Қонун ва иҷрои он

СОЛИ 2016. ДАР СЕ МОҲ 2319 АҚДИ НИКОҲ БЕКОР ГАРДИД

№67 (3547) 24.05.2016

Садоат Сирочзода (2)Мусоҳиба бо сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷзода Саодатбибӣ Давлатхӯҷа

 

- Ба назари шумо маърифати оиладории шаҳрвандон  дар кадом сатҳ қарор дорад ва шумораи оилаҳое, ки ҷудо мешаванд, зиёд аст?

-Мушкилоти оила мушкилоти якрӯза нест ва дар ҳама давру замон вуҷуд дошт. Вале бо сабаби паст будани сатҳи маърифати оиладорӣ оилаҳо дер ё зуд аз ҳам ҷудо мешаванд. Бо дарназардошти ин мушкил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 — ро Соли оила эълон намуд, ки бешубҳа, ба болоравии маърифати  оиладории шаҳрвандон мусоидат намуд.

Порсол зиёда аз 77 ҳазор оила ташкил шуд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ хеле зиёд мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта 8336 оила аз ҳам ҷудо гардидааст, ки ин рақам нисбат ба соли гузашта камтар аст. Дар семоҳаи аввали соли равон 2319 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Нишондиҳандаҳо тамоюли пастшавӣ дошта бошанд ҳам, ҳанӯз  нигаронкунандаанд. Аз шумораи зикршуда 1455 оила бо қарори суд ҷудо шудаанд, ки дар натиҷа 1612 кӯдак ба тарбияи яке аз волидайн вогузор гардид. Бештари ин кӯдакон ноболиғ мебошанд ва дар тарбияи модар мондаанд.

Табиист, ки аз тарбияи муштараки волидайн маҳрум мондани кӯдакон ба вазъи равонии онҳо бетаъсир намемонад ва паёмади номатлуб низ дорад.

Нуктаи муҳими дигар дар ин самт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр шуд, никоҳи хешутаборист, зеро, тибқи андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ тақрибан дар 30 — 35 фоизи ҳолатҳо сабаби таваллуди кӯдакони маъюб никоҳи хешутаборӣ мебошад.

Бо вуҷуди корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ никоҳи хешовандони наздик идома дорад. Чунончӣ, дар се моҳи соли равон нуҳ ҳолати ақди никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шуд. Биноан, ба қонунҳои амалкунанда, ки муносибатҳои  оиладориро танзим менамоянд, тағйиру илова ворид  шуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 15- уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ва онҳоро бо натиҷаи  муоинаи тиббии ҳамдигар шинос кардан мебошад. Муоинаи тиббии пешакӣ барои фароҳам овардани шароити зарурӣ дар ташаккули оилаи солим, пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб ва бемориҳои ба  ирсият асоснокшуда гузаронда мешавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 14- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 марти соли 2016 таҳти №1290) бастани никоҳ байни  хешовандони наздик — фарзанди бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода манъ аст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) зикр шудааст, ки ҳоло дар  кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдаку навраси маъюби то 18- сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешавад. Бештари онҳо маъюбони  модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз  волидайни  гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.

- Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» чӣ буд?

- Дар номгузорӣ ва тартиби иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ, тарзи барқароркунии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мушкилоти зиёд пеш омад. Моддаи 20 — уми қонуни мазкур аз нав таҳрир шуд, ки мувофиқи он ҳар  шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд бояд насаб ва ном, инчунин  метавонад номи падарии ба асосҳои таърихӣ ва фарҳангии миллӣ асоснок дошта бошад.

Тавре дар қисми панҷуми моддаи 20- уми қонуни мазкур омадааст, ба кӯдак гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷик бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот, парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст  мезананд, манъ аст.

Қисми шашуми моддаи 20- уми қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки номи падар бо иловаи  пасвандҳои ташаккулдиҳандаи – зод, — зода, -ёр, -ни, -фар ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо бояд шакл гирад.

Тарзи навишти насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба ҷо оварда мешавад.

Бо ворид намудани тағийру иловаҳо ба моддаи 67 қонуни мазкур тартиби ивази насаб, номи шахс ва номи  падарӣ танзим гардидааст. Ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллиро, ки  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, тибқи анъанаҳои  миллиашон (талаботи қисми 11 моддаи 20) қонуни мазкур кафолат медиҳад.

- Мувофиқи матлаб мебуд, агар оид ба намуд ва нархномаи варақаҳои (бланкҳо) пардохти боҷи давлатӣ маълумот диҳед…

- Бланкаҳои расмӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тайёр ва тасдиқ мешаванд.

Онҳо аз ҳафт намуд иборатанд: шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ, фарзандхондӣ ва муқаррар намудани падарӣ.

Арзиши як бланк ба андозаи 20 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуда, маблағи он ба суратҳисоби махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ дар асоси моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ройгон аст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», мувофиқи замимаи 2 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №430 андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагӣ барои анҷоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар шудааст.

Ҳолатҳое ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун барои кӯдак сари вақт шаҳодатнома дар бораи таваллуд гирифта намешавад. Аз ин рӯ, барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии таваллуди кӯдакони аз 16 -сола боло андозаи пардохт 25 фоизи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 40 сомонӣ мебошад) ҳамчун музди иловагӣ муқаррар шудааст.

Маблағ барои бекор намудани ақди  никоҳ дар асоси қарори суд (30 фоиз), тартиб додани ҳуҷҷатҳо оид ба муқаррар намудани падарии кӯдаки аз яксола боло (50 фоиз), чопи як саҳифаи компютерӣ (2,5 фоиз), барасмиятдарории ҳуҷҷат оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ивази насаб, ном ва номи падар (30 фоиз), навиштани шаҳодатномаи такрорӣ (25 фоиз), нусхабардории ҳама гуна ҳуҷҷатҳо (5 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо), ба воситаи филиалҳои БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пардохт шавад. Соли гузашта барои анҷоми ин хизматрасониҳо 5 млн. 413 ҳазору 396 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт гардидааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2014 – 2019» қабул гардид, ки ба мавриди истифода қарор гирифтани низоми мутамарказонидашудаи электронии маълумоти мушаххаси аҳолӣ, ҳуҷҷатгузории пурра дар шакли электронӣ, таъминоти заминаи моддию техникии соҳа, такмили ихтисоси кормандон мусоидат мекунад.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»