Ҳар сол чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро мерасад, маро солҳои вазнини кишвар дар охири садаи ХХ-ум ба хотир меояд. Соли 1994 каминаро сардори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ғончӣ интихоб карданд. Маҳсулоти озуқа, хоса нон, камчин буд.
Як пагоҳӣ муовини якуми раиси ноҳия, зиндаёд Субҳон Сатторов занг зада, хоҳиш кард, ки ба сокини ноҳия, пиразани рус як «буханка» нон лозим, ки набераҳояш гуруснаанд. Гуфтам, ки навакак тақсимоти нонро ба охир расонидем. Пурсиданд, ки ақаллан ним буханка ёфта диҳам. Ҳамон ҳам ноёфт буд. Раҳматӣ бо қаҳр гуфт:
- Вой бар ҳоли ман — муовини якуми раиси ноҳия ва вой бар ҳоли ту — сардори ҷамъияти матлуботи ноҳия, ки ақаллан ним буханка нон ёфта дода наметавонем…
Сад шукр, ки бо кӯшишу эҳтимоми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои санади тақдирсози миллат — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон он ҳама мушкилӣ рафъ гардиданд.
Сокинони шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич чун дигар ҳамватанон бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои орому осудаи кишвар кору зиндагӣ доранд. Онҳо аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки соли ҷорӣ ба ноҳия ташриф оварданд, рӯҳбаланд гардида, созандагиву ободониро вусъат бахшиданд. Барои мисол, ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ният кардем, ки маҷмааи хизматрасонӣ, маркази ҳунарҳои мардумӣ, майдончаи бозии бачаҳо, нуқтаи хизматрасонии стоматологиро ба истифода диҳем. Ин ҳама ба шарофати тинҷиву осудагии кишвар ва сулҳу ҳамдигарфаҳмии бошандагон аст. Биноан, баробари таҳният гуфтани сокинони кишвари соҳибистиқлоламон бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, даъват менамоям, ки сулҳу ваҳдати миллии бадастомадаро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро он сарчашмаи хушбахтиву пирӯзиҳои мост.
Ҳамроқул ҚӮЛДОШЕВ, раиси шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия