Табиб. Ин исм дар нигоҳи ҳар як инсони дурандешу бозаковат намоди фаришта аст, бале фаришта, фариштаи имдоду наҷот. Табибон шахсоне ҳастанд, ки барои ҳифзи саломатии инсон шабу рӯз талош меварзанд. Дар рӯзҳои вазнине, ки ба сари мардуми олам омадааст, хизмати шоиста ва ҷонфидоии онҳо бештар аён аст.
Ҳар боре ки оид ба воқеаҳои даҳшатноки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанию мусибатҳои инсонӣ навореро тамошо мекунем, ҳатман симои мунаввару имдодгари табибон ҳувайдо мегардад. Алалхусус, хоҳарони шафқатро дар майдони набард байни тиру оташ мебинем. Ҷон дар рамақ, ирода дар қалб, ҷуръат дар вуҷуд маҷруҳонро аз майдони набард берун кашида, даво мебахшанд. Ва баъзан худ низ аз тири нохалафҳо ярадор мешаванд, вале рисолаташонро то зинда будан иҷро мекунанд. Дар муолиҷагоҳҳои саҳроӣ барои аз марг наҷот додани аскарону афсарон бо тамоми донишу иродаи қавӣ мубориза мебаранд.
Имрӯз чӣ? Чун бо нигоҳи хираду ибрат ба рӯзгор назар мекунем, сарнавишти инсонӣ чунин аст, ки саҳифаҳои таърихро ба ҳар шакл манзури инсоният месозад. Агар дирӯз табибон бо душманони ватан дар набард буданд, ҳоло бо вабое, ки ҷони инсониятро ба хатар овардааст мубориза мебаранд. Алҳол беш аз 200 мамлакати дунёро фалокат фаро гирифтааст. Ба ибораи сард, коронавирус бо башарият «ҷанг» эълон кардааст. Риштаи умри зиёда аз 300 ҳазор одамро кандаву боз қасди маҳви инсонҳоро дорад. Аммо инсон қодир аст, ки бар ҳама буҳрону бемории сироятӣ пирӯз гардад. Мутахассисону табибони олам дар он ақидаанд, ки бо пешгирии ҳамаҷониба коронавируси «COVID-19» ба фано мерасад. Ба ақидаи вирусологи белгиягӣ Марк ван Ранст, паҳншавии коронавирус даҳ ҳафта идома меёбад.
Новобаста аз густаришу сироят Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқобили ин вабо аз рӯзҳои аввали пайдоиш қоим истода, барномаи зиёди амалиро рӯи даст гирифт. Ҳарчанд сирояти он собит нашуда буд, вале баҳри пешгирӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Ва гурӯҳҳои он дар шаҳру ноҳияҳо баҳри пешгирии вабо тамоми аҳдофи тиббию илман асоснокро роҳандозӣ намуданд. Онҳоеро, ки аз дигар кишварҳо ба Ватан баргаштанд, дар ҷойҳои махсус 14 шабонарӯз ҷойгир карданд ва хизмати тиббӣ расонданд. Баъди карантин онҳо бардаму солим ба назди аҳли оилаашон баргаштанд.
Хушбахтона, барои маҳдуд сохтан ва аз байн бурдани COVID – 19 ниҳодҳои марбутаи тандурустӣ саъйи комил доранд. Ва зиёд ҳолатҳое шудааст, ки мутахассисон-вирусологҳо ва дигар табибон рӯзҳову ҳафтаҳо дур аз оилаву фарзандон дар беморхонаю дармонгоҳҳо ёрии тиббӣ мерасонанд. Ҳатто ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни ироаи Паёми шодбошиашон бахшида ба Рӯзи Ғалаба аз заҳматҳои беандоза ва фидокории табибон оид ба пешгирӣ намудани коронавирус ёдовар шуда, ба онҳо арзи сипос намуданд. Ва аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки ба ҳар гуна таҳлука наафтода, қоидаҳои беҳдоштиро қатъӣ риоя намуда, саломатиашонро ҳифз намоянд.
Вирусологи амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Колорадо Чарлз Келишер ба ин ақида аст, ки нисбат ба вабои сад сол аз ин пеш рухдода инсоният коронавирусро осонтар паси сар мекунад. Воқеан, соли 1918 аз чунин як беморӣ дар ҷаҳон 60 миллион нафар фавтида буд, ки дар муқоиса ба он сол ҳоло аз коронавирус зиёда аз 300 ҳазор нафар вафот кардаанд.
Ҳамчунин гуфтаҳои яке аз табибони ҳозиқи ҷумҳурӣ Абдухалил Холиқзода ба хотир меояд, ки таъкид доштааст: «Аз ин касалӣ тарсидан зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавон ба он мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Онро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд».
Вақте мақоларо омода намудем, хулосаеро барои он беҳтар аз фармудаи зерини Пешвои миллат дарнаёфтем: «Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем. Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад».
Иловатан, дар лаҳзаҳои ҳассос, ки табибони ҳозиқ шабонарӯзӣ посбонони саломатии мардум мебошанд, месазад ба онҳо иродаи қавию саломатии комил хоҳем.
Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон