СОЛИ РАВОН ДАР 3873 ЛАГЕР 318 000 НАФАР БОЯД БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА ШАВАНД

№68 (3548) 26.05.2016

Таълиму тарбияи насли наврас ва солимгардонии онҳо дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро ояндаи кишвар аз онҳо вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ҳар сол  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истироҳати бофароғату солимгардонии кӯдакону наврасон чораҳои зарурӣ  меандешад. Имсол низ дар нимаи аввали моҳи июн кушодашавии лагерҳои тобистонаи истироҳатию солимгардонии кӯдакону наврасон дар назар аст.

Нақшаи омодагӣ ба истироҳати тобистонаи соли 2016 дар сатҳи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ташкилотҳои иттифоқи касаба барои фаро гирифтани кӯдакону наврасон тартиб дода шудааст. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016» — ро Шӯрои  генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани мавсими солимгардонии кӯдакону наврасон нақшаи чорабиниҳо тартиб дод.

Бо мақсади иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилотҳои иттифоқи касаба вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ корҳои омодагиро дар  истироҳатгоҳҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ барои қабули кӯдакону наврасон  дар муддати кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

Бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ барои беҳтару хубтар гузаронидани мавсими истироҳати бофароғати бачаҳо ситоди «Тобистон — 2016» ташкил шудааст. Масъулини он доир ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта, хоса сари вақт гирифтани санади назоратӣ, хулосаҳои ниҳодҳои давлатии беҳдоштию  вогирӣ, хадамоти оташнишонӣ дастурҳои  мушаххас пешниҳод карданд.

Самти дигари фаъолияти ситод бо кадрҳои зарурӣ, аз ҷумла сарварони лагерҳо, мураббиҳо, мутахассисони соҳаи тиб, омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъмин намудани лагерҳои истироҳатӣ мебошад. Имсол дар ҷумҳурӣ ташкил намудани 3873 лагери фароғати меҳнатӣ, аз ҷумла 2839 лагери беҳдошти наздимактабӣ, 80 лагери беруназшаҳрӣ, 415 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 334 лагери варзишию  солимгардонӣ ва 201 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ пешбинӣ шудааст, ки бояд беш аз 318 ҳазор нафар кӯдаку наврасро ба истироҳат фаро гиранд.

Дар 39 лагери наздимактабӣ ва 14 лагери  беруназшаҳрии ноҳияҳои шаҳри Душанбе 6068 нафар мактаббача истироҳат хоҳанд намуд.

-Тибқи нақша 27- 28 майи соли равон  дар истироҳатгоҳи «Ширкент»- и шаҳри Турсунзода бо иштироки сардорон ва мутасаддиёни лагерҳои истироҳатии мактаббачагон семинари ҷумҳуриявии машваратӣ — методӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории он дар сатҳи баланд ташкил кардани истироҳати хушу гуворои кӯдакону наврасон дар мавсими имсола  мебошад, — гуфт дар суҳбат Муҳаммадалӣ Афғонов, — директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ» -и Вазорати маориф ва илм.

А. МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»