АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ШУМОРАИ МУРОҶИАТКУНАНДАГОН АФЗУДААСТ

№106 (3586) 11.08.2016

Мувофиқи маълумоте, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотӣ (4 августи соли равон) ба хабарнигорон пешниҳод намуд, дар нимсолаи аввали соли 2016 ба мақоми мазкур ҷамъ 2279 нафар хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 –ум 680 адад ё 29,8 фоиз зиёд аст.

Шаҳрвандон бештар оид ба масъалаҳои марбут ба мақомоти судӣ (40 адад), прокуратура (2), корҳои дохилӣ (15), амнияти миллӣ (4), шахсони ҳуқуқӣ (6), шахсони воқеӣ (6), судиҷрочиён (9) муроҷиат кардаанд.

Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи аввали соли 2016 ба 43 (соли 2015 — 19) лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулоса пешниҳод шудааст.

Бо мақсади таҳкими мақоми мазкур лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамчунин вобаста ба таъсис додани муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо Вазорати адлия 7 лоиҳаи қонун таҳия ва қабул гардид, ки мавриди амал қарор гирифтанд.

Соли 2016 кормандони ниҳоди мазкур дар 10 мурофиаи судӣ иштирок намудаанд. Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ 75 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд, ки дар онҳо 6500 нафар иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар нимсолаи аввали соли 2016 ҳамкориашро бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони хориҷӣ — Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Полша, Финляндия, Норвегия, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ — Барномаи Рушди СММ, ЮНИСЕФ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Агентии швейтсарии ҳамкорӣ ва рушд, «ҲЕЛВЕТАС» -ниҳоди даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва дигарон идома дод.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»