас доранд. Онҳо баробари таъмини аҳли оила бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, инчунин, дар ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми фаъол мегузоранд.
Натиҷаи муносибати дилсӯзонаашон ба замин аст, ки дастурхони сокинони ин гӯшаи файзбори диёр пурнозу неъмат ва сатҳи некуаҳволиашон сол то сол беҳтар мегардад.
Саҳни ҳавлии Талабшо Давлатов бо гулҳои рангоранг зинат ёфтааст, ки аз завқу салиқаи баланди зебоиписандии ин хонавода дарак медиҳад.
Ӯ асосан табиб аст ва 27 сол аст, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Талабшо Давлатов лавозимоти рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, ҷевону рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд, тақдим намуданд.
Дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷо ба кишти картошкаи тирамоҳӣ оғоз бахшида, ба кишоварзон дар фаъолияти пурмасъулу заҳматталаб барору комёбӣ орзу карданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» яке аз хоҷагиҳои намунавии шаҳри Ҳисор ба шумор меравад ва 232,6 гектар замини корам дорад.
Роҳбарият ва аҳли заҳмати ҷамъият баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайваста кӯшиш мекунанд ва дар фаровонии бозорҳои маҳаллӣ ва шаҳри Душанбе саҳм мегузоранд.
Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими кишти такрорӣ дар шаҳри Ҳисор майдони кишти картошка то 40 фоиз зиёд карда мешавад. Имсол аз ҷониби кишоварзони шаҳр дар масоҳати 600 гектар кишти картошка гузаронида хоҳад шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» бо мақсади амалӣ намудани ин нақшаҳо, дар масоҳати 25 гектар картошкаи тирамоҳӣ кишт мекунанд. Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ масъулин тухмиҳои хушсифат дастрас намудаанд. Кишти картошка бо риояи талаботи агротехникӣ гузаронида мешавад.
Лозим ба таъкид аст, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр»-и шаҳри Ҳисор 200 нафар — 80 нафар доимӣ ва 120 нафар мавсимӣ фаъолият мекунанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» дар парвариши дигар зироатҳои кишоварзӣ низ пешсаф аст. Айни замон дар як қисми заминҳои обии он ҷуворимакка барои дон, пахта, сабзавот ва дигар зироатҳо кишт карда шудааст.
Деҳқонони хоҷагӣ аз кишти баҳорӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, бозорҳои маҳаллӣ ва пойтахтро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуданд. Акнун бо ҳамин азму талош кишти такрориро ба роҳ монда истодаанд.
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба заҳмати софдилонаву пурмаҳсул ҳидоят намуданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тоза, махсусан, картошка ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти хубу босамари кишоварзон вобастагӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии «Файзи деҳқон» ва «Файзи Ҳоҷӣ» — и шаҳри Ҳисор бо нашъунамои зироатҳо аз наздик шинос шуданд.
Нахуст Роҳбари давлат ба фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Файзи деҳқон» ошно ва бо аҳли заҳмат ҳамсуҳбат гардиданд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Файзи деҳқон», ки 1,35 гектар замин дорад, навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ парвариш меёбанд. Бо истифода аз маслиҳати мутахассисон ва риояи меъёрҳои агротехникӣ коргарони хоҷагӣ ҳар сол ҳосили хуб ба даст оварда, дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифат саҳм мегузоранд.
Имсол хоҷагидорон карам, боимҷон ва гулкарам корида, аз 0,25 гектар замини кишти карам 8 тонна маҳсулот ба даст оварданд. Ҳамчунин, аз 0,30 гектар, ки барои парвариши картошка истифода гардид, 7,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. Ҳамин гуна нишондиҳандаҳои чашмрас дар самти парвариши дигар номгӯи зироатҳо низ мавҷуд аст.
Айни ҳол хоҷагидорон кишти такрории карам, гулкарам, картошка ва боимҷонро анҷом дода истодаанд.
Ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо сабзавоти барвақтии тару тоза хоҷагии деҳқонии «Файзи деҳқон» фаъолияти гармхонаҳоро низ роҳандозӣ намудааст. Дар онҳо, ки масоҳати умумии 0,65 гектарро дар бар мегиранд, парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст. То ҳол хоҷагидорон 25 тонна помидор ва 10,2 тонна бодиринг ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода пешниҳод кардаанд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Файзи Ҳоҷӣ» ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзон дар кишти асосӣ парвариши картошка, пиёз, карам, гулкарам, гандум ва пахтаро роҳандозӣ карданд. Дар маҷмӯъ, хоҷагӣ 3 гектар заминро дар ихтиёр дорад. Баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили барвақтӣ дар қисме аз заминҳои холишуда аллакай кишти такрорӣ гузаронидаанд. Дар кишти такрорӣ дар масоҳати 0,40 гектар карам, 0,10 гектар картошка ва 0,80 гектари дигар ҷуворимаккаи дон коридаанд.
Кишоварзон аз майдони 0,75 гектар замини пиёз 45 тонна маҳсулот ба даст овардаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад. Ҳосилнокии ҳар гектар майдони кишти картошка 262 сентнер, карам 370 сентнер ва гандум 50 сентнерро ташкил додааст. Имсол хоҷагидорон дар масоҳати 0,60 гектар пахта, 0,50 гектар беда низ кишт кардаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ба хотири рӯёнидани ҳосили баланд ва гузаронидани чанд кишт меъёрҳои агротехникиро ҳамаҷониба риоя намуда, заминро самаранок истифода баранд, зеро дар вазъияти ногуворе, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёнидани чанд ҳосил метавонад бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо маҳсулоти ғизоӣ қонеъ созад.
Пас аз шиносоӣ ба фаъолияти хоҷагиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи кишоварзиро аз назар гузарониданд.
Аҳли заҳмат номгӯи гуногуни маҳсулотро, ки маҳсули заминҳои ҳосилхези хоҷагиҳо мебошад, муаррифӣ карда, оид ба дастовардҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни сабзавот, зироати ғалладонагӣ ва полезӣ ба намоиш гузошта шуд. Сокинон имкониятҳоро дар соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва мурғпарварӣ муаррифӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо роҳандозии тадбирҳои саривақтӣ имсол дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли тухми мурғ 90 ҳазор дона ва асал 38,7 тонна афзоиш ёфтааст. Айни замон дар шаҳр 9 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки 8-тои он дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, хоҷагиҳои чорвопарвар зотҳои гуногунро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Ҳисор соҳаи чорвопарварӣ низ сол то сол рушд карда истодааст. Тибқи натиҷагирӣ нимсолаи аввали соли 2020 — ум 192 ҳазору 269 сар чорво зиёд гардидааст. Дар фермаҳои ширию молии хоҷагиҳои чорвопарвар асосан чорвои зоти «сиёҳалои тоҷикӣ», «голштайн» ва зоти нави «сементал» нигоҳубин карда мешавад.
Аснои боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии зироатҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.
То ҳол дар шаҳри Ҳисор аз майдони 4 ҳазору 659 гектар замин ғалла ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26,7 сентнериро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии картошка ва пиёз бошад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳосили 84 гектар картошка ва 281 гектар пиёз ғунучин гардидааст. Дар майдони 756 гектар кишти такрории зироатҳои гуногуни кишоварзӣ идома дорад. Кишоварзон дар кишти такрорӣ асосан парвариши ҷуворимаккаи дон, шолӣ, лӯбиёгӣ, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд.
Дар маҷмӯъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари кишоварзони шаҳри Ҳисор изҳори ризоят карда, барои самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, зиёд намудани майдони кишт, дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин, барои афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
22 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик» оғоз бахшиданд.
Корхона, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фозил Бадиев бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхона дар шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.
Аз 2 гектар масоҳати умумии замини корхонаи навтаъсис дар 8 ҳазору 248 метри мураббаи он 4 хатти муосири технологӣ — истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ, қубурҳои асбестӣ ва истеҳсолу коркарди нахи шиша сохта шудааст ва раванди истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешавад. Дар мамлакат он дуюмин корхона мебошад, ки ба истеҳсоли шифер, қубурҳои асбестӣ ва профилҳои оҳанӣ машғул мебошад.
Дар он ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти истеҳсоли шифери асбестӣ муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳои асбестӣ 90 фоиз сементи истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки ин усули фаъолият ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.
Ба ҳисоби миёна корхона дар як рӯз имкон дорад, 2 ҳазор шифер ва 300 қубури асбестиро бо андозаҳои гуногун, мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсолу ба мизоҷон пешниҳод намояд. Дар маҷмӯъ, 76 намуди маҳсулот бо шакл, андоза ва қутрҳои гуногун истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онҳо ба содирот нигаронида шудааст.
Дар корхона маҳсулоти асбестӣ, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳо истифода карда мешавад, ба миқдори зарурӣ захира гардидааст.
Дар ин ва дигар хатти муосири технологӣ наздик ба 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардидаанд, ки музди маоши моҳонаи ҳар яки онҳо аз 2 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нахи шишагин, ки аслан барои устувории ду намуди маҳсулот — шифер ва қубури асбестӣ маҳсулоти зарурӣ ба шумор меравад, дар корхона коркард ва истеҳсол мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо фаъолияти хатти дигари муосири технологӣ — истеҳсоли қубурҳои оҳанӣ ва профилҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ бо андозаҳои гуногун, — доирашакл, чоркунҷа ва мувофиқ ба завқи харидор омода ва пешниҳод мегарданд.
Ашёи хом, аз ҷумла тунука, барои истеҳсоли профилҳои оҳанӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад.
Айни ҳол дар корхона барои истеҳсоли ин намуди масолеҳи сохтмонӣ ба миқдори 900 тонна ашёи хом захира шудааст.
Иқтидори истеҳсолӣ дар ин хатти муосири технологӣ дар як рӯз 60 тонна ва дар як сол беш аз 7 ҳазор тонна қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун мебошад. Ба гуфти муассиси корхона, дар мавриди бештар шудани талаботи бозор ба шифер, қубурҳои асбестӣ ва оҳанӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестию оҳанӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, қубурҳои асбестӣ ба гармию сардӣ тобовар ва муҳлати истифодабариашон беш аз 40 сол мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти маҳсулоти корхона ба кишварҳои ҳамсоя ва истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад рақобатпазир бошад ва дар бозорҳои дохиливу хориҷи мамлакат харидор пайдо намояд.
Бояд қайд намуд, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ, муқаррар гардидани имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам сохтааст, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз онҳо дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Соҳибкор Фозил Бадиев барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки минбаъд фаъолиятро ҷиҳати рушди истеҳсолоти ватанӣ густариши бештар хоҳад дод.
Ғайр аз ин, дар қисми дигари корхона ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ, коргоҳи хурди истеҳсол, ороиш ва рангубори қубурҳои оҳанӣ ва дарвозаҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати зебову назаррабо гардидани саҳни корхона ва муҳайё сохтани шароити хуби хизматрасонӣ ба кормандон ошхона бо 20 ҷои нишаст, анбор барои захираи маҳсулоти хӯрока ва нуқтаи таъмири дастгоҳҳо сохта шуда, атрофи корхона ба масофаи беш аз як километр мумфарш гардидааст.
Дар саҳни корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик намунаҳои маҳсулоти истеҳсолгардида ба намоиш гузошта шуд.
Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ хеле зиёд аст, ки ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.
22 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ нахуст бо тарзи истифодаи замини наздиҳавлигӣ ва вазъи зиндагии оилаи Усмоновҳо шинос шуданд.
Масоҳати умумии замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо 0,14 гектарро фаро мегирад, ки дар 0,08 садяки он кишту парвариши зироат ба роҳ монда шудааст.
Аъзои оила дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати содиқона ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ, дар баробари таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ, ба баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунанд. Онҳо дар назди ҳавлии истиқоматӣ ду гармхона бунёд намуда, кишту парвариши помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон, лаблабу, ангур, лимӯ ва навъҳои гуногуни зироатро ба роҳ мондаанд.
Соли гузашта аз гармхонаҳо 200 килограмм бодиринг ҷамъоварӣ гардидааст. Аз нашъунамои ниҳолҳои бодирингу помидор ва дигар сабзавот интизор меравад, ки имсол бештар ҳосил ба даст оварда шавад.
Кишоварзӣ, ки аз бахши муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад, дар самти бо ҷои кор таъмин шудани сокинон ва ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нақши арзишманд дорад.
Сокинони маҳаллаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ раванди кишту парвариши зироатро дар заминҳои наздиҳавлигӣ сол то сол тақвият бахшида истодаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳама шакли хоҷагидории деҳоти «Россия»-и ноҳияи Рӯдакӣ 704 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз он 445 гектараш замини наздиҳавлигӣ мебошад.
Сокинони маҳаллӣ таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи истифодаи пурсамару оқилонаи замин, аз ҷумла, кишту парвариши зироат дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба даст овардани се — чор ҳосил сармашқи кор қарор додаанд ва дар ин роҳ муваффақ ҳам шудаанд.
Оилаи Усмоновҳо, ҳамчунин, дар замини наздиҳавлигӣ 10 навъи дарахти мевадиҳанда шинонидаанд ва аз ин ҳисоб низ фоидаи хуб ба даст меоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо бо занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба пухтани нонҳои лазиз, коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маҳсулоти ғизоӣ барои зимистон машғул мебошанд, суҳбати самимӣ намуданд.
Занони рӯзгордидаи деҳаи Фалакон тарзи дурусти тайёр намудани консерваю мураббо ва афшураи меваҷотро риоя намуда, ҳар сол ба миқдори зарурӣ маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаро барои давраи тирамоҳу зимистон захира менамоянд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар оилаи Усмоновҳо зиёда аз 700 қуттии шартӣ консерваю мураббо, афшураи меваҷот омода ва захира карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони рӯзгордида ва соҳибтаҷрибаи деҳаро барои омӯзонидани ин ҳунар ба ҷавондухтарон ҳидоят намуданд.
Аъзои оилаи Усмоновҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгӯи гуногуни маҳсулот, аз қабили гандум, биринҷ, мош, зағир, нахӯд, лӯбиёгиҳоро дар зарфҳои махсус барои ду соли оянда захира кардаанд.
Истифодаи пурсамари заминҳои корам, аз ҷумла қитъаҳои наздиҳавлигӣ, дар деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ ба фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидати ҳамаҷониба намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Усмоновҳо барои истифодаи пурсамари замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ашёи рӯзғор, аз ҷумла яхдон, телевизор, компютер, мошинаи дарздӯзӣ, бастаи китобҳои бадеӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин оила ва сокинони деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, бори дигар оид ба аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду сол ва саҳм гузоштан дар ҳадафи стратегии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ва тарзи истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон ошно шуданд.
Дар намоишгоҳ асал, ғалладонагиҳо, сабзавоту меваҷот ва полезиҳо, аз қабили гандум, нахӯд, ду навъи лӯбиё, ҷуворимакка, шолӣ, картошка, помидору бодиринг, карам, себу шафтолу ва ғайра, ки аз заминҳои зархези ноҳия истеҳсол гардидаанд, ба тамошо гузошта шуда буд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти ба намоиш гузошташуда беш аз 2 тонна ва 40 намудро ташкил медод. Мутобиқи маълумот, дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватании аз лиҳози экологӣ тоза назаррас аст.
Зимни боздид аз заминҳои хоҷагии иловагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки заминҳои президентӣ дар ноҳия 1 ҳазору 650 ва дар хоҷагиҳои ёрирасони деҳоти мазкур беш аз 50 гектарро ташкил менамоянд, ки дар онҳо навъҳои гуногуни карам, помидор, ҷуворимакка, боимҷон ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш карда мешаванд.
Айни замон дар хоҷагиҳои ёрирасон (пас аз ҷамъоварии ҳосили фаровони маккаи дон, офтобпараст, шалғаму помидор ва ғалла) картошка, боимҷон ва дигар навъи маҳсулот кишт шудааст.
Ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он бо сабзавоти тару тоза соли ҷорӣ дар 35 гектар гармхона кишту парвариш ва истеҳсоли сабзавоти тару тозаи табиӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз гармхонаҳо то ин дам 397 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Тибқи нақша, то охири сол масоҳати гармхонаҳо 13 гектари дигар зиёд карда хоҳад шуд.
Бо мақсади амалӣ гардидани «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020» аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 230 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шудааст, ки алҳол ин раванд бомаром амалӣ мегардад.
Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибони заминҳои президентӣ, ки оқилонаву самаранок истифода шудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баҳри дар оянда парваришу истеҳсоли навъҳои серҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Аҳли заҳмат иброз доштанд, ки истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз масъалаи муҳим дар назди кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ба ин хотир, соли ҷорӣ дар масоҳати 1 ҳазору 170 гектар кишти зироати такрорӣ анҷом дода шудааст, ки назар ба соли гузашта 399 гектар зиёд мебошад.
Сокинон иқдом гирифтаанд, ки бо заҳмати аҳлона дар замин ва гирифтани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
www.president.tj