Дар урфият мегӯянд, ки вақт довари таърих аст ва 27 соли сипаришуда, нодуруст ва ғалат будани хулосаи баъзе аз таҳлилгаронро собит намуд, ки гӯё қабули Конститутсия ва шакли идоракунӣ ва ҳам шакли сохтори давлати қонунӣ дар соли 1994-ро ба нафъи ҳокимияти ҳамонвақта ва як гурӯҳи иҷтимоӣ маънидод мекарданд.
Аз рӯи анъана, конститутсияҳо дар давраҳое қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ба сатҳи дигари инкишоф гузариш мекунанд. Табиист, ки чунин гузариш бе дарду нуқсон буда наметавонад, нороҳатӣ ва норозигии гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд меорад. Дар чунин вазъ аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор шудан имконпазир аст.
Пешгирии чунин ҳолат ба равиши омодагӣ ва қабули Конститутсия вобастагии калон дорад ва он метавонад ба санади ризоят ва ваҳдати умум табдил ёбад. Конститутсияи соли 1994 қабулгардида ба ҳамин гуна санад табдил ёфт. Аҳамияти фавқулода бузурги он дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии давлати тозаистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад.
Дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон баъд аз Федератсияи Россия соҳиби Конститутсия гардид ва он, бинобар таҳлили коршиносони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), аз ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 Конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои САҲА эътироф шудааст.
Конститутсияи Тоҷикистон дарвоқеъ, беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи баланди шуури иҷтимоӣ он ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ ба худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин гуна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар тинати мардуми тоҷик, буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993-1997 аз байн рафт.
Муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ислоҳи вазъи иқтисодӣ, рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овардани Тоҷикистон, қабули Конститутсия дар марҳилаи душвору пурихтилофи баъд аз се соли истиқлолият буд.
Маҳз бо шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозии соҳаҳои зиндагӣ аз ислоҳоти қонунгузорӣ дар партави Конститутсия оғоз шуд. Хусусияти дигар ва ҷолиби диққати Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки ба ягон мафкураи ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст.
Баъд аз бисту ҳафт соли амали Конститутсия метавон хулоса кард, ки маҳз ҷиҳати такмили қонунияти конститутсионӣ пояҳои демократияи давлати Тоҷикистон мустаҳкам гардонида шуданд. Дар фаҳмиши таносуби демократия ва қонуният дурандешии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои аввали Конститутсия ба мушоҳида мерасад.
Оид ба масъалаи қонуният ва тартиби амалигардонии муқаррароти Конститутсия тӯли 27 сол сухан ронда, иқрор шудан лозим аст, ки бидуни интихоби шакли мувофиқи идоракунии давлатӣ, яъне, президентӣ ба ташаккули конститутсионализм – назария ва амалияи ташкили ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ муваффақ шудан ғайриимкон буд.
Ғайр аз ин, конститутсионализми ҳозиразамон эътирофи бечунучаро ва дар амал бе монеа татбиқшавии номгӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва афзалияти ҳуқуқи инсонро нисбат ба манфиатҳои давлат пешбинӣ мекунад, ки марҳилаи ҳозираи рушди қонуният аз воқеӣ будани ин амал низ баръало гувоҳӣ дода метавонад. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қонунгузор мутобиқи Конститутсия қабул гардида, меъёрҳои он бевосита ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ равона гардидаанд.
Дар қатори ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ низ иҷрои меъёрҳои Конститутсия мебошад. Дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад». Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳимояи онҳо аз ҷониби ҳокимияти судӣ ба амал бароварда мешавад.
Мувофиқи талаботи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, таъмини волоияти қонун, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон принсипҳои асосии демократия мебошанд.
Вазифаи муҳимтарин дар заминаи Конститутсия коркарду таҳияи қонунҳоест, ки ба танзими оқилонаи муносибатҳо дар соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт дар ин марҳила вобаста бошанд. Барои иҷрои ин амал аз дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бояд кард: «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳар чӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».
Мирзоисмон ГИЁЗОДА,
раиси Суди шаҳри Душанбе