«Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар соҳаҳои саноат ва энергетика самараи нек ба бор овард»,

№23 (4129) 20.02.2020

- мегӯяд Корманди шоистаи Тоҷикистон Гул Шералӣ

IMG_0002Нақл мекунанд, ки Нӯширавони Одил аз Бузургмеҳри Ҳаким пурсид:

- Тавонгар кист?

Бузургмеҳр дар ҷавоб гуфт:

- Тавонгар касест, ки ба ҳама некӣ кардан мехоҳад.

Дар ҳақиқат, некӣ кардан аз ҷумлаи он хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки мутафаккирони ҳама халқу миллат онро васф кардаанд. Мафҳуми некӣ кардан хеле васеъ аст. Инсонҳои шарифу хайрхоҳ маҳз ба василаи ободкорӣ, созандагӣ, фидокорӣ, накухоҳию роҳатрасонӣ ва ҳалолкорӣ дар дили халқ ҷо гирифта, номи неки худро дар дафтари таърих сабт намудаанд. Ходими намоёни давлатӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ аз ҷумлаи чунин афроди накуном аст.

Ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта аҳли хонаводаашонро аз мавзеи Пушинги ноҳияи Данғара ба ноҳияи Фархор муҳоҷир карданд. Аз деҳаи хушобу ҳавои кӯҳистон ба минтақаи бедолу дарахти сӯзон кӯч бастану иморати нав сохтан мушкил буд. Бо вуҷуди ин амаки Гулаҳмад аз мушкилӣ наҳаросида, барои худу фарзандон хонаву дар кард. Шералӣ, дар баробари таҳсил дар мактаби миёна, чун дигар ҷавонони деҳа ба пахтакорию зироаткорӣ низ машғул шуд. Аз ин рӯ, қарор дод оянда дар азхудкунии заминҳои бекорхобида ҳисса гузорад.

Соли 1974 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — гидротехник хатм намуд. Он вақтҳо мутахассисон барои азхудкунии заминҳои нав ва обёрикунии даштҳои ташналаб чун обу ҳаво зарур буданд. Аз ин рӯ, Шералиро тибқи роҳхат ба Идораи хоҷагии оби Фархору Чубек фирис­тоданд. Баъди ду моҳи ба ҳайси ёрдамчии муҳандис — геодезчӣ фаъолият намудан директори ҳамонвақтаи муассиса Ҳасан Салимов қобилияти кордонию ҳалолкории Шералиро ба инобат гирифта, ӯро сардори шуъбаи таъмиру сохтмони Раёсати шабакаи обёрии Фархору Чубек таъин карданд. Он солҳо азхудкунии дашти Уртабуз оғоз ёфта буд. Обёрикунии мавзеи асрҳо бекорхобида боиси афзуншавии истеҳсоли пахта, хӯроки чорво ва сабзавоту полезӣ гашт. Баъди ду соли пурмаҳсул кор кардан Шералӣ сармуҳандиси Колоннаи механиконидашудаи №17- и ноҳияи Фархор таъин гардид. Бо ташаббуси ӯ дар мавзеи Кокул зиёда аз 3000 гектар замини ташналаб ба гардиши кишоварзӣ даромад. Инчунин, даҳҳо километр канал, ҷӯйҳои бетонӣ, кӯпрук ва роҳҳои дохилихоҷагӣ сохта шуд. Оби дарёи Панҷ заминҳои бекорхобидаро шодоб кард. Зиндагии мардуми деҳот ранги дигар гирифт.

Ҳамон солҳо азхудкунии даштҳои Данғара оғоз ёфтанд. Таҷрибаю малакаи Гул Шералиро ба инобат гирифта, муовини сарвари онвақтаи собиқ вилояти Кӯлоб Мақсуд Икромов ӯро ба ҳузураш хонда гуфт:

- Мо аз таҷрибаю малакаи шумо огоҳем. Дар азхуд кардани даштҳои Данғара ба шумо барин мутахассисони ҷавону обутобдида ниёз дорем. Аз ин рӯ, шуморо сардори Колоннаи механиконидашудаи трести «Данғараводстрой» таъин менамоем.

Шералӣ бо дуои модар ба Данғара омад. Дар ҳуҷраи амонатгирифтаи меҳмонхонаи ноҳия зиста, ба азобу мушкилӣ тоб оварда, корҳои азхудкунии заминҳоро пеш мебурд. Бо роҳбарии ӯ кор дар се баст ба роҳ монда шуд. Заҳматҳо барабас нарафтанд. Ҳоло аз файзи меҳнати коргарони онвақта қисми зиёди деҳаҳои ноҳияи Данғара бо оби нӯшокию обёрӣ таъминанд.

Солҳои 1994 — 2001 Гул Шералӣ раисии ноҳияи Данғараро ба уҳда дошт. Дар он айёми душвор, ки силоҳбадастон бо истифода аз неру бедодгарӣ мекарданд, Гул Шералӣ халқи ноҳияро ба ваҳдату ҳамбастагӣ фаро хонда, дастуру супоришҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро софдилона иҷро менамуд. Он давра, новобаста аз мушкилиҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ дар ноҳия зиёд гашт. Бисёр ноҳияҳои ҷумҳуриро он солҳо маҳз Данғара бо ғаллаи тухмӣ таъмин мекард. Мардуми ноҳияҳои Москва (ҳоло Ҳамадонӣ), Восеъ, Сарбанд, Балҷувон ва шаҳри Норак аз Данғара гандум бурда, орд мекарданд.

Ҳамин тариқ, сокинони ноҳия хизматҳои Гул Шералиро ба инобат гирифта, соли 1995 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Инчунин, соли 2000 — ум Гул Шералӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Солҳои 2001 — 2006 Гул Шералӣ дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Соли 2006 вақте ду сохтор — саноат ва энергетика муттаҳид гардид, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Гул Шералӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Он солҳо, бинобар зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ва кам шудани сатҳи оби обанбори Норак, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон лимити неруи барқ ҷорӣ буд. Баъзе шабонарӯз аҳолӣ 4 соат (ду соат субҳ, ду соат шаб) бо барқ таъмин мешуданд.

- Сиёсати стратегии давлат дар бахшҳои энергетика ва саноат, супоришу нишондодҳои барномавии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2015» ҳамчун барномаи амал ва ҳуҷҷатҳои роҳнамо дар фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи нек дод. Дар натиҷа сохтмони НБО «Сангтӯда-1» бо иқтидори 570 мегаватт аз ҷониби Федератсияи Россия ва НБО «Сангтӯда- 2» бо иқтидори 220 мегаватт аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон бомуваффақият ба истифода дода шуданд, — он солҳоро ба ёд оварда мегӯяд Гул Шералӣ.

Дар доираи «Барномаи дарозмуддати сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои давраи солҳои 2009 — 2020» зиёда аз 200 неругоҳи хурди обӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ мавриди истифода қарор гирифта, манзили ҳазорон сокини деҳоти дурафтодаи кишвар гарму чароғон гардид. Аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 1000 адад панели офтобӣ ворид намуда, дар мактабу беморхона ва манзили сокинони ноҳияҳои Мурғоб, Айнӣ ва Дарвоз ройгон насб карда шуд. Теъдоди таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ дар мамлакат ба 2433 адад расид. Якчанд таҷҳизоти барқдиҳандаи шамолӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Шӯрообод (ҳоло Ш. Шоҳин) ва Данғара насб гардиданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки техникии ширкатҳои ҳиндустонии BHEL ва NPTC соли 2012 Неругоҳи барқи обии «Варзоб — 1» таҷдид карда шуд. Дар натиҷа, иқтидори неругоҳ, ки соли 1935 сохта шудааст, аз 4,75 мВт ба 9,5 мВт расид.

Дар ин давра хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб — Шимол» ва 220-киловолтаи «Лолазор — Хатлон» бо зеристгоҳҳояшон сохта шуданд. Ин имкон дод, ки қисматҳои ҷануб ва шимоли ҷумҳурӣ бо ҳам пайваст гардида, бо системаи ягонаи энергетикӣ табдил дода шаванд.

Талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат баҳри аз байн бурдани норасоии барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон самараи нек дод. Ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» аз ҷониби Ширкати хитойии «ТВЕА» бо иқтидори 400 мегаватт мушкилоти мазкурро аз байн бурд. Зимни балоиҳагирии иншооти зикршуда бархе муқобили сохтмони он буданд. Вале Гул Шералӣ бо мисолҳои мушаххас собит намуд, ки то пойтахт бо оби гарми бидуни барқ таъмин набошад, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан мушкил аст. Пешвои миллат ин ташаббусро дастгирӣ карда, хишти аввали иншоотро гузоштанд. Гузашти айём ҳақ будани Гул Шералиро собит кард. Инак, чанд сол боз манзили сокинони шаҳри Душанбе аз баракати МБГ «Душанбе — 2» бо гармӣ таъмин аст. Чанд сол пеш барои дастрасӣ ба шаҳриён обгармкунак насб кардан лозим меомад. Хонаҳоро дар зимистон бо бухории барқӣ гарм менамуданд, ки хароҷоти зиёд талаб мекард. Яъне, бунёди МБГ «Душанбе — 2» харидани обгармкунаку бухорӣ ва сарф намудани пули зиёд барои барқро барои аксар сокинони пойтахт аз байн бурд. 400 мегаватт неруи барқи ба системаи энергетикии мамлакат изофашуда мушкилоти норасоии барқ дар фасли зимистонро рафъ намуд.

Ширкати «ТВЕА», инчунин барои кашонидани ангиштсанг 50 мошини калони боркаш ҳадя кард. Ба истифода додани МБГ «Душанбе — 2» барои зиёд кардани истеҳсоли ангиштсанг дар мамлакат такон бахшид.

Агар соли 1990 дар ҷумҳурӣ 475 000 тонна ангишт истихроҷ шуда бошад, соли 2019 ин рақам ду миллиону 27 ҳазор тоннаро ташкил дод. Соли 1990 дар кишвар 2 корхонаи коркарду истих­роҷи ангишт фаъолият мекард. Дар давраи вазирии Гул Шералӣ (соли 2013) теъдоди чунин корхонаҳо ба 18 адад расонида шуд. Бинобар қатъ шудани воридоти газ ба ҷумҳурӣ он солҳо 167 корхонаю муассисаҳои саноатӣ, ки қаблан бо истифодаи гази табиӣ фаъолият менамуданд, ба истифодаи ангишт гузаронида шуданд. Ин вобастагии фаъолияти корхонаҳоро аз сӯзишвории воридотӣ озод намуда, маҳсулнокиашонро афзун кард.

Дар давраи вазирии Гул Шералӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ чанд корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ эҳё гардида, ҷойҳои корӣ барқарор шуданд. Тайи ин муддат иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда баланд гардида, садҳо корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Агар соли 1990 дар ҷумҳурӣ 600 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошта бошад, пас шумораи онҳо соли 2013 ба 1500 адад расид.

Соли 2006 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 4 миллиарду 560 миллион сомониро ташкил дод. Ин нишондод соли 2012 ба 9 миллиарду 797,5 миллион сомонӣ баробар шуд. Бо роҳи андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ иқтидори корхонаҳои кӯҳии металлҳои ранга зиёд гардида, ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа ба таври назаррас афзуд.

Чунончӣ, моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин — Топкани вилояти Суғд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Чин» таъсис ёфт, ки соли 2012 ҳаҷми умумии сармояи он 95,4 миллион доллари ИМА- ро ташкил дод. Дар муассиса1554 нафар мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Аз ҳамон давра дар ҷумҳурӣ дар самти азхудкунии конҳо истеҳсоли хокаи сурбу руҳ, волфрам, никел, афзоиши истихроҷи тилло ва дигар фулузоти нодир замина гузошта шуд.

Дар доираи «Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои давраи то соли 2015» иқтидорҳои нав оид ба истеҳсоли семент, хишт, коркарди санг, гач, оҳан ва ғайра бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба кор даромаданд. Натиҷаи бунёди корхонаҳои нав буд, ки Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи семент ба содиркунандаи он табдил ёфт.

Соли 2019 истеҳсоли семент дар мамлакат ба 4,2 миллион тонна расид. Ин рақам соли 2015 як миллиону 412 000 тоннаро ташкил дод. Ҳоло дар мамлакат 14 корхонаи сементбарорӣ фаъолият мекунанд, ки иқтидори солонаашон ба 4,7- 5 миллион тонна мерасад.

Барои рушди саноати сабук низ дар давраи вазирии Гул Шералӣ иқдомҳои назаррас сурат гирифтанд. Аз соли 2006 то нимсолаи аввали соли 2013 дар мамлакат дар самти саноати сабук зиёда аз 40 корхона сохта ба истифода дода шуд.

Соли 2013 Гул Шералӣ ба нафақа баромада, чанд сол боз дар ширкате ҳамчун собиқадори соҳаи энергетика ба ҳайси мушовир кор мекунад. Аммо бояд гуфт, ки аз давраи азхудкунии даштҳои Фархору Чубеку Данғара то замони раиси ноҳия шудану вазириаш дар обшор кардани заминҳои ташналаб, бунёди купрӯку роҳ, корхонаю неругоҳ ва ободии деҳот саҳми арзанда гузоштааст. Ба қавли мардум, «ҳар куҷое рафт, обод кард». Аммо ӯ дар ин хусус ҳарф заданро дӯст намедорад. Дар ин хусус дар китоби «Марди роҳ»- и Шоири халқии Тоҷикис­тон Муҳаммад Ғоиб, ки ба Гул Шералӣ бахшида шудааст, омадааст:

- Мо чӣ хел кор мекунем ва кадом корҳоро ба сомон мерасонем, дар таърих мемонад. Агар хатокор бошем, моро дар зери замин ҳам кофта меёбанд, бехато бошем, тамоми умр осудаем ва аз дунё бо хотири ҷамъу номи нек меравем.

Корманди шоистаи Тоҷикистон Гул Шералӣ бо орденҳои «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II ва «Шараф», инчунин Ифтихорномаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Ӯ имрӯз ба синни мубораки 70 қадам ниҳод. Бо вуҷуди солҳои зиёд дар вазифаҳои пурмасъулият фаъолият доштан дар синну сол ҷавон менамояд. Зеро аз айёми ҷавонӣ варзишро дӯст медошту ҳанӯз ҳам салобати паҳлавонӣ дар вай дида мешавад.

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз куҳна намешавад?

Гуфт:

- Номи нек.

Зиндагиномаи чунин ходимони хизматнишондода, ки умре баҳри ободии диёр заҳмат кашида, сазовори номи нек гаштаанд, боиси ибрат аст.

Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»