Табиат инсонҳоро нотакрор меофарад ва дар ҷавҳари ҳар кадом хислатеро ҷо мекунад, ки тавассути он рисолатро ба анҷом мерасонанд. Инсонҳое, ки рисолати вуҷуди онҳо ободкорию созандагӣ ва тарбиятгарию роҳнамоист, ҳамчун моҳ дар шаби тор роҳи дигаронро равшан, зиндагии онҳоро нуру сахо, ҳастиро маънӣ ва махзани маърифати ҷомеаро ғанӣ мегардонанд. Ин аст, ки тӯли таърихи пайдоиш ва инкишоф инсоният тавониста, ки ба дараҷаҳои баланди маърифат ва рушд ноил гашта, табиату ҷамъиятро идора намояд.
Масири соҳибистиқлолии кишвар низ баҳри шинохт ва фаъолияти минбаъда имконияти мусоид фароҳам оварда, дастгириҳои наҷибонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом ва ташаббусҳои зиёиёни кишварро бештар гардонид. Дар ин ҷода нақши инсонҳое, ки рисолати омӯзгорӣ доранд, боз ҳам бештар гардид. Зеро онҳо нафароне ҳастанд, ки маънии ҳастӣ ва саодати инсон буданро аз насл ба насл интиқол дода, ҳамчун манбаи нуру рӯшноӣ дили ҳазорҳо нафарро барои зиндагӣ ва вуҷуди сазовор дар ҷомеа гарм месозанд.
Яке аз онҳо, ки месазад дар борааш изҳори ақида намоем, Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро мӯйи сафед ва чеҳраи нуронияш ифодагари ботини комил ва покаш буда, садҳо нафар ҷавонро дар роҳи шоиста зистан ва донишманд гаштан ҳидоят намудаанд.
Ӯ шахсиятест, ки дар ҷомеа мавқеи сазоворро соҳиб буда, дар доираи илмии дохилу хориҷи кишвар ҳамчун олими сиёсатшинос ва файласуф эътироф шудааст. Асарҳои таълифнамудааш, ки таҳлили ҳамаҷонибаи раванди сиёсии замони соҳибистиқлолиро дар кишвар фаро гирифтаанд, шеваи хоси таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш дошта, аҳамияти муҳими илмию амалиро соҳиб мебошанд.
Хусусияти консептуалии таҳқиқоти Муҳаммад Абдураҳмон дар он аст, ки назарияҳои мавҷудаи илмӣ вобаста ба мафҳум ва моҳияти категорияҳои сиёсиро дар чаҳорчӯбаи воқеияти иҷтимоии ҷумҳурӣ таҳлил намуда, хусусияти онҳоро ҳамчун раванди баинобатгирандаи вижагиҳои таърихию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муайян карда, вобаста ба онҳо диди шахсӣ ва консепсияҳоро таҳия ва пешниҳод мекунад. Ин аст, ки хонанда метавонад аз ҳар як нуктаи пешниҳоднамудаи ӯ мавзӯъҳои ҷолибе баҳри тақвияти андешаи илмӣ пайдо намояд.
Вай таҳлилгари собиқадор буда, кӯшиш менамояд сари вақт ба ҳар як раванду ҳодисот баҳои воқеӣ диҳад. Вобаста ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон ва пурқувват гаштани омилҳои таъсиррасони берунӣ, ки воқеан ҳам имрӯз дар назди олимон ва таҳлилгарони масоили сиёсӣ вазифаҳои муҳим дар самти пешгӯйии ҳодисоту рӯйдодҳои иҷтимоию сиёсӣ ва пешниҳоди роҳу усулҳои самарабахши пешгирии оқибатҳои манфии онҳоро мегузорад, Муҳаммад Абдураҳмон мавқеи шахсиро сари вақт тавассути воситаҳои ахбори омма баён медорад ва кӯшиш менамояд, ки дар масъалаи пешгирии таҳдидҳо нуқтаи назари асоснокро пешниҳод кунад. Доимо сухани нав ва мавқеи фарқкунанда дорад.
Мутолиаи асарҳои ӯ ба хонанда имконият медиҳад, то дар доираи мантиқи ба муаллиф хос ба дарки моҳияти раванди рӯйдоду зуҳурот ва дар оянда пешгӯишаванда муваффақ гардад. Зеро ҳар таҳлиле, ки аз ҷониби вай пешниҳод шудааст, хонандаро аввал дар шинохти моҳияти истиқлолият ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ муваффақ гардонида, сипас бо унсурҳои дохилӣ, механизмҳои таҳкимбахшанда, омилҳои хатарзо ва таҳдиду таъсирҳои беруна ошно сохта, имконият медиҳад, то тасаввуроти пурра пайдо намояд.
Муҳаммад Абдураҳмон олими мактабдор аст. Зери роҳбарии ӯ чор нафар рисолаи докторӣ ва 30 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, дар роҳи илм аз пайи устод устуворона пеш мераванд. Аз байни онҳо доктори илмҳои сиёсӣ, профессор шодравон Суҳроб Шарипов, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов, доктори илмҳои фалсафа, профессор М. Хидирзода ва даҳҳо нафари дигарро метавон номбар намуд. Ҳамчун устод нафарест бисёр сахтгир, серталаб, бомасъулият, ҷиддӣ ва дақиқкор. Ҳар супориши додаро доимо назорат намуда, иҷрои онро сари вақт талаб менамояд. Ба фикри шогирд гӯш медиҳад, ақидаи ӯро тақвият мебахшад, баҳри хулосабарории дуруст кумак мекунад. Ба шогирд имконият медиҳад то фарҳанги баҳси илмиро омӯзад, хулосабарории мантиқиро аз худ намояд. Ҳамин аст, ки шогирдон ҳамеша дар ҳимояи рисолаҳо муваффақ мешаванд.
Дар баробари олими мактабдор будан ӯ шахсиятест, ки Офаридгор накутарин хислатҳоро барояш арзонӣ доштааст. Хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҷавонмардӣ, поктинатӣ, самимият, ҳақиқатҷӯйӣ, росткорию некманишӣ ва дилсӯзӣ хислатҳое ҳастанд, ки ӯро дар байни ҷомеа азизу гиромӣ гардонидаанд. Нафарест, ки шеваи зиндагиаш мактаби одамгарӣ буда, насиҳату роҳнамоияш дарси кору зиндагӣ барои ҳар як фард аст. Мо, дӯстону шогирдон, кӯшиш менамоем, то хислатҳои ҳамидаи ӯро дар худ тарбия намоем, зеро онҳо на танҳо барои олим гардидан, балки, пеш аз ҳама, барои инсони ҳақиқӣ шудан низ муҳим мебошанд.
Бо муҳаббати бепоёни дӯстона ва шогирдонаю фарзандона таманнои онро дорем, ки бо неруи афзун ва қадамҳои устувори минбаъда дар роҳи рушди илми муосири тоҷик саҳмгузор бошанд.
Р. Нуриддинов, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор,
М. Хидирзода, доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Р. Ҳакимов, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент