Ҳар сол 10 декабр Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсонро ҷашн мегиранд. Эъломия санади таърихиест дар бунёдгузории ҳуқуқу озодиҳои асосии тамоми башарият. Нақши он, пеш аз ҳама, барои эътироф, эҳтиром, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим мебошад. Меъёрҳое, ки дар ин санад муқаррар шудаанд, аз ҷониби тамоми давлатҳои аъзои СММ эътироф гардида, дар қонунгузории он дарҷ ёфтаанд.
Вобаста ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Эъломияи мазкур хабарнигорамон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода суҳбат доир намуд.
-Эъломия ҳуҷҷатест, ки дар он саъю талош ва муборизаи халқҳои ҷаҳон баҳри эътироф ва қабули озодию баробарӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон қабул шудааст. Санадҳои таърихӣ, ба мисли Хартияи бузурги озодихоҳӣ (соли 1215), Санад дар бораи ҳуқуқҳо (соли 1689 Инглистон), Эъломияи истиқлолият (соли 1776) ва Конститутсияи ИМА (соли 1787), Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (соли 1789, Франсия) низ ҳамчун сарчашмаи муҳими Эъломия мебошанд.
Андешаҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар эҷодиёти гузаштагони халқи мо, асноди таърихию фалсафӣ ва ҳуқуқию сиёсие, ки тӯли таърих таълиф шудааст, ифода ёфтаанд. Хусусан дар «Шоҳнома», «Сиёсатнома», «Қобуснома», «Хирадномаи Искандарӣ» ва дигар шоҳасарҳои бузургони илму адаб арзишҳо оид ба эътирофу эҳтироми шахс, ҳақиқату адолат, инсондӯстӣ ва шафқату эҳсонкорӣ ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб шудаанд,- мегӯяд дар суҳбат Зариф Ализода.
-Шоҳ Куруши Кабир- гуфт дар идома ҳамсуҳбати мо,- ҳанӯз дар асри панҷуми пеш аз солшумории мелодӣ дар бораи арзишҳои ҳуқуқи инсон дар Эъломияи хеш таъкид карда буд, ки то замони ҳозира аҳамияти худро гум накардаанд. Меъёрҳои ин Эъломия дар бораи он ки «ҳамаи мардумон дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединон таҳти фишор қарор нагиранд»; «касе ҳақ надорад касеро кор фармуда, ба ӯ музд надиҳад»; «ҳар кас озод аст, ҳар дин ва динеро, ки майл дорад, баргузинад, ихтиёр дорад дар ҳар ҷо хоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна дину мазҳаб, ки муътақид аст, ибодат кунад ва эътиқодоти худро ба ҷо оварад… танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад»; «виҷдони инсони ҳозира қобили пазириш нест, ки дар назди чашми ҳамагон инсонҳо аз гуруснагӣ мемиранд ва ё аз надоштани маводи зист даст ба худкушӣ мезананд»; «ҳар кас посухгӯйи аъмоли худ мебошад», аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойи марказиро ишғол менамоянд.
Қобили зикр аст, ки масъалаи таҳия ва қабули чунин як санади умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми қабули Оинномаи СММ ба миён омад. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, моҳи июни соли 1945, бо ташаббуси эътилофи давлатҳои зиддифашистӣ – ИҶШС, ИМА, Хитой, Англия ва Франсия як созмони байналмилалии пурқуввати бисёрҷабҳаи бехатарӣ бо номи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфт, ки дар низомномаи тасдиқгардидаи он ҳуқуқҳои инсон ҷойи марказиро ишғол менамояд.
Моҳи феврали соли 1946 дар шаҳри Сан-Франсиско Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид Комиссия оид ба ҳуқуқи инсонро созмон дод. Дар ҳайати Комиссия аз 18 давлати ҷаҳон, аз ҷумла файласуфон, дипломатҳо ва ҳуқуқшиносони барҷаста шомил буданд, ки маҳз ба хизмату талошҳои онҳо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул шуд. Қадамҳои муҳиме барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон гузошта шуд, ки пас аз ҷанг аз нахустин кафолатҳои фардии ҳимояи ҳуқуқу озодӣ маҳсуб меёфт.
Дар Иҷлосияи сеюми намояндагони Ассамблеяи генералӣ дар қасри Шайои Париж муҳокимаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оғоз гардид.
Аз моҳи сентябр сар карда то моҳи декабри соли 1948 муҳокимаи лоиҳаи Эъломия дар шаҳри Париж давом кард. Оид ба муҳокимаи лоиҳаи он 85 ҷаласа гузаронида шуда, 1400 маротиба овоздиҳӣ баргузор гардид. Аз 56 давлати аъзои СММ 48 давлат ба тарафдории Эъломия овоз доданд ва он бо овози аксарияти давлатҳо ва ҳашт давлати бетараф қабул шуд.
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз пешгуфтор ва 30 модда иборат аст. Дар моддаи 1 чунин гуфта шудааст: «Тамоми одамон озод ва аз нигоҳи шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Ҳамаи онҳо ақлу виҷдон доранд ва бояд нисбат ба ҳамдигар бародарвор муносибат кунанд». Матни Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба зиёда аз 350 забони дунё тарҷума шуда, якумин санади глобалист, ки дар он ҳуқуқҳои инсон муайян шудаанд.
Дар асоси Эъломия ва баҳри инкишофу амалишавии он чандин санадҳои дигари байналмилалӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсӣ (16 декабри соли 1966) қабул шуданд, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро муқаррар мекунанд. Ҳар як давлати узви СММ, ки санадҳои мазкурро ба тасвиб расонидааст, уҳдадор аст баҳри таъмин ва иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, дар муҳлатҳои муқарраргардида маърӯзаҳои худро ба сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод намояд.
Зариф Ализода дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баробари давлатҳои дигари ҷаҳони мутараққӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ, ки 2 марти соли 1992 аъзои он гардид, ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ва дигар санадҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида, баҳри иҷрои онҳо корҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои дахлдор оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, оид ба ҳуқуқи кӯдак, мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ созмон дода шудаанд, ки назорат ва амалишавии ин санадҳоро таъмин менамоянд. Бо роҳбарии ин комиссияҳо маърӯзаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод шуда, аз ҷониби намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, бо ибтикору ҳидояти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин мақоми махсус оид ба ҳимоя, мусоидат ва пешрафти ҳуқуқи инсон мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 омадааст, ки бояд тамоми рукнҳои давлат барои дар амал татбиқ намудани ҳифзу риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона карда шаванд. Яъне, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар фаъолияти худ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба мадди аввал гузоранд. Баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад.
Сарвари давлат аз сол то сол зиёд шудани шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ изҳори нигаронӣ намуда, сабабҳои онро дуруст ба роҳ намондани қабули шаҳрвандон ва беэътиноӣ нисбат ба арзу шикоятҳои онҳо медонад. Аз ин рӯ, ба роҳбарияти тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо супориш дода шудааст, ки қабули шаҳрвандонро ҳар рӯзи шанбе, инчунин бо ташкили сафарҳои корӣ дар маҳалҳо ба роҳ монда, ҳаллу фасли арзу шикоятҳои онҳоро таъмин намоянд.
Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо яке аз самтҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муддати нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба ин мақомот 496 муроҷиат ворид шудааст. Муроҷиатҳо бештар аз риоя нашудани ҳуқуқҳои инсон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (дастгиркунии худсарона ва ғайриқонунӣ, озодӣ аз шиканҷа ва муомилаи дигари бераҳмона, ҳуқуқи инсон ҳангоми гузаронидани тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ), ҳуқуқ ба манзил, таъминоти иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра мансубанд. Дар ҷумҳурӣ ҳашт адад қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ташкил ёфтаанд, ки тавассути онҳо ба шаҳрвандон кӯмакҳои ҳуқуқӣ расонда мешавад.
Дар самти таҳкими ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон низ тадбирҳои зиёде амалӣ мегарданд. Аз ҷумла оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони шаҳрҳои Екатеринбург ва Санк- Петербурги Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эътироф, эҳтиром, риояву ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешидааст ва оянда низ онҳо таҳкиму такмил хоҳанд ёфт.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»