Панҷуми ноябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имконияту маҳдудиятҳои дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ дар чаҳорчӯби узвияти кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» суҳбати гирди миз баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои марбута, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ иштирок карданд.
Зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) мебошад. Бо мақсади таҳким бахшидани соҳаи кишоварзӣ дар доираи СУС таҳияи Барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии рушди инфрасохтори соҳа дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба роҳ монда шудааст ва мушкилоти мавҷуда тадриҷан бартараф мешаванд. Барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар давоми солҳои 2013-2017 аз ҷониби шарикони рушд 232,5 миллион доллар ё ба ҳисоби миёна ҳар сол 46,5 миллион доллар кумак расонида шудааст.
Дар натиҷаи ташаккули низоми нави иқтисодӣ барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ шароити мусоид фароҳам омад. Бинобар ин, зиёд намудани ҳиссаи кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ба ин восита таъмин кардани зиндагии шоиста барои мардум яке аз ҳадафҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Фарида Муминова зикр кард, ки мо барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ неруи азим дорем. Танҳо тайёр кардани мутахассисони ба талабот ҷавобгӯй ва таваҷҷуҳ ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ зарур аст. Ӯ афзуд, ки дар кишварҳои минтақа рақобат тезутунд шуда истодааст. Аз ин рӯ, барои ҳимояи манфиатҳо бояд ба омилҳои дохилӣ бештар такя кард.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов гуфт, ки то ҳол қонун дар бораи сиёсати аграрӣ қабул нашудааст ва вакилони Маҷлиси намояндагон саъй мекунанд, ки дар наздиктарин фурсат қонуни алоҳида дар ин самт қабул карда шавад.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»