Ба мо муроҷиат мекунанд

Соҳибони дипломи аъло чӣ имтиёз доранд?

№38 (3988) 06.04.2019

Дар даврони шӯравӣ (аниқтараш, охири солҳои 80-уми асри гузашта) қонуне қабул гардида буд, ки мувофиқи он мутахассисони соҳиби дипломи аълои мактабҳои олӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ дар гирифтани маош аз имтиёзҳо бархӯрдор буданд (маоши баландтарини вазифавиро мегирифтанд). Ин воситаи хуби ҳавасмандгардонии мутахассисон, махсусан, ҷавонон, буд, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ баланд мебардошт. Донишҷӯёнро барои беҳтару хубтар таҳсил намудан водор мекард.

Оё дар қонунгузории кунунӣ чунин имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд? Агар не, аз шумо хоҳиш мекунам, навиштаҳои маро ҳамчун пешниҳод ба мақомоти дахлдори қонунгузории ҷумҳурӣ расонед. Гумон мекунам, ки қабули чунин қонун ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.

Бо эҳтиром Абдусаттор Бобоев, сокини шаҳри Кӯлоб, деҳоти «Кӯлоб», деҳаи Чорбоғ, корманди Китобхонаи марказии шаҳр

****

Дар робита ба номаи шаҳрванд ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ғоиб Бобокалонов масъаларо чунин шарҳ дод:

Чунин қонуне, ки ба қавли шаҳрванд А. Бобоев гӯё дар давраи шӯравӣ амал мекард, вуҷуд надошт. Масъалаи зикргардида, яъне, ҳавасмандгардонии шахсони дорои дипломи аъло, бо тартиби муқарраршуда, тибқи банди 16 «Низомнома дар бораи маълумоти олии касбӣ», ки бо Қарори Шӯрои вазирони СССР аз 22 январи соли 1969, №64 тасдиқ шуда буд, ҳаллу фасл мегардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, вобаста ба масъалаи мавриди назар, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд. Чунончӣ, тибқи банди 10 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 4 июли соли 2013, №537 ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад. Мутобиқи банди 7 моддаи 24-и қонун донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро бо дипломи аъло хатм кардаанд, дар интихоби ҷойи кор озоданд ва барои дохилшавӣ ба магистратура, барои ихтисосҳои тиббӣ — магистратура — ординатураи клиникӣ, аспирантура ё докторантура аз рӯи ихтисос бе навбат роҳ дода мешаванд. Масалан, тибқи муқаррароти моддаи 10 банди 38 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №650 «Дар бораи Низомномаи магистратура», шахсоне, ки магистратураро бо дипломи аъло хатм мекунанд, дар асоси қарори Комиссияи давлатии аттестатсионӣ ба аспирантура ва барои ба даст овардани дараҷаи илмии доктори илм (DPhd) ба муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ тавсия дода мешаванд. Ба ҳамин монанд, тибқи муқаррароти моддаи 8 банди 41 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 декабри соли 2007, №650 «Дар бораи Низомномаи бакалавриат», бакалавре, ки муассисаи таҳсилоти олии касбиро бо дипломи аъло хатм мекунад, аз рӯи равия ва ихтисос (ё интихобан) ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар барои таҳсил тавсия дода мешавад.

Тибқи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009, № 531, бо кор таъмин намудани хатмкардагони шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, аз ҷумла, санадҳои зерқонунӣ, ки меъёри қонунҳоро мушаххас ва пурра мегардонанд.

Дар робита ба пурсиши шаҳрванд Абдусаттор Бобоев, ҳамчунин тазаккур бояд дод, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерқонунӣ асосан аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроия (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва ғайраҳо), мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ қабул карда мешаванд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»