23 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе анҷумани ХIV Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) доир гашт. Раиси он, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода оид ба фаъолияти ҳизб дар солҳои 2012–2017 гузориш дода, аз натиҷаи фаъолият изҳори қаноатмандӣ намуд.
Номбурда таъкид кард, ки соли 2013, баъди аз нав номнавис гардидани ҲДТ дар ҳайати он 1141 аъзо боқӣ монда буд. Айни ҳол, теъдоди онҳо беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва зиёда аз 2,5 ҳазор нафари дигар барои узвият ариза пешниҳод намудаанд. Соли 2013 ҲДТ дар интихоботи президентӣ ва соли 2015 дар интихоботи парламентӣ иштирок намудааст, ки аз муваффақиятҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҲДТ дар сатҳе қарор дорад, ки мардуми кишвар аз мавҷудият ва мақсаду мароми он огаҳӣ доранд.
Муовини якуми раиси ҲДТ Таваралӣ Зиёзода дар мавриди сиёсати дохилии ҲДТ гузориш дод. Дар охир масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуданд.
Дар интихоби раиси ҲДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода 69 раъйи вакилонро соҳиб гардида, дастболо шуд. Рақиби ӯ, раиси Ҳизби демократ дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошев 9 овоз ба даст овард. Ҳамин тариқ, Таваралӣ Зиёзода– муовини якум, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳикматулло Саидиён, Абдуҷаббор Юлдошев, Зӯҳро Мирзоева ва Диловар Холов муовинони раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуданд.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»