Пас аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва имрӯз, дар давраи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон модари пирам, Зулфина Раҳмонова, ки ба синни 88 қадам гузоштаанду дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд, пайваста ашки шодӣ рехта, ҳар замон шукр мегӯянд, ки ба ин рӯзҳо ҳам расидем.
Падари ман Ҷӯра — Раҳмонови регарӣ — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мебошад, ки аз фаъолияту рӯзгораш филми бадеии «Ҷӯра — саркор» ба навор гирифта шудаасту то ҳол мардум онро дар ёд доранд.
Модарам нақл мекунанд, ки солҳои 30 — юми асри ХХ аз вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯч баста, дар ободонии заминҳои бекорхобидаи водии Ҳисор саҳм гузоштаанд.
- Он замон соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ пахтакорӣ буд. Аз душворӣ наҳаросида, дар саҳро меҳнат мекардем. Натиҷаи меҳнати диловарона, роҳбарии оқилонаи сарварони бригада ва хоҷагиҳо буд, ки нақшаи истеҳсол ва ба давлат супоридани пахта иҷро мешуд. Барои дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ба шахсони пешқадам унвонҳои баланд, мукофотҳо медоданд, — мегӯяд модарам.
- Соли 1966 падари ман — Ҷӯра Раҳмонов сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардидааст. Чун аслу насаби мо аз ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё аст, барои гум нашудани робитаҳои хешутаборӣ хоҳарони худро ба пайвандон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шавҳар додем. Рафтуомад то солҳои 90 — уми асри XX хеле хуб буд. Вале тайи беш аз 20 соли охир робитаҳо канда шуданд. Ҳатто бо телефон тамос гирифтан бо хешу табор мушкил гардид. Акнун меҳру муҳаббат, ёрию бародарӣ, хешутаборӣ, ҳамсоядорӣ аз пештара ҳам қавитар хоҳад шуд, зеро чанд сол аз ҳамдигар ҷудою ташнаи дидор будем. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Ҷудоӣ то наафтад дӯст қадри дӯст кай донад,
Шикастаустухон донад баҳои мӯмиёиро.
Модарам ҳамеша даст ба дуо мебардоранд: «Худованд умри Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дароз кунад, ки дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагиро барқарор намуда, робитаҳои дӯстиро бо ҷумҳурии дӯсту бародари Ӯзбекистон аз нав мустаҳкам карданд. Илоҳо, тинҷиву амонӣ пойдор, осмон софу беғубор, дӯстию халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон абадию ҷовидон бошад!».
Бахтиёр Раҳмонов, корманди Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода