Шоми 30 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Ватслав Ҳавел» Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони сатҳи баланди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
1-уми декабри соли равон муқаррароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия баргузор шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан самимона истиқбол гирифта, ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасии Чехия ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд.
Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи Горди фахрии Чехия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Баъди гузашт аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Чехияро ба ҷо оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бо ҳайати расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия бо нияту орзуҳои неки дӯстона дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузоштанд.
Якуми декабри соли 2016 баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан оғоз гардида, дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Чехия ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи байналмилалӣ ва ҳалқаи пайвандгари Тоҷикистон бо Аврупо аз афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад ва ҷониби Тоҷикистон ба дурнамои бобарори робитаҳои байнидавлатӣ, ки пояи ҳуқуқии онро ҳашт санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад, эътимоди комил дорад.
Таъкид гардид, ки наздикию мувофиқати мавқеъ ва нақши давлатҳо дар масъалаҳои калидии байналмилалӣ пояи боэътимоди тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд.
Ҳар ду ҷониб таъсиси Гурӯҳи доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатиро дар таърихи робитаҳои байнидавлатӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, аз имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи зиёд дар муомилоти тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ёдовар шуданд .
Таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангу металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳо дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рӯзгор аз алюминий, соҳаҳои фармасевтика, коммуникатсия ва сохтмони сардхонаву гармхонаҳо аз лоиҳаҳои манфиатовари Тоҷикистон арзёбӣ шуданд, ки доираи тоҷирону соҳибкорони Чехия метавонанд дар татбиқи онҳо фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин, барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуд.
Ҷалби технологияҳои муосири Чехия барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири дар бозорҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ харидордошта аз воситаву имкониятҳои нави ҳамкории доираи тоҷирону соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия арзёбӣ гардид.
Барои тақвияти бештари муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ ва рушди бемайлони ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, аз ҷумла, туризми табобативу кӯҳнавардӣ, ҳавасмандии зиёд зоҳир шуд.
Дар соҳаи маориф муҳимияти ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Чехия дар самти табодули таҷрибаи устодону донишҷӯёни ҳар ду кишвар, ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Чехия дар доираи барномаҳои таҳсилотии Иттиҳоди Аврупо, ба мисли Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус плюс ва ҷудо намудани теъдоди бештари квотаҳо барои таҳсили толибилмони тоҷик дар донишгоҳҳои Чехия таъкид гардид.
Дар музокироти сатҳи баланд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир гардида, барои муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона, ҳамзамон иштироки фаъол дар таъмини амнияту суботи Афғонистон изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд.
Мулоқоту музокироти сатҳи баланд идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ ва натиҷаи равобити бобарори ду давлат арзёбӣ гардид ва изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ба Чехия боз як қадами муҳиму боварибахш дар рушди муносибатҳои дуҷониба хоҳад шуд.
Якуми декабр, баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нахуст сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд.
Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби прокуророни генералии ҳар ду кишвар имзо карда шуд.
Баъдан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқоти дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чехия рӯйдоди пурарзиш маънидод намуданд.
Якуми декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Чехия Богуслав Соботка мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд.
Аз таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чехия изҳори қаноатмандӣ карда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузории мулоқоту вохӯриҳо миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар, иштирок дар чорабиниҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва роҳандозии тамосҳои мустақими корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштаракро омили дигари таъмиқи равобити дӯстию ҳамкорӣ номиданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ҷалби сармояи Чехия низ аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Дар мулоқот, инчунин оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, масъалаи ҳалли қазияи сиёсию низомии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Дуюми декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мавзеъҳои зебо ва қадимаю таърихии Ҷумҳурии Чехия ошно шуданд.
Қабл аз ҳама, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Боғи ботаникии Трояи Прагаро тамошо карданд.
Боғ 70 гектарро ташкил медиҳад, ки дар заминҳои талу теппа ҷойгир аст ва дар он парвариши беш аз 7000 навъи ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони бисёрсолаву растаниҳои табобатӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба навъҳои дарахтони бисёрсола, ороишӣ ва гулу буттаҳои ба иқлими кишвари мо мутобиқ бештар таваҷҷуҳ карданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Прага ба Қалъаи таърихии Конопиште ташриф оварданд.
Қалъаи Конопиште дар асри XIII аз тарафи епископ Тобиаш бунёд шудааст. Соҳиби охирини қалъа, дар аввалҳои асри XX вориси императори Австрия Франтс Фердинанд д, Эсте буд.
Масоҳати умумии қалъа наздики 225 гектарро ташкил дода, аз боғи дарахтону буттаҳои нодир, боғи садбарг бо муҷассамаҳо иборат аст ва он аз ёдгориҳои қадима, таърихӣ ва фарҳангии Чехия маҳсуб меёбад. Масоҳати бинои дохили қалъа 2800 метри мураббаъ буда, аз 125 толору ҳуҷраи гуногунҳаҷм иборат аст. Дар Қалъаи Конопиште 4600 силоҳи гуногун ва лавозимоти ҷангии давраи асри XVIII нигоҳ дошта шудааст. Инчунин, 30 ҳазор асбоби рӯзгордории антиқа ҷамъ оварда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар Конопиште беш аз 100 ҳазор нигораи нодир аз сайдҳои шикоршуда, зарфу асбобҳои хоҷагӣ, китобу дастхатҳо маҳфуз аст.
Боғи зебои англисӣ, коллексияи ашёҳои фарфорӣ, оинабандии толорҳо, ашёҳои гуногун, мизу курсиҳо, аксу мусаввараҳои гаронбаҳо ва нигораҳои нодиру қиматбаҳои аслиҳаи шикории асримиёнагӣ дар Аврупо ва лавозимоти шикорӣ ба Қалъаи Конопиште шуҳрати таърихӣ овардааст ва он то имрӯз ҳамчун қалъаи нодир маҳсуб меёбад.
Баъди тамошои Қалъаи Конопиште бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни халқи чех Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.
www.president.tj