Тоҷикистон кишвари рӯ ба рушд буда, сол то сол нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии он тамоюли афзоишро касб менамояд. Дар ин раванд соҳаи тандурустии кишвар низ дастовардҳои назаррас дорад. Бо ҷаҳду талоши бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ин соҳаи муҳим тадриҷан бо технологияи муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз гардида, ҳамасола беморхонаҳои наву замонавии дорои тамоми шароити хизматрасонӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегиранд. Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз раванди рушди соҳаи тандурустии кишвар дар соли 2014 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров изҳор дошт, ки вазорат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар доираи татбиқи барномаҳои миллӣ, аз ҷумла барномаҳои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил, бемориҳои саратон, бемориҳои касбӣ, осеббардорӣ, беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил, диабети қанд, нашъамандӣ ва сил чораҳои муассир андешида, ҳамаи кӯшишу ғайрати худро барои сари вақт ва самаранок амалӣ гардонидани онҳо равона мекунад.
Бино ба гуфти мавсуф, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис шуд, ки айни замон лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, барои мувофиқасозӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намудааст.
Дар ин давра Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл, шуъбаҳои таваллуд, ҷарроҳӣ ва наҷоти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Хуросон ва Ёвон, Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Бохтар» ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар маросими ифтитоҳи онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо кормандони соҳа вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015» сохтмони Беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳрии дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст идома дорад.
Ҳамсуҳбатам дар идома афзуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои тиббии мамлакат, бо дарназардошти рушди тибби хусусӣ даҳ адад томографи компютерӣ, шаш адад томографи магнитию резонансӣ, панҷ адад ангиограф, шаш адад мамограф, 19 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, 16 адад дастгоҳи софнамоии хун (гемодиализ) барои муоинаи мизоҷон фаъол аст.
Дар муассисаҳои тиббии мамлакат ворид намудани тибби фосилавӣ вусъат ёфта, айни ҳол дар бинои дастгоҳи марказии вазорат, Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, беморхонаҳои зиддисилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон, Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ва Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати ба роҳ мондани тибби фосилавӣ насб гардидааст.
Соли 2014 ба 36 нафар беморон амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида, то имрӯз 115 нафар ба чунин амалиёт фаро гирифта шуданд, ки шаш нафари онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил медиҳанд. Айни ҳол мутахассисон барои гузаронидани амалиёти пайвандсозии ҷигар омодаанд.
Дар соли 2014 ба 1014 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳо, ба 1025 нафар ангиография, ба 254 нафар ангиопластика ва стентгузорӣ, ба 129 нафар беморон ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ гузаронида шудаанд. Ҷарроҳони дилу рагҳои вилояти Суғд дар Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд бори аввал ҷарроҳии шунткунонии иклилиро бомуваффақият анҷом додаанд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон озмоишгоҳи бактериологӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, мутахассисон омӯзонида шуданд. Ҳамин тариқ, дар тамоми вилоятҳо дастрасӣ барои ташхиси шаклҳои мутобиқгаштаи сил таъмин гардид.
Бино ба гуфти Н.Ҷафаров, пойгоҳи моддию техникии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва марказҳои саратоншиносии вилоятӣ бо дастрасии дастгоҳҳои эндоскопӣ, ренгенӣ, фаросавтӣ мустаҳкам гардида, дар ҳама вилоятҳо дастгоҳи муосири тиббӣ — мамограф дастрас шудааст ва имконияти гузаронидани мамография ба гурӯҳи мақсаднок (занҳои аз синни 40-сола боло) таъмин гардид.
Барои дастрасии табобати нурӣ ба беморони гирифтори саратон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ мувофиқа ҳосил гардида, дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд сохтмони шуъбаи нурӣ оғоз шуд.
-Ҳамзамон дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ дастгоҳи ташхиси иммуноферментӣ барои муайян намудани гормонҳо ва дастгоҳи ташхиси фаросавтӣ харидорӣ ва насб шуд.
Иттилоъ гирифтем, ки айни ҳол шумораи муассисаҳои хусусии тиббӣ 574 ададро ташкил медиҳад.
-Зикр кардан бамаврид аст, ки дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябри соли 2014 Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Бохтар» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои будубоши доимии 100 нафар маъюбони беморони рӯҳӣ кушода шуд, ки дар он 60 нафар кормандон ба бошандагон хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ мерасонанд,-изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат Н.Ҷафаров.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»