Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил, сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Бисту ҳашт сол аст, ки давлату миллати тоҷик дар фазои озоду ороми мустақилият арзи ҳастӣ менамоянд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои сиёсӣ-дипломатӣ барқарор карда, ба узвияти чанд созмони байналмилаливу минтақавӣ дохил шуда, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монд.
Баррасии ҷанбаҳои гуногуни ин масъала яке аз рукнҳои асосии Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, лозим донистем дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ, ки аз масъалаҳои мубрам дар шароити ривоҷи иқтисоди бозаргонӣ дар миқёси олам ба шумор меравад, мулоҳиза ронем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлолият пайваста кӯшиш дорад, ки манфиатҳои стратегии давлат ва шаҳрвандонро дар чаҳорчӯбаи сиёсати «дарҳои кушода» таъмин намояд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёмашон, аз ҷумла, чунин зикр карданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст». Вобаста ба ин, метавон зикр намуд, ки самти муҳими сиёсати хориҷӣ иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид дастовардҳо чашмрасанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, ҷудоихоҳӣ, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти қазияи Афғонистон, аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд.
Ҳамчунин, дар Паём масъалаи рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ таъкид гардид, ки яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳад. Тавре дар Паём омадааст, раванди ҷаҳонӣ шудан, беш аз пеш, кишварҳои Осиёи Марказӣ, хоса Тоҷикистонро, вориди сиёсатҳои байналмилалӣ кардааст. Дар чунин шароит Тоҷикистон хостгори ҳамкории ҳар чӣ бештар дар ҳаллу фасли мушкилоти дохилии Осиёи Марказӣ ба хотири коҳиши паёмадҳои номатлуби ҷаҳонӣ ва таъмини ҷойгоҳи муносиби минтақа дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин аст, ки ошкоро ва бо далоили қотеъ эълом мешавад, ки тарҳу барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла, сохтани неругоҳҳо, на танҳо бар зиёни манофеи миллии ҳамсояҳои ин кишвар нест, балки судеро ба ҳамроҳ дорад, ки онро танҳо шарики воқеӣ метавонад бо дигарон қисмат кунад. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон муътақид аст, ки аз роҳи ҳаллу фасли мушкилоти дохилиаш метавонад ба афзоиши сатҳи рушди минтақа ва пойдорӣ дар баробари таҳдиди берунӣ мусоидат намояд.
Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақа, қабл аз ҳама, ба вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар кишвари ҳамсоя метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибати манфии дарозмуддат дошта бошад. Ин аст, ки дар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷаҳониён даъват ба миён меорад, ки барои ҳар чӣ зудтар хотима бахшидан ба низоъ дар Афғонистон кумаку машваратҳояшонро пешниҳод намоянд, зеро дарди ҳамсояро ҳамсоя хубтару возеҳтар дарк менамояд. Вазъияти ноороми кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамзабон тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи он роҳи ҳалли низомӣ надорад. Балки танҳо фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, музокироту машваратҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд. Ин нукта аз ҷониби Пешвои миллат ҳангоми суханрониҳояшон дар конфронсҳои вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон борҳо таъкид гардидааст. Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳи сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад. Президенти кишвар дар Паёмашон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда, даъват намуданд, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намоянд.
Дар Паём як нуктаи дигари муҳим ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои гуногунхислати минтақавию байналхалқӣ буд. «Мо робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорем, идома хоҳем дод», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Бемуболиға, тайи солҳои соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ташаббускор ва узви фаъоли созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ҳоло шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Тавре дар Паём қайд шуд, танҳо соли 2019 дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла, Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он доир гардиданд. Ҳамчунин, Тоҷикистон соли 2019 раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт, ки далели пешсафии ҳамкории кишварро бо ниҳодҳои гуногун муайян месозад.
Ҳоло кишвар барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Ин нукта дар Паём низ мавриди истифода қарор гирифт: «…Мо тасмим гирифтем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем», — таъкид намуданд Президенти кишвар, ки ин ҳам мантиқан муаррифии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳалли масоили обӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Воқеан, ҳама эътироф кардаанд, ки Тоҷикистон тавонист бо туфайли сиёсати воқеъбинона ва прагматикии хориҷиву дохилӣ дар муқобили ДИИШ, Ҳаракати «Толибон» ва дигар гурӯҳҳои террористию экстремистии байналмилалӣ мавқеи устувор ва босубот ишғол намояд ва дар рафъи ин мушкил ба мардуми ҳамҷавори Афғонистон ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ кумак расонад. Дар шароити кунунӣ кам кишварҳо ба хатарот истодагарӣ карда метавонанд. Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёмашон чунин зикр намуданд: «Мо минбаъд низ ба мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин, таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард».
Ҳабибҷон МИРЗОЕВ, устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон