Сиришти занону модарон аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Зан — Модар бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд. Воқеан ҳам Зан — Модар олиҳаи ҳаёту зиндагист, ки зоҳиру ботини ӯ саршор аз покиву зебоӣ ва меҳру муҳаббати бепоён аст. Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».
Зан – Модар офарандаи ҳаёт ва пойдорнигоҳдорандаи оила аст. Дар замони муосир рисолати Зан — Модар, пеш аз ҳама, дар сабуриву заҳматкашӣ ва созандагии ӯ таҷассум меёбад. Зан — Модар чароғи хонадон, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Зани хубу порсо оилаи хубу фарзандони солеҳ тарбия кардаву ба воя мерасонад. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар ба Зан-Модар вобастагӣ дорад. Модар дар инкишофи маънавиёт ва тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад, зеро дар ҳар хонадон маҳз модар аст, ки эҳсоси меҳрубониву ҳамдардӣ, ҳамдиливу ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, сабру таҳаммул ва тартибу низоми хонаводаро фароҳам оварда, ба фарзандон расму таомули оилавиро меомӯзонад. Модари солиму порсо ва кордону меҳрубону соҳибмаърифат оилаи солим ба вуҷуд меорад.
Пеш аз асри ХХ зани тоҷик дар вазъи вазнину сангин ҳаёт пеш мебурд ва аз ҳар гуна озодӣ маҳрум буд. Овони побарҷойии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зани тоҷик то ҷое аз озодиҳои худ бархӯрдор буд, аммо бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон озодиҳои бештаре насибаш гардид. Дар замони шӯравӣ занонро дар саҳрову мактабу дармонгоҳҳо ба ҳайси корманду мутахассисони қаторӣ медидем. Дар иҷрои корҳои роҳбарӣ ҳукумати вақт хеле кам ба бонувон эътимод дошт, вале дар замони соҳибистиқлолӣ маълум гашт, ки занони соҳибмаърифат, кордон ва табиатан бо ҳунару истеъдоди сарварӣ тавлидшуда кам набудаанд. Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ тамоми роҳро барои занон кушоданд. Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо мебошад. Зимни таҳияву тарҳрезӣ ва амалӣ намудани аксар барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи зеҳнию фикрӣ ва истеҳсолии духтарону занони донистакору пурташаббус ва болаёқат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Дар ин замина теъдоди духтарону занони дар хоҷагии халқи мамлакат рӯикоромада дар ҳоли афзоиш мебошад. Ин далолат ба он мекунад, ки фардои духтарону занони тоҷик равшан аст.
Дар доираи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Барномаи «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016» чанд барномаи давлатӣ татбиқ шуда истодаанд ва барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон нақши ҳалкунанда доранд. Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ҳоло 23 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Дар 26 соли соҳибистиқлолӣ 15 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани ҳуқуқ ва манзалати занон дар ҷомеа ба тасвиб расонида шуд, ки дар асри ХХ ин миқдор ба тасвиб нарасида буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ибтикори созандаашон дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳар чӣ бештар ба раванди идоракунии давлат ҷалб намудани онҳо, амалан татбиқ мегардад. Дар натиҷа, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият – мақоми олии қонунгузорӣ, ҳокимияти судиву иҷроия ва сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда истодааст ва онҳо дар рушду пешрафти самти гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ мегузоранд. Айни замон аз ҷумлаи бонувон ду нафар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, панҷ нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 нафар раиси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд. Беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардуми кишвар, бахусус фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои занони мамлакат, минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат идома хоҳад ёфт. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016» дар соли таҳсили 2015 – 2016 аз 1312 нафар ҷавоне, ки тибқи Квотаи президентӣ ба макотиби олӣ қабул гардидаанд, 678 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳоло 123 нафар духтари тибқи квота дохилшуда соҳиби маълумоти олӣ гашта, дар вазифаи гуногуни роҳбарӣ фаъолият карда истодаанд. Аз ҳисоби духтарони тибқи Квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатмнамуда 9 нафар ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ таъин шудаанд. То 1 сентябри соли 2016-ум 1446 нафар хизматчии давлатӣ, аз ҷумла 219 нафар зан дар озмунҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, аз онҳо 735 нафар, аз ҷумла 149 нафар зан, ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ шомил шуданд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар бо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон шакли сиёсати давлатии Тоҷикистон эҷод гардид. Соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардиданд, ки имкониятҳои занонро барои соҳиб шудан ба вазифаҳо дар хизмати давлатӣ боз ҳам васеъ намуданд.
Дар ҷомеае, ки ба Зан — Модар арҷ мегузоранд, ҳеҷ гуна мушкилот наметавонад дар пешорӯ қарор гирад. Эҳтиром нисбат ба Зан — Модар аз соҳибҳуқуқиву соҳибистиқлолии ҷомеа дарак медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар гуфта буданд: «Ҷомеае, ки ба Зан — Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан — Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Таҷрибаи беш аз 26 соли соҳибистиқлолии кишвар исбот сохт, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Коршиносони масоили гендерӣ низ таъкид менамоянд, ки самаранокии татбиқи сиёсати гендерӣ, пеш аз ҳама, аз дастгирии ҳукумати мамлакат вобастагии зич дорад.
Маҳз рисолати бузурги Зан — Модар аст, ки ҷомеа ба он арҷ мегузорад, мақому манзалаташро гиромӣ ва пос медорад. Аз ин рӯ, ҳар бонуи тоҷику тоҷикистонӣ чун модар на танҳо азизтарин шахс барои аҳли хонадон, балки гаронбаҳотарин сарват барои халқу миллат ба шумор меравад.
Воқеан, сиёсати гендерӣ имрӯз дар Тоҷикистон бомуваффақият татбиқ шуда истодааст ва ин аз баракату кордонии Пешвои миллат — шахсияти таърихие, ки масири давлатдории моро идора карда истодааст ва азмаш комил, иродааш мустаҳкам, хирадаш воло, масъулияташ баланд ва номусу ифтихори давлатдорию ватандориаш сипари Тоҷикистони азиз мебошад.
Мусалам Қодирова
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон