Тақвимҳое, ки ба солшуморӣ вобастаанд, дар ҳама давру замон нақши муҳим бозидаанд. Аз ҷумла, солшумории мелодӣ, ҳиҷрӣ, қамарӣ, шамсӣ ва монанди инҳо, ки барои мо ошно мебошанд.
Нусхаҳои гуногун аз тақвими чинӣ солҳо боз вуҷуд доранд ва мардум аз онҳо истифода мебаранд. Дар миёни мардуми мо низ солшумории «Мучал» вуҷуд дорад, ки онро аз хитойиҳо пазируфтаем. Ин солшуморӣ дувоздаҳгона буда, бо номи дувоздаҳ ҳайвон — муш, бақар, паланг, харгӯш, наҳанг, мор, асп, гӯсфанд, ҳамдуна, мурғ, саг ва хук машҳур аст.
Зиндагии мо инсонҳо аз боварҳо иборат аст. Одамон ба ҳар як ҳайвоне, ки дар тақвими «Мучал» вуҷуд дорад, хосиятҳое қоил ҳастанд. Чун мардуми мо мусалмонанд, ин ҳайвонҳоро ба ду гурӯҳ – ҳаром ва ҳалол ҷудо кардаанд. Аз он ки мусалмонон хукро ҳаром медонанд ва ин махлуқро дӯст намедоранд, ҳангоми истифода аз тақвим номи ӯро хубон мегӯянд.
Соли 2019 соли хук ё хубон аст. Мардуми дунё ба соли хубон як силсила хосиятро марбут медонанд. Ин сол чӣ гуна аст? Онҳое, ки дар ин сол ба дунё омадаанд, чӣ хислат доранд? Хубон ба зиндагии мо чӣ таъсир дорад? Ба ин суолҳо мо аз нуқтаи назари боварҳои мардумӣ, хоса чиноӣ, посух хоҳем гуфт.
Хук ҷангҷӯйи ҷавонмард, баландҳиммат, далер, побанди расму оин, ёвар, меҳрубон, сахтгир нисбат ба иштибоҳот аст. Метавонед ба ӯ бовар кунед, вай ҳеҷ гоҳ аз бовари шумо суиистифода нахоҳад кард. Ӯ сода, бериё ва итминонбахш аст. Агар ба ӯ ситам кунанд, бепаноҳу бедифоъ ва каме содалавҳ буданаш ошкор мегардад. Яъне хукро ба осонӣ фиреб менамоянд. Вай иштибоҳоти худро бо матонат мепазирад ва нисбат ба иштибоҳи дигарон сабур ва бурдбор аст.
Аммо ҳаргиз наметавонад рақобатҷӯ бошад. Инсофи хук ба ӯ иҷоза намедиҳад, ки худро бартар аз дигарон бинад. Ӯ ҳамвора аз худ мепурсад, ки дар корҳояш садоқати лозимро доштааст ё не.
Хук то ба ҳадди боварнокарданӣ содиқ ва бериёст, то ҷое ки гоҳе мумкин аст ба худ садама бизанад. Ӯ дар баробари бадқавлии дигарон наметавонад коре кунад. Хеле кам дурӯғ мегӯяд ва он ҳам дар мавридҳое, ки мехоҳад худро аз хатар бираҳонад.
Хук боҳуш аст. Аммо дар мавриди масоили молӣ кундзеҳн мебошад ва ноогоҳона амал мекунад. Ӯ дар баробари дурӯёну фиребкорон оҷиз аст.
Зодагони соли хук фурӯшандаи дурусткоранд, ки ба сахтӣ тан ба бохт медиҳанд. Онҳо бо эътиқоде қавӣ гуфтаҳои дигаронро бе ҳеҷ пурсиш мепазиранд. Аммо дар қабул кунонидани ҳарфи худ ба дигарон дучори мушкил мегарданд.
Хук дӯсту шарики беҳамтост. Ӯ маъмулан камҳарф аст. Вале агар тасмим ба ҳарф задан бигирад, ҳеҷ чиз наметавонад монеи ӯ шавад.
Хук низ ҳамчун маймун боҳуш ва ташнаи дониш аст. Ӯ алоқаи зиёде ба мутолиа дорад. Хук бомаълумот ба назар мерасад, аммо дар ҳақиқат бахши умдаи маълумоти ӯ сатҳӣ аст. Ин чиз ҳам воқеият дорад, ки хук пулпараст ва аксар вақт шаҳватрон мешавад, дар пушти зоҳири фиребандаи ӯ иродаи қавӣ ва қудрати фаровон пинҳон аст. Ӯ ҳар ҳадаф, орзу ё коре душвор дошта бошад, ҳам бо шоистагӣ анҷом медиҳад. Ин қудрат зодаи неру ва қобили эътимод аст. Қудрате, ки ҳеҷ чиз тавони баробариро бо ӯ надорад.
Вақте ки хук тасмиме бигирад, ҳеҷ чиз наметавонад садди роҳи ӯ бишавад. Аммо пеш аз тасмимгирӣ муддати тӯлонӣ ҳама ҷонибро месанҷад, то ҷое ки ба бетадбирӣ муттаҳам мешавад.
Ҳаргиз аз рӯи зоҳири заифи хук дар борааш қазоват накунед. Чаро, ки ин заъфи зоҳирӣ сирф аз рӯйи сулҳталабии ӯст.
Хук дӯстони андаке дорад, аммо ононро то поёни умр ҳифз хоҳад кард ва аз ҳеҷ фидокорӣ дар ҳаққи онон кӯтоҳӣ намекунад.
Занони мутаваллиди соли хук ошиқи меҳмонӣ рафтан, дар миёни ҷамъият худнамоӣ кардан ҳастанд. Онҳо дар хонадорӣ беназиранд.
Хук ҳамеша дар баҳс роҳи фирор меҷӯяд ва вонамуд мекунад, ки ақидаашро тағйир додааст, то худро дучори заҳмату дарди сар накунад. То замоне ки ба ӯ маъқул нашавед, дари суҳбатро боз намекунад ва хомӯширо авло медонад.
Хук дар ҳар шароите метавонад кор кунад, зеро ҳушёрӣ ва тавоноияш дар анҷоми корҳои сахт аз ӯ одами муваффақе месозад. Ҳамчунин, ба иллати ҳассосияти фаровонаш дар шеър ва адабиёт низ муваффақ аст.
Хук метавонад ба осонӣ ба сагҳо наздик шавад. Вай ҳар шуғлеро, ки интихоб кунад, метавонад зиндагии худро таъмин созад. То зинда аст дигарон ба ӯ кумак мекунанд ва аз ҳамин роҳ мумкин аст бисёр сарватманд шавад.
Дар Машриқзамин машҳур аст, ки мегӯянд: мардум ба хук кумак мерасонанд, хӯрок медиҳанд, ӯро фарбеҳ мекунанд то шоми беҳтаре барои шаби соли нав дошта бошанд. Аз ин рӯ, хук бисёр муҳофизакор аст ва ба ҳеҷ кас эътимод намекунад. Мумкин ин гуфта дуруст бошад, вале шакке нест, ки мардум аз зудбоварӣ ва содагии хук суиистифода менамоянд.
Дар бораи зиндагии ошиқонаи ӯ низ сухан бисёр аст. Вай аксар вақт фиреб мехӯрад, ноумед мешавад, иштибоҳ мекунад ва ҳамеша ошиқ боқӣ мемонад.
Хук бояд аз мор фосила бигирад, чаро ки мо ӯро асир ва бардаи худ мекунад ва ончунон ба даври ӯ ҳалқа мезанад ва ӯро мефишорад, ки тавони ҳар ҳаракатеро аз ӯ мегирад. Вуҷуди хук барои гӯсфанд муфид аст.
Даврони кӯдакии хук дар оромиши комил сипарӣ мешавад. Дар даврони ҷавонӣ мушкилоти хонаводагӣ ӯро дар бар мегирад. Аммо хук хиҷолатӣ аст ва барои мушкилоташ аз касе дархости кумак нахоҳад кард. Ӯ мекӯшад худ мушкилоташро ҳал кунад.
Муҳимтар аз ҳама, соли хук фаровонӣ мешавад.
ВОРИС, «Садои мардум»