Мулоҳизаҳои собиқ корманди соҳаи нефту газ Набӣ Маликов, ки дар мусоҳибаи Шариф Атобуллоев таҳти унвони «Соҳаи нефту газро дуруст ба роҳ мондан мумкин, агар…» «СМ» №10 (3960) аз 24 январи соли 2019) зикр шудааст, аз воқеият каме дур мебошад.
Беҳтар мебуд, барои дастрас намудани маълумоти дақиқ, дастоварду мушкилот ва баҳогузории воқеии он бо мутахассисони варзида суҳбат гузаронида, вазъияти соҳаро баҳогузорӣ намуда, пас аз он матлаб чоп мешуд.
Ширкатҳои «Газпром», «Тэтис», «Тотал», «СНПС» ва ғайра, ки дар бораашон маълумот нашр гардидааст, мансубият ба он давлатҳое доранд, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаву ҳамкории судманди тарафайнро ба роҳ монда, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои бевоситаи роҳбарияти олии кишвар робитаҳояшон рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодаанд.
Дар мақола омадааст, ки «бо гуноҳи Вазорати энергетика ва захираҳои об ва бо вайрон намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ширкатҳои хусусӣ конҳоро бе пул қабул намуда, вазорат аз онҳо ҳатто талаб намекунад, ки барои рушди соҳа маблағгузорӣ намоянд».
Дар ин ҷо равшанӣ андохтан зарур аст, ки конҳои канданиҳои фоиданок фурӯхта нашуда, мутобиқи қонунҳои амалкунанда ҳамчун моликияти истисноии давлат, дар муҳлатҳои муайян бо мақсади рушди соҳаҳои саноат ва иқтисодиёти кишвар барои истифода ба ин ё он ширкат аз тариқи иҷозатномаи ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин дода мешаванд.
Дар мақола инчунин омадааст, ки «масъулини вазорат мутахассисони хуб дар соҳаи энергетика ҳастанд, аммо нозукиҳои соҳаи нефту газро намедонанд». Ҳол он ки дар вазорат ва корхонаҳои зертобеи он мутахассисони дорои таҳсилоти олии соҳаи нефту газ ва соҳибтаҷриба, ки солҳо дар истеҳсолот кор кардаанд, фаъолият менамоянд.
Оид ба коҳиш ёфтани истихроҷи нефту газ маълум менамоем, ки конҳои нефту газ 50-60 сол мавриди истифода қарор дошта, бо мурури замон, фишори қабатҳои маҳсулнок паст, обёрии чоҳҳо зиёд ва хароҷот дар самти истихроҷи нефту газ (дар конҳои амалкунанда) дучанд гардидааст.
Бо вуҷуди ин, солҳои охир, барқароркунии чоҳҳо бамаротиб зиёд шуда, истеҳсолот вобаста ба шароити воқеии конҳо афзудааст.
Вобаста ба «… рӯи замин баромадани нефт дар шаҳри Конибодом», бояд қайд намуд, ки айни замон, дар шаҳри Конибодом нуҳ кони амалкунандаи нефту газ мавҷуд буда, дар онҳо истихроҷи нефту газ ба роҳ монда шудааст ва ба рӯи замин баромадани нефт мушоҳида нагардидааст.
Дар хусуси ба 3,2 триллион метри мукааб баробар будани захираи газ ва 1,1 млрд. тонна захираи нефт ба маълумоти шумо мерасонем, ки то ҳол чунин ҳаҷм, расман дар ягон ҳисоботи тасдиқшудаи мақомоти ваколатдор дарҷ нагаштааст.
Соҳаи нефту газ аз соҳаҳои мураккаб, серхароҷот ба ҳисоб рафта, дар шароити кунунӣ бе ҷалби сармоягузорони хориҷӣ кашфи конҳои нав ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, айни замон, бо мақсади рушди соҳа ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ, аз қабили ҶХММ «Бохтар Оперейтинг Компани Б.В.», ҶСК «Газпром», ҶМСП «Сомон Ойл» ва ҶДММ «Эдго Энерҷӣ С.А.» ба роҳ монда шуда, аз онҳо ягон ширкат ҷумҳуриро тарк накардааст. Ду ширкати дигари бонуфузи ҷаҳонӣ – «Total E & P Tajikistan» ва «CNPC Central Asia B.V.» барои ҳамкорӣ дар самти омӯзиши майдонҳои нефту газдор ҷалб карда шуд.
Аз ҷониби ширкатҳои мазкур ҷиҳати дақиқ муайян намудани пармачоҳҳо ва идома додани марҳилаи дуюми корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофӣ бо натиҷаҳои корҳои иҷрошудаи омӯзиши геологӣ-геофизикии саҳроӣ дар майдонҳои иҷозатномавӣ дар кишвар корҳои таҳлилӣ, санҷишӣ ва натиҷагирӣ идома доранд.
ҶСК «Газпром» дар майдонҳои тибқи иҷозатнома иҷозати фаъолиятдошта марҳилаи аввали корҳои омӯзиши геологӣ-геофизикиро ба анҷом расонид. Дар натиҷа, дар майдони Сариқамиш аввалин маротиба оид ба қабатҳои хобидашудаи давраи палеоген ва табошир маводи зарурӣ дастрас ва омӯхта шуда, таркиби сохтори майдони мазкур муайян карда шуд. Ҷамъияти «Сомон Ойл» дар ин майдонҳо корҳои иктишофи сейсмикиро бо усули 2D ба анҷом расонида, мавҷудияти захираҳои саноатии нефту газ муайян карда шуда, барои гузаронидани корҳои пармакунӣ омодагӣ ҷиддӣ аст. Ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои зикршуда идома дорад.
Корхонаи ҶСК «Суғднефтугаз» ба корҳои сохтмонӣ ва парма намудани чоҳҳои нефту газ машғул буда, пас аз ба анҷом расонидани корҳои болозикр (аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ) метавонад фаъолиятро барои рушди соҳаи нефту гази ҷумҳурӣ беш аз пеш тавсеа бахшад.
Дигар ҷамъиятҳои хусусӣ, аз ҷумла ҶМДММ «Петролеум Суғд», ҶСК «Нефту газ», ҶДММ «Салоса», ҶДММ «Азизӣ-1», ҶСП «Ҳасан ва К» ва ҶДММ «Сетос» дар якчанд кони амалкунанда ба истихроҷи нефту газ машғул мебошанд ва суръати афзоиши истихроҷи нефт соли 2018 назар ба соли пеш 102,0 фоизро ташкил додааст.
Боварӣ дорем, ки ин гуфтаҳо барои дуруст дарк намудани вазъи соҳаи нефту газ дар кишвар ёрӣ мерасонанд. Гарчанд мавзӯи матраҳгардида ва корҳои дар даврони шӯравӣ анҷомдодашуда пурра мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуданд, зарур нашуморидем, ки аз дастовардҳо бори дигар ёдовар шавем, то худнамоӣ нашавад.
Вазорати энергетика ва захираҳои об ба нашрияи «Садои мардум» барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва ҳамкорӣ дар пешбурд ва инъикоси холисонаи дастоварду мушкилоти соҳа миннатдорӣ намуда, итминони комил дорад, ин ҳамкориҳо ба рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар минбаъд низ самаровар боқӣ хоҳанд монд.
Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон