Шарафи инсониро нигоҳ доштан саҳл нест!

№71 (4177) 16.06.2020

Паҳншавии вируси хатарноки COVID-19 мушкили ҷиддист, ки бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, сари вақт пеши роҳи онро гиранд ва ҳазорҳо шаҳрвандро бар асари беморӣ аз даст доданд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани коронавирус дар кишварҳои дигар тадбирҳои пешгирикунанда андешид, то ин ки он дар ҷумҳурӣ паҳн нагардад. Натиҷаи ҳамон тадбирҳо буд, ки бештар аз як моҳи дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шудан вирус ба ҷумҳурӣ роҳ наёфт, аммо тавре зикр шуд, чун бузургтарин кишварҳо бо имконоти пешрафтаи иқтисодӣ натавонистанд пеши роҳи паҳншавии онро гиранд, мамлакати мо низ бо он рӯ ба рӯ шуд.

Қабл ва баъд аз пайдо шудани он Ҳукумати мамлакат барои табобати беморону пешгирии паҳншавии вирус тамоми чораро андешид ва натиҷаи хуб ҳам ба бор омад. Дар бораи он ҳар рӯз тавассути воситаҳои ахбори омма маълумот мегирем. Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат боиси рӯҳбаландии сокинони кишвар ва ҳавасмандии табибон гардид. Аз аҳволи беморон ва шифоёбии бомароми онҳо тавассути заҳматҳои табибон низ огоҳ ҳастем. Пизишкон табобати ин бемориро рисолати касбӣ ва қарзи ватандорӣ медонанд.

Аммо душманони давлату миллат, ки аксар дар хориҷи кишвар ҳастанд, бори дигар пасттарин инсони рӯи дунё буданро дар чунин рӯзҳои фоҷиабор ба намоиш гузоштанд. Зимни ҳар як гирифторӣ ва фавти ҳамватанон онҳо хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекарданд. Маъракаи хурсандӣ меоростанд.

Тавре дар урфият мегӯянд, рӯзи мурда на ҳама барои сӯгворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасаллият мекунанд. Онҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳо ҳастанд. Фаромӯш мекунанд, ки агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекӯбад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест. Вале…

Маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаанд, воқеан, ҳисси нафратро нисбат ба он касифон дучанд мекунад, зеро шабу рӯз Худо мегуфтанд, ки коронавирус тезтар ба кишвар биёяд, тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешопеш табли шодӣ мезаданд, ки Ҳукумати кишвар назди он ночор мемонад, таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд…

Боиси хушҳолист, ки Ҳукумати мамлакат чораҳои имконпазирро роҳандозӣ карда истодааст, ки мубориза бо пандемия натиҷаи дилхоҳ ба бор орад. Чунин ҳам шуда истодааст. Натиҷаҳои дилхоҳ ҳосил шуданд, авҷи беморӣ паси сар шуд. Аммо бадбахтон ҳарчанд тирашон хок хӯрд, аз вазъияти ҳассоси дигар, ки бинобар офати табиӣ рух дод, суиистифода кардан хостанд, ки боз ҳам хушбахтона, ба ҳадафҳои нопок нарасиданд.

Дар чунин шароит, ки фоҷиаи инсонӣ башариятро таҳдид мекунад, ташаббус ва чораҷӯиҳои Ҳукумати мамлакатро зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нодида гирифтан нокасии маҳз аст. Чунин кирдори разилонаву ноадолататонаро миллат ҳеҷ гоҳ намебахшад. Ба лаънати халқ гирифтор шудан, бузургтарин ҷазоест, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Он хоинон ва фурӯхташудагон бояд донанд, ки ҳама мушкилӣ мегузарад. Халқи бузурги тоҷик бо сари баланд аз ин дида имтиҳонҳои ҷиддиву сангинро зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона пушти сар кард ва боз ҳам сарбаландона паси сар мекунад, вале русиёҳии бадниҳодон то абад дар хотири наслҳои баъдӣ боқӣ хоҳад монд.

Дилафрӯз РУСТАМОВА