Санҷишҳои муштарак натиҷа медиҳанд

№48 (3033) 19.04.2013

Дар асоси созишномаи байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия чорабинии навбатии назоратӣ вобаста ба вазъ ва шароити будубоши Пойгоҳи  ҳарбии Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ гузаронида шуд.

Вобаста ба ин чорабинии назоратӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони масъули Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия, Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштарак  доир гардид.

Доир ба ҳамкориҳои муштарак ва натиҷаҳои он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатоҳ Саидов ва Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия Сергей Степашин гузориш доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми фаъолияти Агентӣ ин чорумин чорабинии муштараки мақомоти назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст.

Дар рафти ин чорабинии назоратӣ мушкилоти ҳалталаб мавриди омӯзиш қарор дода, баъди таҳлили ҳаматарафа ба баррасии ҷаласаи машваратӣ пешниҳод шуданд.

Ҳисоботи ҷамъбастии ин чорабинӣ муайян  намуд, ки иҷрои баъзе талаботи бандҳои Қарордод аз ҷониби Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин нашудааст. Чунончӣ, дар натиҷаи санҷиши қаблӣ тавассути чораҷӯйии мақомоти Агентӣ дар давраи солҳои  2011-2012 аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия фаъолият менамоянд, андозҳо ба буҷети давлатӣ  ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ ҳисобӣ ва пардохт карда шуд, ки ин самараи чорабинии назоратии муштаракро нишон медиҳад.

Санҷиши дурусти андозбандии шаҳрвандони ҷумҳурӣ  дар солҳои 2011-2012 нишон дод, ки андозҳои иҷтимоӣ, андоз аз даромади шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар намуди андозҳо ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ пардохт нашудааст.

Масъалаҳои мазкур дар рафти ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифта, бо мақсади бартараф намудани ин камбудиҳо  қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Чунин санҷишҳои муштарак судманд арзёбӣ мешаванд, чунки дар рафти ин чорабиниҳои назоратӣ сатҳи самаранокии иҷрои қарордоду созишномаҳои  тарафайн муайян мегарданд ва ба ҳалли проблемаҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Инчунин мақомоти Агентӣ бо мақомоти олии назорати молиявии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус низ созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, тасмим гирифтааст, ки ин ҳамкориро бо дигар мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ тақвият бахшад.

 

А. МӮСОЕВ,

«Садои мардум»