Аз он рӯзе, ки ӯ аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе рахти сафар баст, 8 сол гузашт. Рӯзҳои аввали омадан ҳамкорон бо тааҷҷуб ба ӯ менигаристанд ва ҳатто мегуфтанд: «Беҳуда ҷои гарматро хунук кардӣ, ба ҳар кас чунин бахти калон пеш намеомад».
Дар ҳақиқат, кам нафароне ёфт мешаванд, ки ба чунин кор даст зананд. Сайбилол, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекард, тамоми шароитро доро буд. Дар яке аз беморхонаҳои калони шаҳр мудири шуъба, дар маҳаллаи хубтарин дорои хона, дар байни ҳамкорон ҳамчун олими шинохта — доктори илми тиб ва табиби ҳозиқ шинохта шуда буд. Ба ғайр аз ин, барои пешравии корҳои илмиаш муҳити хуб фароҳам ва олимони шинохта доимо дар паҳлуяш буданд.
Аммо меҳри Ватан ва хизмат ба мардуми диёрро аз ҳама авлотар донист ва ба Душанбе рахти сафар баст…
Гӯё дирӯзакак буд. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи сурх хатм намуду ба ординатураи клиникӣ дар кафедраи осебшиносӣ ва шикастабандӣ дохил шуд. Соли 1995 ӯ аспиранти Академияи тиббии баъдидипломии Санкт-Петербург буд ва тақдири ояндаи Сайбилоли 25 — сола ба илми тиб пурра пайваст шуд.
Соли 1998, баъди хатми аспирантура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Ватан баргашт ва ҳамчун ҷарроҳи шикастабанд ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобати беморон пардохт. Номбурда истифодаи роҳҳои нави табобати дар Федератсияи Россия амалишударо, ки рисолаи номзадиаш вобаста ба он буд, ба роҳ монд. Солҳои 1998-2002 ҳамчун олими ҷавон дар Донишкадаи баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон кори илмӣ бурд ва усулҳои нави табобатро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Қарияи Боло роҳандозӣ намуд.
Сайбилоли ҷавон ҳамчун ҷарроҳ ҳангоми корҳои амалӣ ба мушкилиҳои нав рӯ ба рӯ мегашт, ки роҳи ҳалли онҳо боз омӯзишу ҳосил намудани таҷрибаи корӣ буд. Биноан, дубора роҳи Санкт-Петербургро пеш гирифт. Ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи докторантураи Академияи тиббии баъдидипломии Санкт-Петербург супорид ва ҳамзамон, дар яке аз беморхонаҳои шаҳр ба кор даромад.
Таҳсил дар докторантура барои Сайбилол дар ҷодаи илм ва фаъолият ёрии калон расонид, аз натиҷаи корҳои амалӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Федератсияи Россия матолиби илмӣ чоп намуд. Ӯ давоми панҷ сол худро ҳаматарафа нишон дода тавонист. Азбаски дорои дониши амиқу рафтори намунавӣ ва масъулияти баланд буд, вазифаи мудири шуъбаи беморхонаро ба ӯ муносиб донистанд.
Соли 2008 Сайбилол рисолаи доктории худро бо роҳбарии профессор В.А. Неверов дар мавзӯи «Барқароршавии беморон баъди артропластикаи буғуми косу рон» ҳимоя намуд ва ҳамчун олими барҷастаи тиб дар шаҳри Санкт-Петербург маъруф гардид. Дар ин муддат аз рӯи корҳои илмӣ ду патенти ихтироот ба даст овард.
Чунки борҳо ба Душанбе сафар намуд ва ба муолиҷаи беморон пардохт. Дар он солҳо ӯ медонист, ки барои табобат гирифтан дар беруни кишвар маблағи калон даркор аст ва на ҳама ба ин қодиранд.
Сайбилол дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифи кишвар ва ширкати ҳавоии «Сомон — эйр» соли 2011 барномаи дастгирии кӯдакони маъюбро ба роҳ монд. Дар ин давом даҳҳо тифлони маъюби мактаб-интернати махсусгардонидашудаи ноҳияи Ҳисорро ҷарроҳӣ намуда, ба по рост кард. Ҷарроҳиҳо гоҳҳо дар шаҳри Санкт-Петербург ва гоҳҳо дар Душанбе сурат мегирифтанд. Ин кори хайри ӯ ҳоло ҳам давом дорад.
Соли 2008 ба Душанбе баргашт ва боз дар Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ ба кор шурӯъ кард. Баъди чанд муддат ҳамкорон акнун ба ӯ бо нигоҳи нав назар мекарданд, дигар намегуфтанд, ки беҳуда омадӣ. Шуъбаи шикастабандии Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ овозадор гардид. Бемороне, ки солҳои сол барои ҷарроҳӣ бо сабаби камбуди маблағ ба хориҷи кишвар рафта наметавонистанд, дар Душанбе ҷарроҳӣ шуданд.
Сайбилол таҷрибаи клиникаҳои машҳури мамолики хориҷиро дар Душанбе истифода кард. Имрӯз ӯ аз он хурсанд аст, ки аллакай қисми зиёди ҷарроҳиҳои вазнин дар дохили кишвар гузаронида мешаванд ва шумораи солимшудагон рӯз аз рӯз меафзояд.
Ду сол пеш ба вазифаи президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибов таъин гардид ва ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани пешравии илми тиб олимони ҷавонро ба кор ҷалб намуд, ки Сайбилол Қурбонов яке аз онҳо буда, имрӯз вазифаи мудири шуъбаи илмӣ-ташкилии академияро ба уҳда дорад.
Ӯ дар якҷоягӣ бо олимони тиб бобати таҳия намудани барномаи нав доир ба истифодаи технологияи муосир дар тиб ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои морфология, иммунология, вирусология ва рентгенология, истифодаи усулҳои муосир дар амалиётҳои фаврӣ барои кӯдакони модарзоди бемории дилдошта ва шикастабандӣ корҳои зиёдро анҷом дод.
Талошҳои пайвастаи ӯ буд, ки имрӯз дар беморхонаҳои ҷумҳурӣ артропластикаи буғумҳои калони бадан бо истифода аз технологияи муосир гузаронида мешаванд.
Имрӯз вобаста ба талаботи замон пеши олимони тиб вазифаҳои азим меистанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ва маросими ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе онҳоро мушаххасу муайян намуд.
Сайбилол аз он хурсанд аст, ки имрӯз соҳаи тандурустӣ рӯ ба пешравӣ ниҳода, илми тиб дастовардҳои наверо соҳиб гардидааст. Ҳамкориҳои илмӣ бо олимони мамолики хориҷи кишвар мустаҳкам мегарданд.
Тайёр намудани олими соҳаи тиб, ки савияи донишаш ҷавобгӯи замон бошад, заҳмати зиёдро талаб мекунад. Барои ин, пеш аз ҳама, кадрҳои баландихтисос даркоранд, ки дигарон эътироф намоянд. Илми тибби тоҷик ҳанӯз солҳои собиқ ИҶШС бо чунин фарзандон фахр мекард ва имрӯз низ бояд ин мақом аз даст наравад. Сайбилол чун дигар олимони академия сари ҳамин андеша аст.
Кори табиб реҷаи муайян надорад ва лаҳзаҳои беҳтарини зиндагӣ дар шабзиндадориҳо, сари тадқиқотҳои илмӣ ва омӯзиши дарди бемор сарф мегардад. Сайбилол аз зумраи он нафаронест, ки дар ин пайроҳа қадам мезанад.
Шодмони Карим,
рӯзноманигор