Қонун ва иҷрои он

Сарфакорӣ меъёри пешбурди зиндагист

№47 (3032) 16.04.2013

IMG_8410Бо ҳадафи ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз сарфакорию исрофкориҳои бемаврид, дастгирии ятимону бепарасторон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 таҳти №272 қабул гардид. Қонуни мазкур баҳри ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ равона гардидааст. Доир ба ҷараёни иҷрои ин қонун хабарнигори мо бо сармутахассиси бахши оид ба корҳои дини назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Мухтор Маҳмадсаидов ҳамсуҳбат шуд.

-Комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолияти худро дар ноҳия чӣ тавр ба роҳ мондаанд?

- Мутобиқи моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 17 комиссияи доимӣ ва 370 комиссияи ҷамъиятӣ баҳри татбиқи қонуни мазкур фаъолият менамоянд. Комиссияҳои мазкур дар асоси нақшаи корӣ фаъолият намуда, ба он аҳамият медиҳанд, ки ҳама гуна ҷашну маросим ва дигар чорабиниҳои мардумӣ дар доираи талаботи қонун баргузор шаванд. Ҳамзамон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроия, шуъбаҳои маорифу тандурустӣ, бахшҳои оид ба корҳои дин, занону ҷавонон, аъзои комиссияи доимии ноҳиявӣ гурӯҳи таблиғотӣ таъсис шудааст. Доир ба ин масъала аз ҷониби онҳо бо аҳолии ноҳия зиёда аз 60 вохӯрию суҳбат гузаронида шуд.

- Давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ чӣ қадар ҷашну маросимҳо доир гаштааст?

- Дар семоҳаи аввал дар ноҳия 1570 ҷашну маросим, аз ҷумла 1015 тӯйи домодию арӯсӣ, 124 хатнасур ва дигар маросимҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар баргузории ин ҷашну маросимҳо се миллиону 797 ҳазору 317 сомонӣ маблағ сарф гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 қариб 832 ҳазору 113 сомонӣ зиёд аст. Дар ин муддат 1121 ҷуфт аз қайди никоҳ гузаштанд, ба 2184 нафар шаҳодатномаи таваллуд дода шуд. Дар баргузории ҷашну маросимҳо мардум бо дарки масъулият ва риояи қонуни мазкур ба сарфаю сариштакорӣ диққат доданд.

- Зимни гузаронидани ҷашну маъракаҳо аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ чӣ қадар қонуншиканиҳоро ба қайд гирифтаанд?

 - Мутаассифона, чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Нисбат ба сокинони деҳаи Якатути деҳоти «Россия», Ҳасан Боқиев ва деҳаи Сангтӯдаи деҳоти «Гулистон» Давлатёр Мусамиров барои вайрон намудани талаботи қисми 2-юми моддаи 11 ва моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба суди ноҳия ирсол гардид. Бо қарори суди ноҳия нисбати шаҳрванд Ҳ. Боқиев ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шуд. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Д. Мусамиров айни замон дар истеҳсолоти суди ноҳия қарор дорад. Ҳамзамон аз ҷониби бахши Бозрасии давлатии автомобилии ШКД-и 1 ва 2-юми ноҳия 12 ҳолати вайрон намудани қисми 5 моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта, чор нафар ба муҳлатҳои гуногун аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шуданд.

- Дар рӯзҳои Иди байналмилалии «Наврӯз» оё ҷашну маросимҳои мардумӣ низ баргузор гардиданд?

- Дар маркази ноҳия шаҳраки Сомониён 21 марти соли ҷорӣ Иди байналмилалии «Наврӯз» таҷлил гардид. Ҳамон рӯз ярмаркаи фурӯши нуқтаҳои савдои хӯроки умумӣ ва шириниҳо аз тарафи Ҷамъияти матлуботи ноҳия, бозорҳо ва соҳибкорон ташкил шуд. Дар доираи баргузории ин ҷашни пуршукӯҳ тӯйи домодию арӯсии зиёда аз 20 ҷуфт навхонадорон ба маблағи 215 ҳазору 960 сомонӣ гузаронида шуд. Инчунин хатнасури дастаҷамъонаи 158 нафар писарбачаҳо ба маблағи 127 ҳазору 319 сомонӣ аз ҳисоби иттиҳодияҳои динӣ баргузор гашт.

Илова бар ин, аз ҳисоби соҳибкорон, шахсони саховатманд ва иттиҳодияҳои динӣ ба мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои рӯҳӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, 679 оилаи камбизоат, ятимону бепарасторон ба маблағи зиёда аз 100 ҳазору 440 сомонӣ маводи ғизойӣ ва сарулибос кӯмак карда шуд.

Фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, бахш ва сармутахассисони оид ба корҳои дини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба он равона шудааст, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум риоя ва амалӣ шавад.

 

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»