Сокинони деҳаи Шамсободи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кӯпруки болои сойи деҳаро аз нав сохтанд.
- Кӯпрук солҳои охир хеле фарсудаву куҳна ва хатарнок шуда буд, — мегӯяд раиси маҳалла Абдуҷалол Мирзобеков, вақте масъалаи обод кардани онро ба миён гузоштем, аҳли деҳа бо хушнудӣ дастгирӣ ва ба қадри имкон ҳиссагузорӣ карданд. Хусусан, иқдоми сокини деҳа, собиқадори соҳаи маориф Фонақ Нофиқов қобили қайд аст. Ӯ 26 ҳазор сомонии барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаашро ба ин кори хайр сарф намуд.
Маблағи боқимонда -24 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби дигар сокинон ҷамъоварӣ шуд.
Ваҳҳоҷахон Аҳрорзода, донишҷӯйи факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров