Чанде пеш дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Менеҷменти сифати идоравӣ оид ба сифати стандартии байналмилалии ISO 900:2008» баргузор гардид, ки дар он роҳбарони коргоҳҳои косибӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Муовини раиси палата Манзура Рустамова зикр кард, ки семинар дар доираи созишномаи байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Барномаи Иттиҳоди Аврупо — Умбрия бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи сармоягузории осиёимиёнагии «Ташкили истеҳсолоти экологии кооперативҳои косибии занони Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади рушди устувори бозори Осиёи Миёна ва Аврупо» сурат гирифт. Номбурда гуфт, ки мақсади асосии Барномаи мазкур рушд додани соҳибкории занон ва мувофиқати сифати он ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошад.
Дар охири семинар ба иштирокчиёни он сертификат оид ба сифати байналмилалии ISO 900:2008 дода шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»